Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон боғча ва мактабҳо таътил, маъракаҳо ва содироти ғизо манъ шуданд. САДО


Дар Тоҷикистон бештар аз 2 миллион кӯдаку наврас дар мактабу кӯдакистонҳо таҳсил мекунанд

Ҳукумати Тоҷикистон эълон кард, ки барои ҷилавгирӣ аз сирояти эҳтимолии бемории КОВИД-19 бештар аз 2 миллион кӯдаку наврасро ба таътили дуҳафтаина мефиристад ва чорабиниҳои оммавиро манъ мекунад.

Вазорати маорифи Тоҷикистон рӯзи 25-уми апрел гуфт, қарори таътили муваққатӣ дар тамоми кӯдакистону мактабҳо ва муаасисаҳои таълимии дигар дар ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз бемории КОВИД-19 дар шаҳри Душанбе қабул шуд.

Дар баёния омадааст, ки "ҷиҳати ҳифзи солимии ҷомеа ва бехатарии аҳолӣ, махсусан кӯдакону наврасон дар муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ шурӯъ аз рӯзи 27-уми апрел то 10-уми майи соли 2020 муваққатан таътил эълон карда шавад."

Вазорат гуфтааст, дар Тоҷикистон 662 кӯдакистон вуҷуд дорад, ки дар онҳо бештар аз 102 ҳазор кӯдак таълим мегиранд. Дар мактабҳои кишвар тақрибан 2 миллиону 400 ҳазор наврас таълим мегиранд ва ба онҳо 124 ҳазор муаллим дарс мегӯянд. Дар умум бештар аз 2 миллиону 245 ҳазор кӯдаку наврасу ҷавонон ва 143 ҳазор омӯзгорро ба таътили дуҳафтаина фиристодаанд.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:30 0:00
Линки мустақим


Асомиддин Бобоев, як масъули Раёсати маорифи шаҳри Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, аз рӯзи душанбеи 27-уми апрел то рузи 10-уми май дарсу машғулиятҳо дар боғча ва мактабҳои Душанбе қатъ мешаванд. Ҷаноби Бобоев афзуд: "Аз 27-уми апрел то 10-уми май дар тамоми муассисаҳои таълимии пойтахт новобаста аз шакли моликият, муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, ба истиснои муассисаҳои миёна ва олии касбӣ, мактабҳои олӣ ба мо дахл надорад, таътили муваққатӣ мешавад. Дар ҳамин рӯзҳо муассисаҳои таълимӣ пурра бо маводи зиддивирусӣ безарар гардонида мешаванд, барои пешгирӣ аз ҳама бемориҳои сироятӣ.” Дарсҳо дар донишгоҳҳои олӣ маъмулӣ ва то замони дастури баъдӣ идома мекунанд.

Ба думболи баёнияи вазорат, хабаргузории давлатии “Ховар” гуфт, ки ситоди ҷумҳуриявӣ, ки онро нахуствазир Қоҳир Расулзода раҳбарӣ мекунад, қарор кард, баргузор кардани ҳамагуна чорабиниҳои оммавӣ, аз қабили машварату ҳамоишҳо, чорабиниҳои варзишӣ, намоишҳои кино ва театр манъ карда шавад. Маълум нест, ҳукми иҷрои ин дастур то кай аст.

Мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, то ҳол ҳеч мавриди сирояти бемории КОВИД-19 дар кишвар сабт нашудааст, вале фавти чандин нафар аз бемории илтиҳоби шуш ва дафни ғайриоддӣ, шитобкорона ва бе риояти на ҳама аз рукнҳои исломӣ, шубҳаву гумонҳо дар бораи баёнияҳои мақомотро зиёд кард. Баръакси Тоҷикистон дар се кишвари ҳамсояи он Чин, Узбекистон ва Қирғизистон мавридҳои зиёди КОВИД-19 сабт шудааст ва ин ҳам шубҳаву гумон дар бораи онки вирус ба Тоҷикистон наомадааст, зиёдтар кардаааст.

Шубҳаву гумон дар бораи баёнияҳои мақомот

Дигар сабаби нобоварӣ ба баёнияҳои мақомот, маҳдуд будани озодии баён ва худсензура дар матбуоти мустақили Тоҷикистон ва пинҳонкории мақомот аст, ки дар гузашта саъй кардаанд, сабабҳои аслии рӯйдодҳои муҳиме дар кишвар ошкор нашавад. Тоҷикистон то кунун дар ҳисоби чанд кишвари ангуштшуморе ворид аст, ки дар онҳо бемории КОВИД-19 сабт нашудааст, вале Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ рӯзи 23-уми апрел эълон кард, ки барои ошноӣ бо вазъ гурӯҳе аз мутахассисонашро ба Тоҷикистон мефиристад. Рӯзҳои ахир бисёриҳо аз мақомот даъват карданд, барои пешгирӣ аз эҳтимоли сирояти беморӣ дар донишгоҳу мактабҳоро таътил эълон кунанд.

Бино ба гузориши Дафтари ҳамоҳангсози барномаҳои Созмони Милал дар Тоҷикистон то рӯзи 17-уми апрели имсол дар Тоҷикистон ҳеҷ мавриди сирояти КОВИД-19 сабт нашудааст. То ин рӯз дар кишвар 2262 озмоиши тиббӣ барои маълум кардани коронавируси нав анҷом шудааст, вале ҳамаи онҳо “манфӣ” будаанд. Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, моҳи марти имсол бо ирсоли як ёддошт ба номи Озода Раҳмон, раҳбари Дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтааст, азбаски КОВИД-19 ба ҳамаи кишварҳо таҳдид мекунад, хуб аст, агар дар кишвар меъёрҳои фосилагирии иҷтимоӣ, карантин ҷорӣ ва қотеона риоят шавад.

Дар ин ёддошт омадааст: "Кишварҳо метавонанд ба ғайр аз ин чораҳои дигар, ба мисли бастани мактабу донишгоҳҳо, кор аз хона, ба ҳадди аққал коҳиш додани нақлиёти ҷамъиятӣ”-ро баррасӣ намоянд. Дар Тоҷикистон ҳарчанд баъзе аз чорабиниҳои идонаву умумиро лағв карда, масҷидҳоро бастанд, аммо то рӯзи 25-уми апрел мактабу корхонаҳо мисли маъмулӣ кор мекарданд.

Як қарори дигари Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз сирояти КОВИД-19 дар бораи манъи содироти ғалладона аз Тоҷикистон будааст. Хабаргузории “Ховар” мегӯяд, ки дар ситод қарор шуд, ки бо “мақсади таҳкими амнияти озуқаворию таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ватанӣ аз таърихи 25-уми апрели соли 2020 аз ҳудуди ҷумҳурӣ ба хориҷ содир кардани ҳама гуна маҳсулоти ғалладонагию лубиёгиҳо, аз қабили орду гандум, шолӣ, биринҷ, наск, нахӯду мош, тухми паранда, картошка ва ҳама навъи гӯшт муваққатан манъ карда шавад."

Шарҳҳоро бинед (34)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG