Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ амр дод, Маҳмурод Одинаевро ду моҳ ҳабс кунанд. ВИДЕО


Маҳмурод Одинаев

Додгоҳи шаҳри Ҳисор Маҳмурод Одинаев, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистонро ба ду моҳ ҳабси пешакӣ маҳкум кардааст.

Ин дар ҳолест, ки Раҳматилло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократ рӯзи 7 уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, Одинаев то ҳанӯз вакили дифоъ надорад. Ҷузъиёти мурофиа ва риоя шудани ҳуқуқи ӯ ба ҷомеа маълум нест.

Одинаев рӯзи шанбеи 5-уми декабр аз сӯи маъмурони пулис дар ҳудуди шаҳри Душанбе боздошт шуд. Мақомот ӯро ба авбошӣ муттаҳам карданд, ҳарчанд бархеҳо боздошти ӯро ба фаъолиятҳои сиёсиаш рабт медиҳанд.

Як намояндаи Додгоҳи шаҳри Ҳисор рӯзи 7-уми декабр бо шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, Маҳмурод Одинаевро бо талаби додситонӣ ба ҳабси пешакӣ гирифтанд. Ба гуфтаи манбаъ, Одинаев давоми ду моҳ дар ҷараёни тафтиши парвандааш дар боздоштгоҳ мемонад ва эҳтимолан муҳлати боздошти ӯ боз дароз карда шавад.

Додгоҳи Ҳисор амр дод Маҳмурод Одинаев ду моҳ ҳабс шавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:20 0:00

Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 5-уми декабр ба думболи боздошти Маҳмурод Одинаев гуфт, нисбати ӯ бо қисми дуюми моддаи 237, яъне авбошӣ парванда боз кардаанд. Аз рӯи ин иттиҳом ба Одинаев то 116 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё то панҷ соли зиндон таҳдид мекунад.

Худдории мақомот аз пешниҳоди маълумоти бештар дар бораи қазияи Маҳмурод Одинаев норӯшаниҳоро дар ин робита бештар кардааст. Аз ҷумла инки чаро Маҳмурод Одинаев рӯзи 29-уми октябр бо масъулини комисариати ҳарбии Ҳисор ба хотири “зӯран овардани писараш” баҳси лафзӣ дошт, аммо баъди қариб як моҳ ӯро кофтукоб карданд. Он ҳам баъд аз онки Маҳмурод Одинаев аз тасмимаш барои гузарондани тазоҳурот дар маркази Душанбе хабар дод.

Дар хабарномаи Додситонии кулли Тоҷикистон гуфта мешавад, ки Маҳмурод Одинаев рӯзи 29-уми октябр ҳамроҳ бо собиқ ҳамсараш Меҳринигор Ризоева “бо баҳонаи он, ки кормандони комиссариати ҳарбӣ ғайриқонунӣ ва беасос писари ӯ, Одинаев Ҳоҷиакбар Маҳмуродовичро ба хизмати ҳарбӣ даъват кардаанд, дидаю дониста дар муддати тахминан 30-40 дақиқа тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, нисбати намояндагони ҳокимияти давлатӣ таҳдид, зӯроварӣ ва суханҳои қабеҳро раво дидааст.”

Аммо наздикони Маҳмурод Одинаев мегӯянд, онҳо ба хотири зӯран ба комиссариат бурдани Ҳоҷиакбар Одинаев норозигӣ карданд.

Меҳринигор Ризоева, ҳамсари пешини Маҳмурод Одинаев мегӯяд, рӯзи 29-уми октябр кормандони комисариати Ҳисор Ҳоҷиакбарро зӯран аз кӯча гирифта, мехостанд ӯро ба артиш баранд.

“Ҳамсоя омад, ки писаратро қапида бурданд. Пиёда ба комиссариат рафтам, ки вай касал аст. Баъд Ҳоҷӣ (Маҳмурод Одинаев) омад. Ӯ гуфт, ки шумо медонед, ки писари ман дардманд аст, чаро ӯро латту куб карда меоред? Дар сари кӯча як гуруҳ одам, шумо махсус писарамро аз миёни ҳамин қадар одам қапида меоред. То соати 8-9 ташхис карданд, ки касал аст, ҷавоб доданд,”-гуфт хонум Ризоева.

Дар наворҳое, ки Маҳмурод Одинаев рӯзи 29-уми октябр дар саҳифаи фейсбукиаш нашр кард, дида мешавад, ки ӯ бо маъмурони Комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор баҳс дорад. Дар ин наворҳо Одинаев аз он норозигӣ дорад, ки чаро писарашро зӯран дастгир кардаанд.

Баъд аз ин ҳодиса, то рӯзи 20-уми ноябр, Маҳмурод Одинаев дар озодӣ буд, вале баъд аз он нопадид шуд. Дар хабарномаи Додситонии кул омадааст, ҳанӯз 20-уми ноябр нисбати Маҳмурод бо гумони "авбошӣ" парванда кушодаанд. Мақомот то ҳол расман нагуфтаанд, ки чаро парванда нисбати Маҳмурод Одинаев бо гузашти қариб як моҳ аз баҳси ӯ дар назди комисариат боз шудааст.

Танҳо як масъули идораи пулиси шаҳри Ҳисор рӯзи 7-уми декабр бидуни зикри номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, баъд аз ҳодисаи рӯзи 29-уми октябр комиссари ҳарбии шаҳри Ҳисор нисбати Маҳмурод Одинаев шикоят кардааст.

Ба гуфтаи ин масъули ШКД-и Ҳисор, онҳо чанд бор ба Маҳмурод Одинаев даъватнома фиристоданд, аммо ӯ ҳозир нашуд.

“Даъватнома равон кардем, занг задем, одам равон кардем наомад. Вақте ҳозир нашуд мо барои маҷбур овардан рафтем, вале ӯро пайдо накардем,”--гуфт манбаъ.

Маҳмурод Одинаев, ки бештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз мақомоти Тоҷикистон интиқод мекард, баъд аз чанд рӯзи дархости ташкили гирдиҳамоӣ дар маркази Душанбе "нопадид шуд". Мухолифон тахмин мезаданд, ки эҳтимол ӯ дастгир шудааст.

Одинаев рӯзи 4-уми декабр тавассути Раҳматилло Зойиров хабар дод, ки дар озодӣ аст, вале ҳангоми амалиёти маъмурони интизомӣ дар хонааш фирор кард ва пойҳояш ҷароҳат бардоштанд. Ӯ гуфтааст, дар як макон захмҳояшро табобат мекунад.

Як рӯз баъд аз нишасти хабарии Раҳматилло Зойиров мақомот Маҳмурод Одинаевро боздошт карданд. Зойиров рӯзи 5-уми декабр гуфт, “ба эҳтимоли зиёд ӯро тавассути як ёрдамчиаш ёфтаанд, ки дар назди Маҳмурод Одинаев буд". Раиси ҲСДТ рӯзи 7-уми декабр мушаххасан аз ин ёрдамчии Одинаев ном набурд.

Маҳмурод Одинаев, ки пештар ба ҳимоят аз ҳуқуқи зиндониён машғул буд, чанд соли охир ҳамчун муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократ фаъолият дорад. Ба гуфтаи пайвандонаш, рӯзи 20-уми ноябри имсол ва баъд аз дархости гирдиҳамоӣ дар маркази Душанбе нопадид шуд.

Баъд аз эълони баргузории тазоҳурот дар маркази Душанбе, як маъракаи бадномкунӣ нисбати Одинаев дар шабакаҳои иҷтимоӣ оғоз шуд. Дар наворҳое, ки аз сӯи саҳифаҳои моил ба мақомот нашр шуд, Маҳмурод Одинаевро ба фиребгарӣ ва иғвоандозӣ муттаҳам карданд.

Маҳмурод Одинаев ягона узви баландпояи Ҳизби мухолифи сотсиал-демократ нест, ки дар солҳои ахир боздошт мешавад. Пеш аз ин мақомот Бузургмеҳр Ёров ва Шуҳрат Қудратов, аз фаъолони ҲСДТ-ро боздошт карда буданд. Ёров ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуда, Шуҳрат Қудратов баъди қариб чаҳор соли зиндон озод шуд.

ҲСДТ танҳо ҳизби мухолиф дар кишвар аст, ки пайваста аз тасмимгириҳои мақомот интиқод мекунад. Ин ҳизб интихоботи президентии моҳи октябрро дар Тоҷикистон таҳрим карда ва натиҷаашро напазируфта буд.

Гуруҳҳои моил ба мақомот дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳбарони ин ҳизбро барои, ба гуфтаи онҳо, "танқиди беҷо" ва "нодида гирифтани пешрафтҳо" айбдор мекунанд.

Шарҳҳоро бинед (16)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG