Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанҷоли Ворух. "Ротатсия" ҳамчун роҳи гурез аз ҷазо?


Кӯчаи марказии Ворух

Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд Шерзод Пиронзода корманди милисаи минтақавии Шуъбачаи корҳои дохилии Ворухро, ки номаш пас аз як моҷарои занозании ӯ бо сокини солманди ин минтақа расонаӣ шуд, ба рои кор ба ШКДи ноҳияи Ашт гузарондааст.

Моҷарои занозании Шерзод Пиронзода бо сокини ҷамоати Ворух Ислом Аҳмедов ва ҳамсари ӯ дар пеши чашми даҳҳо нафар рӯй дода, рӯзи 10-уми июн дар Ютюб нашр шуд ва баёнияи фаъолони ҷомеаро ба миён овард. Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии зидди шиканҷа ва беҷазоӣ бар пояи шикояти сокинони Ворух аз Додситонии шаҳри Исфара ва ВКД Тоҷикистон таҳқиқи ҳодиса ва додани баҳои ҳуқуқӣ ба рафтори Шерзод Пиронзодаро тақозо кард. Қаблан додситонӣ гуфта буд, ки қазияро таҳқиқ мекунад.

Сокини Ворух, Ислом Аҳмедови 61-сола, худро ҷабрдида мешуморад, мегӯяд, интизори инро дошт, ки ин афсар аз сафи неруҳои умури дохилӣ ронда хоҳад шуд. Намояндаи

Дафтари матбуоти Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд рузи 9 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, Шерзод Пиронзода бар асоси як ротатсия ё ҷойивазкунии кадрҳо ба ноҳияи дигар фиристода шуда, “вале дар айни замон вай ва дигар кормандони милисаи навоҳии вилоят аз санҷиш гузашта истодаанд ва баъд ҷобаҷо карда мешаванд”.

Аммо Ислом Аҳмедов рӯзи 9 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, "Пиронзода баъди бадрафторию бадахлоқие, ки дар пеши чашми мардум ба ман ва ҳамсарам раво дид чӣ гуна дар соҳаи милиса боқӣ мондааст. Магар бо ин роҳ ислоҳоте ҷараён мегирад?"

Гулчеҳра Ашӯрова, намояндаи Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии зидди шиканҷа ва беҷазоӣ рӯзи 9-юми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ба паёмҳои расмии ин ниҳод на Додситонии шаҳри Исфара ва на Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд то ҳол посух надодаанд. "Мо мунтазири ҷавоби онҳо мешавем, ки бигӯянд, чӣ чора дидаанд", афзуд Гулчеҳра Ашӯрова. Аз рӯзи ирсоли номаҳо ду ҳафта гузаштааст.

Ислом Аҳмедов мегӯяд: “Ман ва ҳамсарам шикоятамонро давом медиҳем то замоне, ки муҷозот шаваду аз ин соҳа дур карда шавад”. Вай меафзояд;”баъди чунин рафтори як нозири тартибот бемории қандам вазнинтар шуд ва ба 13 дараҷа расидааст, бистарӣ шудам ва давраи табобат харҷи бисёр кардам. Вазъи равонии ҳамсарам ҳам хуб нест”.

Ҳуқуқшиноси собиқадор Солеҳҷон Ҷураев мегӯяд: “Агар дар ҳақиқат шоҳидон бошанд ва воқеа дар пеши чашми мардум сар зада бошад, милиса, ки шахсро зад ва занозанӣ кардааст, на ин ки аз кор ронда мешавад, балки бо моддаи 316 Кодекси ҷиноятӣ барои баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансаб ҳатман ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад. Вале агар ӯро ба ҷои ҷазо "ротатсия" карда бошанд, маълум мешавад, ки дар ин система пуштибон дорад."

Худи Шерзод Пиронзода ба зангҳои Радиои Озодӣ ҷавоб надод, вале пеш аз ин ба мо гуфта, "навори видеоӣ як сохтакорист" ва ҳама чизе, ки дар борааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯянд “туҳмат аст". Вай рӯзи 22-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфта буд: “Шумо наворро дидед, дар онҷо 50 нафар ҷамъ шуда буд ва онҳо ҳама шоҳид ҳастанд, вале навор ихтисор карда шудааст. Вай пирамард Ислом бо ман хусумати пешина дорад. Ман 34 сол аст, дар системаи милиса кор мекунам.”

Шарҳҳоро бинед (15)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG