Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

14 пизишкро баъди ташхиси "номуайян" дар Кӯлоб зери назорат гирифтанд


Бемористони касалиҳои сироятии шаҳри Кӯлоб

Чаҳордаҳ корманди соҳаи тибро дар шаҳри Кӯлоб баъди адои давраи карантин дубора зери муоинаи доимӣ гирифтаанд. Мақомот мегӯянд, ташхиси аввал ҷиҳати маълум кардани бемории ҳамагир дар онҳо "номуайян" аст ва бояд дафъаи дувум озмоиш кунанд. Шарҳ дода намешавад, ки манзур аз номуайянии ташхис чист.

Ин гуруҳи пизишкон аз моҳи март то 10-уми апрел ба нигоҳубини тақрибан шаст нафаре машғул буданд, ки аз хориҷа ва асосан аз Русия баргашта, дар бемористони касалиҳои сироятии Кӯлоб давраи карантинро пушти сар карданд.

Пас аз рухсат шудани карантиншудаҳо, кормандони соҳаи тибро низ ба хонаҳояшон ҷавоб доданд, аммо баъди ду рӯз дар бемористон бистарӣ карданд.

Абдукарим Шокиров, сартабиби бемористони касалиҳои сироятии шаҳри Кӯлоб, 27-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, воқеан чаҳордаҳ зердасташ дар карантин ҳастанд. Ба қавли ӯ, дастикам ду нафари онҳо бо нишонаҳои илтиҳоби шуш бистариянд.

Шокиров мегӯяд, ҳарду пизишк таби баланду сулфа доштанд, ҳоло дар муқоиса ба рӯзҳои аввал "хеле беҳтаранд".

"Ташхиси аввали онҳо номуайян аст. Ба мо гуфтанд, ки то замони гирифтан ва муайян кардани натиҷаи ташхис дар карантин бимонанд. Чӣ гуна ташхис номуайян аст, мо ҳам намедонем, аз Вазорати тандурустӣ пурсед", - афзуд ӯ.

Садриддин Ғаюров, сардори Раёсати тандурустии минтақаи Кӯлоб, низ дар бемористон будани ду гирифтори илтиҳоби шушро тасдиқ кард, аммо гуфт, "боқимондаҳоро аллакай ба хонаҳояшон ҷавоб доданд".

"Дар Кӯлоб ҳамаи бемористонҳо холист ва мо ду бемори пневмония дорем, ки ҳарду дар шуъбаҳои умумӣ ҳастанд", - гуфт ӯ.

Ғайров айни замон гуфт, тасмими ташхиси дувумбораи 14 корманди соҳаи тиб ҳанӯз пойбарҷост, вале нагуфт, ки онҳо кай дубора санҷида мешаванд. "50-60 дарсади тестҳо дуруст ташхис кунад, 30-40 фоизи дигар аломати суол аст", - гуфт мусоҳиби мо.

Мақомоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон ҳам мегӯянд, то ин дам дар озмоишгоҳ дар кишвар 4100 тести коронавирус мавриди истифода қарор дода шуда, 800 ташхис такрорӣ будааст.​ Тоҷикистон ин тестҳоро аз Русияву Чин ва Олмон гирифтааст.

Дар ҳамин ҳол, сартабиби бемористони касалиҳои сироятии Кӯлоб Абдукарим Шокиров аз камбуди либосҳои муҳофизатӣ дар бемористон шикоят кард. Ӯ гуфт, "дар бемористон ҳамагӣ 50 либоси муҳофизатӣ дорем, ки барои як рӯз мерасад. Ду дастгоҳи нафаскашии сунъӣ дорем. Худамон ба берун рафта наметавонем, вагарна либосҳои муҳофизатӣ меовардем, чун ин либосҳоро як дафъа пӯшед, аллакай корношоям мешаванд".

Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳои ангуштшуморест, ки ба гуфтаи мақомот то ҳол ягон нафар ба коронавируси нав сироят нашудааст, ҳарчанд аз аввали моҳи феврал то ин дам беш аз 8 ҳазор нафарро зери карантин гирифтанд.

Фавти пайиҳами чанд нафар бо нишонаҳои илтиҳоби шуш дар рӯзҳои ахир ва бистарӣ шудани чандин нафар бо таби баланд дар бемористонҳо масъалаи коронавирусро дар Тоҷикистон ҷиддитар кардааст. Бархе мақомотро ба он муттаҳам мекунанд, ки воқеиятро ба таври пурра баён намедоранд, аммо Вазорати тандурустӣ чунин чизеро рад мекунад.

Мақомот мактабҳоро барои ду ҳафта таътил карда, баргузории маъракаҳо, аз ҷумла мусобиқаҳои варзишӣ ва содироти орду гандум, шолӣ, биринҷ ва картошкаву гӯштро манъ кардаанд. Баргузории намозҳои дастҷамъӣ ва ташкили ифтору идгардак аз 18-уми апрел боз манъ аст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (5)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG