Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокинони чанд маҳалла дар Кӯлоб аз қарори шаҳрдор эътироз карданд. ВИДЕО


Сокинони бархе аз маҳаллаҳои Кӯлоб аз қарорҳои шаҳрдор барои сохтмони мағоза дар ҷойи бозӣ ва роҳи пиёдагард эътироз карданд.

Моҳи январ бо супориши шаҳрдори Кӯлоб, бо баҳонаи роҳ кушодан ба мошинҳои сӯхторхомушкунӣ, садҳо дарахти атрофи манзилҳои зистро бурриданд. Сокинон мегӯянд, ҳоло бархе аз ҷойҳои холиро мақомот ба соҳибкорон барои бунёди мағоза додааст.

Наворро ин ҷо бубинед.

Сокинони Кӯлоб аз сохтмонҳо дар назди биноҳои истиқоматӣ нигаронанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:32 0:00

Сокинони маҳаллаи Сайфиддин Сангови Кӯлоб қарори шаҳрдор барои бунёд мағоза дар чунин як ҷойро хилофи қонун дониста, талаби бекор кардани онро доранд.

Тағай Набиев, вакили ин маҳалла дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, маконе, ки ҳоло иҷозаи сохтмони мағоза додаанд, аз даҳсолаҳо боз, макони бозии кӯдакон аст.

Ӯ ва дигар сокинонро ду қарори шаҳрдор, яке барои бурридани дарахтон ва дигаре барои иҷозаи сохтмони мағоза ба хашм овардааст.

“Ҳаштод сол мешавад, ки дар ҳамин ҷо мо ободонӣ кардем. Ҳозир бошад, мо ҷойи бозӣ надорем. Ба ҷойи обод кардан вайрон мекунанд. Президент нагуфтааст, ки ҷазир кунед”,--гуфт ӯ.

Дарахтоне, ки бо қарори шаҳрдории Кӯлоб чанд моҳ пеш буррида шуданд, бузургсол буданд ва дар гаромои тобистон сокинонро аз офтоб паноҳ медоштанд.

Сабзагул Қувватова, сокини дигари ин маҳалла мегӯяд, дарахтонро шаб бе огаҳии сокинон бурридаанд.

“Дар бемористон будам. Омадам назди хонаро дида ҳайрон шудам ва аз сардори сохтмончиён пурсидам, ки айбро намедонед, ки дарахтонро кандед”,--гуфт ӯ.

Ҳукумати шаҳри Кӯлоб аввали сол қарори бурридани дарахтони атрофи биноҳоро содир кард. Бо вуҷуди эътирози сокинон, бо баҳонаи “таъмини бехатарӣ”, садҳо дарахти бузургсоли сояафкану ороишӣ буррида шуд.

Он замон шаҳрдор гуфта буд, ки дар ҷойи дарахтон макони фароғатӣ барои кӯдакон ва бузургсолон месозанд.

Қодир Вализода, шаҳрдори Кӯлоб гуфта буд, ки дарахтон монеи таъмири баландошёнаҳо ва сохтмони маконҳои тафреҳӣ низ шудаанд ва бояд буррида шаванд.

“Аз ин рӯ, мо дар мувофиқа бо Кумитаи ҳифзи табиат барои гирифтани онҳо мусоидат кардем ва дар онҷо тасмим дорем, майдончаҳои кудакона ва калонсолон бунёд намоем”,--гуфта буд шаҳрдор.

Сокинони маҳаллаи Ҷаббор Расулов дар Кӯлоб низ аз чунин як тасмими, ба гуфтаи онҳо, нодурусти мақомоти маҳаллӣ норизоянд.

Сокинон иддао доранд, ки мақомот хилофи қонун роҳи пиёдагарди онҳоро ба соҳибкоре барои сохтмони мағозаи фуруши масолеҳи сохтмонӣ додааст.

Шаст сокини ин маҳалла бо аризае аз мақомот хостори қатъи ин сохтмон шудаанд.

Саидшоҳ Камолов, сокини ин маҳалла мегӯяд, дар наздикии ҷойи зисти онҳо бозори фуруши масолеҳи сохтмонӣ аст ва ҳеҷ зарурате набуд, ки роҳи онҳоро барои сохтмони боз чунин як мағоза банданд.

Мақомоти Кӯлоб тасмимҳои худро дуруст ва қонунӣ медонанд.

Ҳоло дар Кӯлоб ба сохтмони мағозаҳо дар маконҳое иҷоза медиҳанд, ки чанде пеш бо баҳонаи тангии роҳ дарахтонашонро буррида буданд.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG