Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муроҷиат ба президент ва тавсия барои сарфаҷӯӣ дар "Озодӣ Онлайн". ВИДЕО


Дар "Озодӣ Онлайн"-и имрӯз муроҷиати даҳҳо муҳоҷири боздоштшуда ба Эмомалӣ Раҳмонро мебинем, ба суроғи онҳое ҳам меравем, ки аз хобгоҳҳояшон ронда шудаанд ва тавсияи яке аз ҳамроҳони шуморо барои кам кардани иҷорапулӣ дар ин шароити сахт мешунавем.

Эълони маҳдудият дар гаштугузор ва карантин онгуна, ки худатон ҳам медонед, вазъи бисёре аз муҳоҷирони тоҷикро дар Русия бад кард, вале аҳволи онҳое, ки дар боздоштгоҳҳо нигаҳ дошта мешаванд, зоҳиран бадтар аст. Шояд аз ҳамин сабаб аст, ки гурӯҳе аз муҳоҷирони тоҷик, ки дар як боздоштоҳи шаҳри Санкт-Петербург ҳастанд, бо ирсоли видеое ба Радиои Озодӣ ба раҳбарони Тоҷикистон муроҷиат карданд.

Айни муроҷиатро як муҳоҷир аз боздоштгоҳи Сахарово аз Маскав ба Радиои Озодӣ фиристод ва гуфт, дар онҷо 300 муҳоҷири тоҷик нигаҳ дошта мешаванд ва метарсанд, ки ба бемории Сovid-19 гирифтор нашаванд. Азбаски ҳамаи марзҳо баста аст, маълум нест, ки парвозҳои истисноӣ ташкил карда мешаванд, ё не.

Чанд муҳоҷири дигар, ки дар хобгоҳ иҷора нишастаанд, мегӯянд, агар вазъ ба ҳамин минвол идома кунад, мумкин аст, ҳоли онҳо низ бад шуда, дар кӯча бимонанд. Онҳо мунтазири ҳавопаймо нестанд ва фақат мунтазири кумаки ночизе, ки дар берун намонанд.

Муроҷиат ба президент ва тавсия барои сарфаҷӯӣ дар Озодӣ Онлайн
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:48 0:00

Вазъ на танҳо дар Русия, дар Қазоқистон ҳам чунин аст, гаштугузор маҳдуд аст, корхонаҳо низ фаъолияташро муваққатан бас кардаанд. Дар ин кишвар низ ҳазорон муҳоҷири тоҷик кор мекунанд ва видеоеро, ки дар барнома мебинем, аз Алмаато фиристоданд.

Бо вуҷуди ин ҳама мушкилот, муҳоҷирони дигаре низ ҳастанд, ки ба мо менависанду мегӯянд, авзоъро хуб мефаҳманд ва саъй мекунанд, илоҷе карда, ин рӯзҳои сахтро сипарӣ кунанд. Ду муҳоҷири тоҷик, ки дар карантин ҳастанд ва бо волейбол вақтро мегузаронанд, ба дигар бачаҳо тавсия доданд, ки чӣ гуна хароҷоти худро дар ин замони бепулӣ кам кунанд.

Шумо ҳам агар тавсияе доред, дар видео сабт кунед ва ба мо бифристед. Вотсапу Вайбер, Телеграм ва ИМО дорем. Ноумед набошеду худро эҳтиёт кунед.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (7)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG