Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон ва Ӯзбекистон низои марзиро ҳамроҳ таҳқиқ мекунанд


Дар ин низоъ дар Сух се хона сӯзонда шуданд
Дар ин низоъ дар Сух се хона сӯзонда шуданд

Қубодбек Боронов, ноиби аввали сарвазири Қирғизистон ва Абдулло Орифов, сарвазири Ӯзбекистон мулоқот карданд.

Аз ҳукумати Қирғизистон хабар доданд, ҷонибҳо низои ахири марзии байни деҳаҳои Қирғизистону Ӯзбекистонро баррасӣ ва хостори таҳқиқи якҷояи ҳодисаи рухдода шуданд.

Ду мақомдори Ӯзбекистону Қирғизистон содиқ мондан ба созишҳои аз қабл ҳосилшударо ёдовар шуданд ва ҳамчунин ба ҷавобгарӣ ҷалб кардани омилони низоъро ваъда доданд.

Дар вилояти Бодканди Қирғизистон, ки бо ҷазирақаламрави Сӯхи Ӯзбекистон ҳаммарз аст, 31 май миёни сокинони ду кишвар низоъ сар зад. Ҷонибҳо ба самти якдигар санг ҳаво дода, чанд хона низ аз ҳар ду ҷониб сӯхт. Дар бораи захмиён низ хабар дода мешавад.

Дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Ботканд хабар дод, ки муноқиша соати 12:30 байни сокинони деҳаи қирғизии Чечме ва сокинони маҳаллаи Чашмаи Сӯх бархостааст. Ба гуфтаи манбаъ, ҷанҷоли лафзӣ дар бораи онки чашма ба кӣ тааллуқ дорад, ба муноқишаву сангандозӣ ва хушунат печидааст.

XS
SM
MD
LG