Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз беэҳтиётии муҳоҷирон аз вирус то баҳси дину илм дар Озодӣ Онлайн. ВИДЕО


Ҳангоми сабти барнома

Имрӯз дар бораи беэҳтиётии муҳоҷирон аз коронавирус ва талаб аз онҳо барои баргардонидани қарзи бонкҳо гап мезанем. Баҳсе ҳам дар бораи дастгир шудани панҷ тоҷик бо гумони узвият дар ДОИШ дар Олмон дорем.

Албатта, хабар доред, ки вируси нав дар Русия ба чанд муҳоҷири тоҷик ҳам сироят кардааст. Шодӣ Мансуров, яке аз муҳоҷирон, ки дар шаҳри Санкт-Петербург ҷиддӣ будани вазъро ба чашмони хеш дидааст, бо ирсоли видеое ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия чунин муроҷиат кард:

"Бародарони тоҷик, бародарони ғариб, бародароне, ки бениҳоят дар як вазъи вазнин қарор доред. Биёед, дар ҳамин ҳолат худамонро эҳтиёт кунем. Барои он ки бисёр тоҷиконро мебинам, ба вирус бовар намекунанд. Ба кӯча мебароянду мегарданд. Мегӯянд, дар насибамон набошад, намемурем. Худатонро эҳтиёт кунед."

Яке аз муҳоҷирони тоҷик, ки дар Қазоқистон кор мекунад ва дар карантин аст, бо ирсоли видео мушкили қарзҳои муҳоҷирон аз бонкҳои Тоҷикистонро дар миён гузошт. Ӯ мехоҳад, дар ин замони сахт ба онҳо сабукие дода шавад.

Муҳоҷири тоҷик мегӯяд: “Аз бонки Тоҷикистон қарздорем. Занг мезананд ва мегӯянд, ки пули моро баргардонед. Дар инҷо мо хӯрданиамонро ба зӯр меёбем, ба болои ин аз Тоҷикистон занг зада, ин гуна гапҳо мезананд. На ин ки ман, балки бисёре аз муҳоҷирон қарздоранд, пули қарзро дода наметавонанд. Аз шумо хоҳиш дорем, ки ба доди мо бирасанд.”

Воқеан, мо дар бораи ин масъала як мақолаи муфассал дорем, бо ҷавоби Бонки Миллии Тоҷикистон ва онро метавонед дар вебсайти Радиои Озодӣ бихонед.

Аз беэҳтиётии муҳоҷирон аз вирус то баҳси дину илм дар Озодӣ Онлайн
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:26 0:00

Шояд хабар дошта бошед, ки чанде пеш панҷ зодаи Тоҷикистонро дар Олмон бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо ДОИШ ва тарҳрезии ҳамлаҳои террористӣ дастгир кардаанд.

Ин хабар дар вебсайти Радиои Озодӣ ва саҳифаи мо дар Инстаграм баҳси зиёдеро барангехтааст. Корбаре бо номи Адолат дар саҳифаи Радиои Озодӣ баъзе аз падару модаронро танқид кардааст, ки ба фарзандонашон Исломро дуруст таълим намедиҳанд. Ӯ гуфтааст: «Бештари падару модарон ба фарзандони худ таълими исломӣ медиҳем гуфта, ақидаҳои шахшуда ва террористиро аз айёми ширхорагӣ дар мағзи онҳо ҷой мекунанд. Мо инро дар ҷомеа ҳар рӯз мебинем.»

Як нафари дигар, ки худро Яздегурди 3 муаррифӣ кардааст, бо танқиди корбарони тоҷики шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтааст, саъй намекунанд, илму фанновариҳои навро ёд бигиранд ва фақат ба масоили зоҳириву андом часпидаанд.

Қисмате аз шарҳаш чунин аст: "Дар шабакаҳои иҷтимоӣ шарҳнависи халқҳои дигарро мебинӣ оид ба илму технология ва фарҳангу таърих аст. Шарҳи тоҷиконро нигоҳ мекунӣ, фақат баҳсҳояшон чӣ хел пӯшидану чӣ хӯрдан, чӣ ҳалол ҳасту чӣ ҳаром, кӣ мусулмон ҳасту кӣ кофир. Касе фарҳанги тоҷикиро муаррифӣ мекунад, ӯро кофир меноманд.»

Мадина Рамазон, яке аз корбарони саҳифаи Радиои Озодӣ дар Инстаграм гуфтааст, ифротгаро шудани ҷавонони тоҷик ва пайвастани онҳо ба сафи гурӯҳҳои тундрав аз камсаводист. Ӯ чунин навиштааст: “Чаро давлат талош намекунад, ки ба шаҳрвандонаш дониши хуб диҳад, то роҳи худро дар зиндагӣ ёбанд ва ба ин гуна амалҳои ғайриисломиву ғайриинсонӣ даст назананд.»

Воқеан видеову назарҳои шумост, ки Озодӣ Онлайнро диданӣ мекунад. Навору назарҳои худро ба мо бифристед ба воситаи Вайбер, Вотсап ва ё ИМО-ву Телеграм.

Шарҳҳоро бинед (3)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG