Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони номи шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон дар Олмон


Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Олмон панҷ шаҳрванди Тоҷикистонро ба тарҳрезӣ ва қасди ҳамлаи террористӣ дар ин кишвар гумонбар медонанд. Додситонии кулли Олмон гуфт, чаҳор нафари онҳо субҳи 15-уми апрел дар сарзамини Рейни Шимолӣ-Вестфалия боздошт шуданд. Як нафари дигар бо номи Равшан Б., ки аз ӯ раҳбари гуруҳ ном бурда мешавад, аз моҳи марти соли 2019 боз дар боздошт аст.

Додситонии кулли Олмон номи чаҳор нафари дигарро низ ошкор кард:

Шаҳрванди Тоҷикистон Азизҷон Б.,

Шаҳрванди Тоҷикистон Муҳаммадалӣ Г.,

Шаҳрванди Тоҷикистон Фарҳодшоҳ К.,

Шаҳрванди Тоҷикистон Суннатуллоҳ K.

Мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла сафорати кишвар дар Берлин ҳанӯз дар ин робита расман ибрози назар накардаанд. Як манбаъ дар ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон гуфт, ҳанӯз Олмон онҳоро дар ҷараёни ҳодиса нагузоштааст, вале пас аз шунидани ин хабар бо роҳҳои дипломатӣ талоши дарёфти маълумоти бештарро доранд.

Нашрияи бонуфузи Der Spiegel-и Олмон боздоштшудаҳоро ба гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" рабт дод ва ба нақл аз муфаттишон навишт: "Аъзои гуруҳ дар аввал мехостанд ба Тоҷикистон рафта, ба зидди ҳукумати он кишвар биҷанганд, вале қарор карданд, ки дар Олмон бимонанд ва даст ба ҳамлаҳои террористӣ зананд".

Ба қавли мақомоти Олмон, боздоштшудаҳо барои таҳияи дастгоҳҳои худсохти тарканда маводро тавассути Интернет фармоиш дода, дастрас карда буданд.

Додситони кулли Олмон дар изҳороти расмиаш рӯзи чаҳоршанбе гуфт, шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон моҳи январи соли 2019 ба сафи ДОИШ пайваста, шохаи онро дар Олмон ташкил доданд. Ба қавли додситонӣ, онҳо бо ду мақоми баландпояи гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" дар Сурия ва Афғонистон тамос дошта, дастур мегирифтанд.

Ҳадафи онҳо иншооти ҳарбӣ ва низомиёни Амрико дар Олмон ва ҳамчунин мунтақидони тундлаҳни дини ислом будааст.

"Барои таъмини молии барномаҳои худ ва ДОИШ дар Сурия муттаҳамон дар Олмон пул ҷамъ мекарданд ва ба воситаи намояндагон дар Туркия онро ба созмон мефиристоданд", - омадааст дар изҳороти Додситонии кулли Олмон. Ба иттилои манбаъ, "барои таъмини буҷаи иловагӣ Равшан Б. дастури куштор дар Албанияро бо қимати 40 ҳазор доллар пазируфта буд, аммо иҷрояш ноком шуд".

Хадамоти амнияти Олмон тахмин мезанад, ки дар ин кишвар ҳудуди 11 ҳазор ифротгарои исломӣ ҳастанд ва тақрибан 680 нафари онҳо хатарноканд. Дар солҳои ахир Олмон шоҳиди чанд ҳамлаи террористӣ будааст. Дар ҳамла ба бозори крисмаси Олмон дар соли 2016, 12 нафар кушта шуданд.

Мақомоти Олмон соли 2016 бо гумони узвият дар созмони тундрави "Давлати исломӣ" ва ширкат дар ҷангҳои Сурия як шаҳрванди Тоҷикистонро дар ҳудуди сарзамини Рейни шимолӣ - Вестфалия боздошт карданд.

Аз соли 2015 ба ин тараф садҳо шаҳрванди Тоҷикистон барои паноҳҷӯӣ ва кору иқомат ва таҳсил ба кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла Олмон рафтаанд. Дар миёни онҳо ҷонибдорони ҳизби ҳоло дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ, "Гуруҳи 24", хабарнигорону тоҷирон, ҳомиёни ҳуқуқ ва пайравони равияҳое ба монанди салафия низ ҳастанд. Аксари ин афрод далели паноҳҷӯӣ дар кишварҳои аврупоиро ба таъқибу саркӯб ва фишори афзоянда болои дигарандешон дар Тоҷикистон ва парвандаҳои сохта ба зидди онҳо рабт медиҳанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (113)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG