Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори гирифторони COVID-19 ба ду ҳазор наздик шуд. Омори расмии талафот бетағйир аст


Шаҳри Хуҷанд
Шаҳри Хуҷанд

Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълон кард, ки дар шабонарӯзи гузашта 207 нафари дигар ба коронавируси нав мубтало шудаанд ва шумори умумии гирифторон рӯзи 19-уми май ба 1936 расид.

Омори расмии талафот бетағйир аст, чун мақомот мегӯянд, дар шабонарӯзи гузашта ягон мавриди фавти сокинон аз бемории ҳамагирро сабт накарданд. Ба иттилои расмӣ, аз замони эътирофи мавҷудияти COVID-19 дар Тоҷикистон 41 нафар ҷон бохтаанд.

Аммо бар асоси феҳрасти ғайрирасмӣ дар Интернет шумори ҷонбохтагон аз коронавирус ва "илтиҳоби шуш" беш аз 270 кас ҳисоб шудааст. Ин феҳрастро бар асоси хабари расонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва иттилои наздикони фавтидагон таҳия мекунанд.

Бо таваҷҷуҳ ба ин, баъзе аз мутахассисон ва теъдоди зиёде аз мардум ба дурустии омори расмӣ шубҳа доранд ва мегӯянд, мумкин аст, теъдоди гирифторону талафот аз беморӣ дар Тоҷикистон зиёд бошад.

Ҳамарӯза дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ корбарон дар бораи марги наздикону ҳамкорони худ гузориш медиҳанд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод, ки то 19-уми май дар шифохонаҳои саросари кишвар 3781 нафар зери назорати пизишкон ҳастанд ва дар як рӯз беш аз 640 касро, "пас аз шифо ёфтан", ба хонаҳояшон ҷавоб доданд.

Вале мушаххас нест, ки 3781 нафар бо нишонаҳои коронавирус ё гумони гирифторӣ ба он бистарӣ ҳастанд, ё маризии дигар. Чун ҳар дафъа мақомоти Тоҷикистон дар бораи шифо ёфтани садҳо нафар гузориш медиҳанд, вале на дар омори Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ва на Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс дар бораи шифо ёфтани касе гузориш нашудааст.

Ҳамчунин мақомот чанд муддат боз иттилоъ намедиҳанд, ки сатҳи паҳншавии коронавирус дар минтақаҳои кишвар чӣ гуна аст. Дар гузоришҳои рӯзҳои аввал гуфта мешуд, шумори бештари мубталоён дар Душанбеву Суғд ва ноҳияҳои тобеи маркази ҷумҳурӣ ҳастанд.

Тоҷикистон баъд аз Қазоқистону Қирғизистон ва Узбекистон кишвари чаҳоруми Осиёи Марказӣ аст, ки рӯзи 30-юми апрел мавҷудияти коронавируси навро эътироф кард. Туркманистон ҳанӯз иддао дорад, ки аз бемории ҳамагир орӣ аст.

Ҳоло Тоҷикистон бо 41 талафот аз рӯйи шумори фавтидаҳо аз коронавируси нав дар минтақа дар ҷойи аввал аст. То 19-уми май дар Қазоқистон 35, дар Қирғизистон 14 ва дар Узбекистон 13 кас аз COVID-19 фавтидаанд.

Дар Қазоқистон 6751, дар Узбекистон 2825 ва дар Қирғизистон 1243 гирифтори коронавируси наванд.

Ҳайати Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, ки вазъи густариши бемории COVID-19 ва маргумир аз ин беморӣ дар Тоҷикистонро арзёбӣ мекард, рӯзи 12-уми май гуфт, суръати густариши беморӣ нигаронкунанда аст.

Вазорати тандурустӣ мегӯяд, ки ҳукумат ва вазорат тамоми чораҳоро барои пешгирӣ аз CОVID-19 ва табобати беморон меандешад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG