Мақомоти Покистон гуфтанд, ки дар натиҷаи суқути ҳавопаймои мусофирбар дар шаҳри Карочӣ 97 нафар ҳалок шудаанд. Мақомоти идораҳои беҳдоштӣ рӯзи 23-уми май гуфтанд, ки фақат ду нафар дар ин фалокат зинда мондаанд. Ҳавопаймое, ки рӯзи 22-уми май сарнагун шуд, 91 мусофир ва ҳашт халабон доштааст.
Бино ба гузоришҳо, дар маҳалли суқут, ки маҳалли аҳолинишине будааст, чанд нафар ҳалок шудаанд, вале теъдоди онҳо ҳануз маълум нест. Ҳавопаймои Аэробус А320 мутааллиқ ба Ширкати Байналмилалии Ҳавопаймоии Покистон рӯзи 22-уми май ҳангоми наздикшавии дубора дар назди Фурудгоҳи Байналмлалии Ҷинна сарнагун шуд.
Муҳаммад Зубайр, яке аз бозмондагони фалокат ба телевизиони Гео дар Покистон гуфт, ки ҳавопаймо як бор вақти фуруд ба замин расида ва дигарбора ба ҳаво бархостааст. Баъд аз 10 дақиқа халабон эълон кардааст, ки онҳо дигарбора саъй мекунанд, ҳавопаймо биншинад, вале ҳавопаймо ба хати фуруд нарасида суқут кардааст. Эъҷоз Аҳмад Шоҳ, вазири умури дохилии Покистон гуфтааст, ки ҳавопаймо дучори мушкили фаннӣ шудааст ва як муҳаррикаш аз кор мондааст. Таҳқиқи сабабҳои фалокатро оғоз кардаанд.