Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Забоншиноси маъруф Баҳриддин Камолиддинов ва фарзандаш дар як рӯз фавтиданд


Баҳриддин Камолиддинов, устоди факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар моҳи июли соли 2017

Баҳриддин Камолиддинов, устоди факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва аз забоншиносони шинохтаи кишвар, дар 84-солагӣ аз бемории COVID-19 даргузашт. Наздиконаш мегӯянд, донишманди тоҷик як ҳафтаи ахир аз бемории ҳамагири COVID-19 ранҷ мекашид ва асосан дар хона табобат мегирифт.

Ба гуфтаи наздиконаш, ҷасади ӯро дар оромгоҳи "Сариосиё"-и Душанбе дар канори ҳамсараш дафн карданд. Гулнора Камолиддинова, духтари 53-солаи забоншиноси шинохта ҳам як рӯз қабл вафот кардааст ва марги ӯ низ аз сирояти коронавирус гуфта мешавад.

Дӯстони Баҳриддин Камолиддинов гуфтанд, баъзе аз аъзои дигари оилаи ӯ низ беморанд. Маълум нест, ки ин беморӣ аз кӣ ба онҳо сироят кардааст.

Баҳриддин Камолиддинов 8-уми октябри соли 1935 дар деҳаи Понғози ноҳияи Ашт таваллуд шудааст. Ӯ баъди хатми факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳозира ДМТ) корро ба ҳайси ассистенти кафедраи забони тоҷикии ин донишгоҳ шуруъ кардааст. Соли 1966 рисолаи номзадӣ ва соли 1988 рисолаи докториашро дифоъ намуд.

Профессор Баҳриддин Камолиддинов солҳо мудири кафедраи услубшиносии факултаи журналисти буд ва ба рӯзноманигорони ҷавон дарс мегуфт.

Камолиддинов аз ангуштшумор забоншиносоне буд, ки аз имлои нави забони тоҷикӣ интиқод мекард. Ӯ моҳи октябри соли 2019 дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфта буд, баҳсу мунозираҳои чанд соли ахир дар атрофи имлои забон мушкилро бештар кард.

"Шахсан ман ба имлои кӯҳна шинос будам. Акнун калимаи сӯҳбат ё мӯҳтарамро чӣ хел суҳбат ё муътабар, яъне бидуни ӯ (у-и дароз) гуям? Ман тарафдори онам, ки боз ба баъзе қоидаҳое, ки устувор шуда буд, баргардем",--гуфт ӯ. Ҳамзамон ӯ ҳушдор дода буд, ки қоидаҳои сарфу наҳви забон набояд зуд зуд дигар карда шаванд, чун мардум фурсат пайдо намекунанд, ин тағйирҳоро ба хубӣ аз худ намоянд.

Дар яке аз суҳбатҳояш бо Радиои озодӣ профессор Камолиддинов гуфта буд: "Боре фурсат даст доду ман бо донишманди маъруф Ричард Фрай барои ду соат ҳамсӯҳбат шудам. Аз ӯ пурсидам, ки тақдири забонамон чӣ мешавад, дар куҷо пойдор мемонад - дар Эрон, дар Афғонистон ё Тоҷикистон? Ӯ беибо гуфт, ки дар Тоҷикистон ва барои ин чанд далел овард. Далели аввал, ба гуфтаи ӯ, бисёр унсурҳои қадимаи ҳам луғавӣ ва ҳар сарфу наҳв дар Тоҷикистон боқӣ мондааст. Далели дуввуми ӯ ин буд, ки забони "Шоҳнома" назар ба забони форсии Эрон ва дарии Афғонистон бо забони шумо наздиктар аст… Ва далели сеюмаш ин буд, ки тоҷикҳо бумӣ ҳастанд ва ҷилои ватан намекунанд. Аммо дар Афғонистону Эрон аллакай парокандагӣ сар шудааст.."

Оё воқеан, донишҷӯён ба таҳсил таваҷҷӯҳ надоранд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:41 0:00

Шарҳҳоро бинед (33)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG