Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Авесто интернет”--ширкати ношиносе, ки ба Тоҷикистон интернет ворид мекунад


Ҷавоне дар Душанбе сими интернетро ба компютераш насб мекунад. Акс аз соли 2019

Як ширкати фароҳамкунандаи IP адресҳо дар гузорише навиштааст, ба бозори интернет дар Тоҷикистон ширкати наве бо номи “Авесто интернет” ворид шудааст.

Бозори интернет аз соли 2018 зери назари ширкати давлатии “Тоҷиктелеком” аст ва ин ширкат се соли ахир ягона воридкунандаи интернет ба Тоҷикистон мебошад.

Гузориши созмони “Ripe Network Coordination Centre” рӯзи 22-юми сентябр пахш шуда аст ва онро 14-уми октябр муаррифӣ кардаанд. Дар гузориш, вазъи дастрасӣ ба интернет дар панҷ кишвари Осиёи Марказӣ таҳлил шудааст.

Муаллифон навиштаанд, бархилофи кишварҳои ҳамсоя, ки каналҳои зиёди қабули интернетро доранд, Тоҷикистон ва Туркманистон роҳҳои маҳдудеро барои ворид кардани интернет боқӣ гузоштаанд. Дар гузориш омадааст, интернет ҳоло ба Тоҷикистон асосан тариқи “Тоҷиктелеком” ворид мешавад. Ин ширкати зертобеи Хадамоти алоқа, ба гуфтаи муаллифони гузориши “Ripe Network”, интернетро аз ширкатҳои “TTC”, “Megafon” ва қисми камашро аз “Level 3” мехарад.

Нуктаи тозае, ки дар гузориши “Ripe Network” омадааст, зикри номи ширкате бо номи “Авесто Интернет” аст. Дар гузориш омадааст, дар баробари "Тоҷиктелеком" инчунин роҳҳои хурде дида мешаванд, ки тариқи онҳо “Авесто Интернет” ба Тоҷикистон интернет ворид мекунад. Ба қавли гузоришгарони “Ripe Network”, ширкати “Авесто интернет” интернетро аз ширкати қирғизистонии “ELCat” мехарад. Ҳарчанд аз рӯи нақшаи созмон, ҳаҷми интернети воридкардаи “Авесто Интернет” дар баробари “Тоҷиктелеком” кам аст.

То соли 2018 ширкатҳои интернетрасони Тоҷикистон мустақилона ҳақ доштанд аз хориҷа интернет харанд. Аммо бо як тасмими баҳсбарангези Хадамоти алоқа, ширкатҳои мухобиротӣ муваззаф шуданд интернетро танҳо аз “Тоҷиктелеком” харанд. “Тоҷиктелеком”, ширкати зертобеи Хадамоти алоқа мебошад.

Бо ин вазъ, ин аз аввалин ҳолатҳое аст, ки номи як ширкати дигари воридкунандаи интернет ба Тоҷикистон “Авесто Интернет” расонаӣ мешавад. Дар бораи ин ширкат маълумоти зиёде дар даст нест ва масъулинаш низ ҳозир нестанд дар бораи корашон суҳбат кунанд. Маълумоти каме дар бораи “Авесто интернет” нишон медиҳад, ки он як ширкати зертобеи “Авесто гуруҳ” мебошад.

Рӯзи 15-уми октябр дар дафтари ширкати “Авесто гуруҳ” касе ҳозир нашуд дар бораи кори ширкати “Авесто интернет” ба Радиои Озодӣ суҳбат кунад. Танҳо як масъули ин ширкат гуфт, “Авесто интернет” дигар фаъол нест. Ҳарчанд дар сомонаи “Авесто гуруҳ” гуфта мешавад, ки “Авесто Интернет” як ширкати пешниҳодкунандаи интернет ба провайдерҳо мебошад.

Бар асоси санадҳое, ки Радиои Озодӣ ба даст овард, ширкати “Авесто Интернет” фаъол мебошад. Дар феҳристи ширкатҳои Кумитаи андоз омадааст, ҶДММ “Авесто Интернет” соли 2016 таъсис ёфта, самти фаъолияташ “хизматрасони миёнаравӣ” мебошад.

“Авесто Интернет”, ягона ширкати зертобеи “Авесто гуруҳ” нест. Гуруҳи ширкатҳои “Авесто”, ки соли 2016 таъсис ёфтанд, то имрӯз соҳаҳои зиёдеро дар Душанбе зери даст доранд. Аз ҷумла, бахшҳои муҳиме, ба монанди ворид кардани мусофирбарҳои "ISUZI" ва "AKIA" ба кишвар, тавлиди оби "Сиёма", пардохти ҳаққи роҳкиро ба воситаи кортҳои пластикӣ дар нақлиёти ҷамъиятии Душанбе ва акнун Хуҷанд зери назорати ширкати "Авесто гуруҳ” аст.

"Авесто Гуруҳ" айни замон як ҷониби ширкати муштараки Тоҷикистону Чин бо номи "Муосир" аст, ки дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон нахустин корхонаи истеҳсоли маводи тарканда дар Тоҷикистонро месозад. Сохтмони корхона соли 2018 шуруъ шудааст.

Инчунин ин ширкат ба наздики дар Душанбе корхонаи муштараки "Артел Авесто"-ро ба истифода дод.

Дар санадҳои расмӣ муассиси ширкат Файзалӣ Ҳабибов сабт шуда, мудири кулли ширкат Муҳаммад Мирзоев (Муҳаммад Мирзо) аст. Мирзоев дар гузашта дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон кор мекард.

Шарҳҳоро бинед (6)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG