Мақомоти Украина баъд аз панҷ моҳ ҷузъиёти тозае аз охирин дақиқаҳои парвози ҳавопаймои ин кишварро нашр карданд, ки ҳадафи ҳамлаи мушакҳои Сипоҳи посдорони Эрон қарор гирифт.
Ҳавопаймои "Боинг"-и Украина рӯзи 8-уми январ дар авҷи таниши Эрон ва Амрико дар пасманзари қатли фармондеҳи нерӯи "Қудс" Қосим Сулаймонӣ, бо 176 мусофир ва ҳайати парвоз, дар наздикии Теҳрон сарнагун шуд.
Александр Рувин, раиси муассисаи таҳқиқоти пизишкии Украина ба расонаҳои ин кишвар гуфт, далелҳо нишон медиҳанд, ки мусофирони ҳавопаймои украинӣ пеш аз бархӯрди ду мушак ба ҳавопаймо аз курсиҳои худ хеста буданд.
Ба гуфтаи ин мақоми Вазорати додгустарии Украина, бар асоси қоидаҳои парвоз, то баланд шудани ҳавопаймо ба масоҳати 4 ҳазор метр мусофирон бояд камарбандҳои худро баста ва дар ҷойҳои худ нишаста бошанд. Дар ҳоле, ба гуфтаи Рувин, аз боқимондаи ҳавопаймои сарнагуншуда танҳо чаҳор адад аз курсиҳои мусофирон пайдо шуд, ки эҳтимол меравад танҳо ҳамин чаҳор мусофир дар ҷойи худ нишаста буданд. Ин дар ҳоле аст, ки дар дохили ҳавопаймо 167 нафар парвоз мекард.
Ба гуфтаи Александр Рувин, аз далелҳои тоза ба дастомада чунин бармеояд, ки пеш суқути ҳавопаймо, ваҳшате дар дохили он ва байни мусофирон ҳукмфармо буд. "Дохили ҳавопаймо дар ҳоли оташсузӣ буд ва аз сӯрохиҳои пайдошуда дар танаи ҳавопаймо дуди сиёҳ меомадааст" - мегӯянд ин мақоми украинӣ.
Ба гуфти Александр Рувин, пас аз партоби мушакҳои сипоҳ, ҳавопаймои украинӣ тақрибан 3,5 дақиқа дар осмон буд ва пас ба замин бархӯрдааст.
Мақомҳои Эрон дар се рӯзи аввали ҳодиса партоби мушак ба ин ҳавопайморо инкор карданд ва суқути онро "нақзи фаннӣ" гуфтанд, вале пас аз вокуниши густурдаи ҷаҳонӣ ба ин қазия, Ситоди муштараки нерӯҳои мусаллаҳи Эрон рӯзи 11-уми январ эълом кард, ки ҳавопаймо иштибоҳан сарнагун карда шудааст. Мақомҳои эронӣ гуфтанд, ду мушаки сипоҳ дар фосилаи тақрибан 30-сонияӣ ба ҳавопаймои украинӣ партоб шудааст.
Ҷумҳурии исломӣ то кунун иҷозат намедиҳад, ки қуттиҳои сиёҳи ҳавопаймо аз сӯи ҷомеаи байналмилалӣ таҳқиқ шавад. Эрон талаб кардааст, ки дастгоҳи хондани қуттиҳои сиёҳ ба ин кишвар дода шавад, аммо Канада, Украина ва давлатҳое, ки шаҳрвандонаш дар ин садама ҷон доданд, хостори он шуданд, ки қуттиҳои сиёҳ барои хондан ба Аврупо интиқол ёбад.
Дар ҳоле ки Теҳрон мегуяд, "таҳқиқоти густурда ва дақиқ" дар робита ба сарнагунии парвози ҳавопаймони украинӣ идома дорад, вазири хориҷаи Украина ҳушдор дод, ки дар сурати сарпечӣ аз ҳамкорӣ, Эрон ба фишор аз сӯи тамоми кишварҳое рубарӯ мешавад, ки дар ин қазия шаҳрвандонаш ҷон додаанд.
Бо ин вуҷуд, Дмитрий Кулеба, вазири корҳои хориҷии Украина ахиран гуфт, талош мекунанд, "пулҳоро насӯзонем ва саъй мекунем бо ҷониби Эрон ба тавофуқ бирасем."
Аммо Кулеба таъкид кардааст, ки иҷоза нахоҳад дод, таҳқиқи қазияи сарнагун шудани ҳавопаймои украинӣ бидуни натиҷаи қобили қабул тамом шавад.
Корбарони азиз!
Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!