Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғуруби "хуршедгунаҳо". Ғампораҳо дар сӯги профессор Баҳриддин Камолиддинов


Профессор Баҳриддин Камолиддинов

Хабари даргузашти забоншинос, профессор Баҳриддин Камолиддинов, рӯзи 13-уми май бисёриҳоро ғамгин кард. Як нигоҳи кӯтоҳ ба шабакаҳои иҷтимоӣ нишон дод, ки устод даҳҳо шогирди хушном ва садҳо ҳамандешу ҳаводори қадрдон доштаанд. Онҳо хислатҳои инсонӣ ва рисолати рӯшангарии Баҳриддин Камолиддиновро сутудаанд.

Дар ин шарораи хотираҳо симои ӯ ҳамчун устоди сахтгир, вале ҳамзамон нарм, пуштибони оштинопазири покизагии забон, лек ҳамзамон эҳтиромгузоранда ба ақидаи дигарон ва ба гуфтаи донишманди тоҷик Сафар Абдуллоҳ, "инсоне дар кори худ савор, муаллиме хайрхоҳ, рӯшанфикре ширингуфтор" падид омад.

Баҳриддин Камолиддинов шаби гузашта дар 84-солагӣ аз бемории ҳамагири COVID-19 даргузашт. Рӯзе қабл духтари 53-солааш аз ин беморӣ ҷон дод. Маълум нест, беморӣ ба онҳо чӣ гуна сироят кардааст, вале наздиконаш гуфтанд, ӯ бештар дар шароити хона табобат мегирифт ва танҳо рӯзҳои охир дар бемористон бистарӣ гашт.

Забоншиноси маъруф аз соли 1959 дар донишгоҳ кор карда, дар ин муддат ба ҳазорон нафар дарс гуфтааст. Аксари онҳое, ки аз маргаш андӯҳгин буданд, низ касоне ҳастанд, ки дар солҳои Шӯравӣ ва ё баъди он аз дарсҳояш баҳра гирифтаанд.

Шоир ва рӯзноманигор, Эҳсони Зарвон, мегӯяд, профессор Камолиддинов "ба унвони як инсони комил ва инсондӯст таҳаммули шунидани назарҳои мухолифро доштанд, ҳатто назарҳои мухолифи донишҷӯёни худро, агарчи аз назари худ шадидан ҳимоят мекарданд."​

Суҳбатҳои профессор дар бораи забон, одоби муошират, имло ва тарзи баён солҳои охир аз доираи танги синфхонаҳои донишгоҳ фаротар рафта, афроди зиёде аз ширкати эшон дар намоишҳои телевизионӣ ситоиш мекунанд. Профессор Баҳриддин Камолиддинов аз ҳамсуҳбатони доимии барномаҳои Радиои Озодӣ низ буда, соли 2005 дар бораи забони расонаҳои хабарии тоҷикӣ мегуфт: "Шурӯъ аз нимаи дуввуми солҳои 80-и асри бист, дар матбуоти мо вожасозӣ маъмул гардид, ки ҳар расона ҳар истилоҳро ба гунаи худ мавриди истифода қарор медод. Ва ин раванд то ҳол идома дорад, ки як корхона ё вазоратхонаро бо чанд тарз мегӯянду менависанд. Яъне ифодаву истилоҳоти ягона ва умумӣ барои расонаҳои хабарии мо, ба вежа барои радио то ҳол вуҷуд надорад."

Ҳарчанд эшон мустақиман ба баҳси "як забон ё се забон" ё "забонамон тоҷикист ё форсӣ" шарик намешуд, дар он суҳбат гуфта буд: "Забони матбуот, хоса радио бояд барои сокинони ҳар се кишвар ягона бошад. Истилоҳоти фарҳангӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ бояд ягона бошад. Мушкиле, ки усулан барои Эрону Тоҷикистону Афғонистон ҳаст, ҳамин вожаву истилоҳоти расмии фарқкунанда аст. Агар вожаҳо, истилоҳот як бошанд, тасаввур кунед, ки барои мо ҳамзабонон, аз Эрон то Афғонистону Тоҷикистон чӣ қадар олами иттилотӣ фарох мегардад!"

Аз сӯҳбатҳои дигари ӯ ошкор буд, ки кажбаёнии забони матбуотро хуш надошт, вале сабаби онро дарк мекард: "Матлабу хабарҳо таъҷилӣ нашр мешаванд ва фурсат кам аст. Таҳриру тағйир додани сохти ҷумла ва хусусиятҳои услубии ҳар як ҷумларо ба назар гирифтан ин фурсат мехоҳад, вале хабарнигор барои ин фурсат надорад. Ин сабаби объективӣ аст."

Баҳриддин Камолиддинов яке аз муаллифони китоби "Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик" буда, муаллифи даҳҳо мақолаи илмист. Ӯ дар тӯли умри худ пайваста дар мавзӯи сафру наҳви забони тоҷикӣ пажӯҳиш анҷом додааст. Узви Комиссияи татбиқи Қонуни забони назди Ҳукумати Тоҷикистон ва узви ҳайати ислоҳи имлои забони тоҷикӣ низ буд, ҳарчанд солҳои ахир аз зиёд тағйир кардани қоидаҳои имло изҳори нигаронӣ мекард.

Рустами Ваҳҳоб, сардабири маҷаллаи "Садои Шарқ" Баҳриддин Камолиддиновро аз пуштибонҳои покизагии забони тоҷикӣ унвон кард. Ӯ рӯзи 13-уми май дар Фейсбук навишт, "дарсҳои эшон, суҳбатҳо ва хитобаҳои мавсуф дар ин мавзӯъ фаротар аз ҳадди як суханронии одӣ, балки як саҳнаи омехта аз илму ҳунар буд, ки мухотабро ҳаргиз бетараф ва бетафовут намегузошт. Устоди гиромӣ бо ёду иштиёқи забони модарӣ нафас мекашиданд ва дилашон ба шеваи он метапид."

Камолиддинов аз оғози 2000-ум ба тарзи дурусти навишти калимаву ҷумлаҳо дар матбуоти Тоҷикистон пардохт ва дар ин замина китоби "Сухан барои дигарон гӯянд"-ро ба нашр расонд. Академик Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёвари раиси ҷумҳури Тоҷикистон, фавти Баҳриддин Камолиддиновро барои илми тоҷик талафоти бузург номид.

Вай гуфт: "Бештаре аз забоншинсони тоҷик аз мактаби устод гузаштаанд. Солҳои ахир ба фаъолияти рӯзноманигорон таваҷҷӯҳ карда, кори онҳоро таҳти назорат қарор дода буданд. Муҳим, барои хабарнигорон аз услубшиносӣ дарс гуфта, онҳоро дар истифодаи дурусти вожаҳо тарбият мекарданд. Дар ин замина низ устод нақши бузург доштанд."

Баҳриддин Камолиддинов 8-уми октябри соли 1935 дар деҳаи Понғози ноҳияи Ашт таваллуд шудааст. Ӯ баъд аз хатми факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳозира ДМТ) корро ба ҳайси ассистенти кафедраи забони тоҷикии ин донишгоҳ шуруъ кардааст. Соли 1966 рисолаи номзадӣ ва соли 1988 рисолаи докториашро дифоъ намуд.

Профессор Баҳриддин Камолиддинов солҳо мудири кафедраи услубшиносии факултаи рӯзноманигорӣ буд ва ба хабарнигорон ҷавон дарс мегуфт.

Баҳриддин Камолиддинов дар қабристони "Сари Осиё"-и Душанбе, канори ҳамсараш дафн карда шуд. "Бадбахтона, аз меҳани мо боз як хирадманд рахти сафар баст. Вақте хуршедгунаҳо мераванд, ҳаво сард мешавад...", навишт Сафар Абдуллоҳ дар рӯзи дафни ӯ. ​

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (11)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG