Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тамоми мактабу кӯдакистонҳои Тоҷикистонро ба "таътили муваққатӣ" фиристоданд. САДО


Вазорати маорифи Тоҷикистон гуфт, барои роҳ надодан ба сирояти эҳтимолии коронавируси нав дар тамоми мактабҳо ва кӯдакистонҳои кишвар таътили дуҳафтаина эълон карданд. Вазорат рӯзи 25-уми апрел бо нашри баёнияе гуфт, ки қарор дар ин бора дар ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории КОВИД-19 дар шаҳри Душанбе қабул шудааст.

Дар баёния омадааст, ки "ҷиҳати ҳифзи солимии ҷомеа ва бехатарии аҳолӣ, махсусан кӯдакону наврасон дар муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ шурӯъ аз рӯзи 27-уми апрел то 10-уми майи соли 2020 муваққатан таътил эълон карда шавад."

Вазорат гуфтааст, дар Тоҷикистон 662 кӯдакистон вуҷуд дорад, ки дар онҳо бештар аз 102 ҳазор кӯдак таълим мегиранд. Дар мактабҳои кишвар тақрибан 2 миллиону 400 ҳазор наврас таълим мегиранд ва ба онҳо 124 ҳазор муаллим дарс мегӯянд. Дар умум бештар аз 2 миллиону 245 ҳазор кӯдаку наврасу ҷавонон ва 143 ҳазор омӯзгорро ба таътили дуҳафтаина фиристодаанд.

Ба гуфтаи вазорат, дарсҳо дар донишгоҳҳои олӣ маъмулӣ ва то замони дастури баъдӣ идома мекунанд.

Аз ин пештар мақомот гуфтанд, ки дар тамоми боғча ва мактабҳои шаҳри Душанбе ба муддати ду ҳафта дарсу машғулиятҳо қатъ шуданд. Мақомот мегӯянд, ин карантин нест, балки "таътили муваққатӣ" аст.

Асомиддин Бобоев, як масъули Раёсати маорифи шаҳри Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, аз рӯзи душанбеи 27 апрел то рузи 10-уми май дарсу машғулиятҳо дар боғча ва мактабҳои Душанбе қатъ мешаванд.

Ҷаноби Бобоев афзуд: "Аз 27-уми апрел то 10-уми май дар тамоми муассисаҳои таълимии пойтахт новобаста аз шакли моликият, муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, ба истиснои муассисаҳои миёна ва олии касбӣ, мактабҳои олӣ ба мо дахл надорад, таътили муваққатӣ мешавад. Дар ҳамин рӯзҳо муассисаҳои таълимӣ пурра бо маводи зиддивирусӣ безарар гардонида мешаванд, барои пешгирӣ аз ҳама бемориҳои сироятӣ."

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:48 0:00
Линки мустақим

Дар Раёсати маорифи Душанбе гуфтанд, дастури қатъи дарсҳо ба донишгоҳ ва коллеҷҳои ҳудуди пойтахт дахл надорад ва дар бораи муассисаҳои олии таълимӣ Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон тасмим мегирад. Масъулини вазорати маориф то ҳол дар ин бора шарҳе надодаанд. Аммо пештар гуфтаанд, ки дар ин муассисаҳо ҳеч гуна таътил пешбинӣ намешавад.

Дар Тоҷикистон ба гуфтаи мақомот, то имрӯз ягон мавриди сироят ба коронавируси нав ба қайд гирифта нашудааст. Аммо марги шубҳабарангези чанд нафар ва дафни шитобкоронаи фавтидагон ва зери назорати ҷиддии мақомот шубҳаҳоеро зиёд кардааст. Рӯзҳои ахир бисёриҳо аз мақомот даъват карданд, барои пешгирӣ аз эҳтимоли сирояти беморӣ дар донишгоҳу мактабҳоро таътил эълон кунанд.

Хабар такмил мешавад

Шарҳҳоро бинед (33)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG