Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фахриддин аз баҳси Гейтс ва Михалков чӣ бардошт?


Никита Михалков, коргардони рус

Соҳибёри Толиб,

рӯзноманигор

Ин шабу рӯзҳо тавассути месенҷерҳо аз шиносу ношинос линки филмҳое мерасад, ки тавлидгаронашон вируси COVID-19-ро як "силоҳи биологӣ" нишон медиҳанд. Ин қабил филмҳо кори дасти пайравони ҷараёнест, ки худро "ошиқи назарияи тавтиъа" ё конспирология меномад.

Ҳарчанд бархе аз коршиносон ин чизҳоро ҷиддӣ намегиранд, чунин филмҳо ва худи ин хабарҳо ба ҷомеа таъсир доранд. Порлумонҳо сари онҳо баҳс мекунанд, миллионҳо нафар муҷозоти гунаҳкоронро талаб доранд.

Сарватманди амрикоӣ Билл Гейтс борҳост, ба чунин паёмҳо посух медиҳад. Агар сухан дар бораи ваксина ҳам равад Билл Гейтс бештар бо боварӣ ҳарф мезанад ва тамаркузи расонаҳои байналмилалӣ бештар ба чеҳраи ӯст ва агар дар мавзӯи силоҳи биологӣ будан, ё набудани COVID-19 ҳам баҳс сар занад, Билл Гейтс ва шахсиятҳои наздик ба ӯ гумонбар дониста шуданд. Шахсияте, ки дар доираҳои илмӣ мавқеи устувор дорад, бойбобои ҷаҳон, бо шарофати истеъдодаш кори миллионҳо инсонро осон гардонидааст, сарпарасти асосии Созмони ҷаҳонии беҳдошт, аммо имрӯз дар рӯ ба рӯи дурбинҳо нишаста, аз худ ҳимоят мекунад, ки вируси ҷаҳонгир лоиҳаи ӯ нест, балки ӯ дар мубориза бо вирус тадбир меҷӯяд.

Чӣ боис шуда, ки имрӯз доноеро ҷараёне "қотили башарият" мешиносонанд? Билл Гейтс соли 2015 дар ҳамоиши TED ҷаҳонро аз доманзании вируси хатарборе ҳушдор дода, аз зарурати ваксина гирифтани саросарии аҳолии сайёра ҳарф зада, гуфта буд, ки ин мавзӯи дӯстдоштааш аст. Дар ин ҳамоиш ва дар дигар сӯҳбатҳои расонаӣ мавзӯи танзим намудани аҳолии сайёра, ҳушдор аз вируси ҷаҳонгир ва зарурати ваксина барои ҳама аҳли сайёра аз забони Билл Гейтс батакрор садо додааст, ки имрӯз он ёддоштҳоро бештар блогнигорон ба чолиш мекашанд. Дар қиёс мушоҳида мешавад, ки блогнигорони Русия ва Ирон дар ин баҳс пешгоманд.

Дар Русия ин мавзӯъ дар сатҳи расонаҳои федеролӣ низ баррасӣ гардид. Шабакаи аввали ин кишвар дар чанд барномае ва коргардони синамои рус Никита Михалков тавассути шабакаи "Россия 24" пешгӯиҳои Билл Гейтсро дар мавзӯи "вируси ҳамагир" ва "кам кардани аҳолии олам" ба баҳс кашид. Ӯ ҷомеаи Русияро аз он ҳушдор дод, ки аз вирус хатарноктар - ваксина аст. Ба бовари Михалков бо маҳлули ваксина ба хуни инсонҳо тарошаи кӯчаку ноаёни электронӣ бо унвони "чип" равон мегардад ва бо он ҳар инсон мисли ғулом идора мешавад. Михалков гуфт, "шахсоне, ки аз гирифтани ваксина даст мекашанд, аз пайдо намудани кори пурдаромад, таҳсил дар донишгоҳ, ҳуқуқи ронандагӣ (ва ғайраҳо) маҳрум мегарданд".

Баъди ин барнома, Михалков эътироз кард, ки телевизиони давлатӣ такрори барномаи ӯро дар вақти камбинанда пахш кардааст ва тавассути "Россия 24" дигар барнома пешниҳод намекунад. Михалков аз ҷумлаи ҳаводорони сиёсати раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин шинохта мешавад.

Алексей Навалний, мухолифи Путин ҳарфи Михалковро дар мавзӯи вирусу ваксина ба истеҳзо бурда, аз пахши барномаи ӯ дар телевизиони сатҳи федеролӣ эҳсоси хиҷолат кард. Мақомоти Русия ба Роскомнадзор дастур додааст, то "иттилооти бепоя" дар мавзӯи "чипизатсия" назорат ва танзим гардад. Чанд шумор филме, ки блогнигорони рус дар ин мавзӯъ мунташир карда буданд, аз саҳифаи Ютюб ҳазф гардид. Муаллифон навиштанд, ки дастнорас шудани филмҳо аз сонсури Ютюб аст. Филмҳои дигар дар ин мавзӯъ бо миллионҳо боздид дар ҷомеаҳои русзабон афкор месозанд.

Бархе аз муҳоҷирон, ки ҷомеаи мусалмонони Русияро ташаккул медиҳанд, аз ин ахборот нигаронии хос доранд. Тори видеои суханварии инсоне дар либоси расмии мардона, ки бо забони инглисӣ дар бораи тавассути вирус ва ваксина нобуд кардани "гени илоҳӣ" дар вуҷуди "ифротгароёни динӣ дар Афғонистон ва Ховари Миёна" ҳарф мезанад, дар гурӯҳҳои месенҷерӣ дар миёни мусалмонон сайр мекунад. Ӯ дар минбар, аз дур шинохта намешавад, садои суханварии шабеҳи Билл Гейтс ва он ҳамоиш, ки бо иштироки шахсони номаълум ва камшумор баргузор гардидааст, тибқи титри видео "рӯнамоии лоиҳае дар соли 2005, ки маконаш Пентагон" бо забони русӣ навишта шудааст. Видео сифати паст дорад ва ташхиси воқеияти он душвор аст, аммо чунин филмҳо нигаронии бархе аз мусалмонро афзудааст.

Муҳоҷири муслиме дар Русия, ки ба воқеияти чунин иттилоот бовар доштааст, дар зери филми мунташиршуде навиштааст, "мунтазир бошед, мосунҳо(шайтонпарастон) ба кишварҳои фақири мусалмонон ваксинаи ройгон мефиристанд ва моро бенаслу кӯтоҳумр мекунанд". Ӯ ба аҳли оилааш гирифтани ҳеҷ ваксинаеро иҷозат намедодааст. Дигаре ба ӯ посух додааст, ки дар ҳар сурат ин вирус "лашкари Худо" аст ва "ҳам аз вирусу ҳам аз ваксина эҳтиёт намудан зарур аст".

Мақомоти Маскав рӯзи 28 май Фахриддин Мирзомуродов ном шаҳрванди Тоҷикистонро дастгир намудааст, ки тавассути Ютюб муҳоҷиронро аз хатари ваксина огоҳ намудааст. Аммо садҳо нафар блогерон ва рӯзноманигорони рус дар ин мавзӯъ филмҳо месозанду чашми мақомоти Русия танҳо ба муҳоҷире афтодааст.

Баҳси "хатарнок" будани ваксинаи то ҳоли ҳозир номаълум бар зидди COVID-19 нишон медиҳанд, ки нигаронӣ аз он дар доираҳои хос нерӯ мегирад. Як блогнигори иронӣ гуфтааст, дунё дар ояндаи наздик ба ду нерӯ тақсим мешавад, ки гурӯҳи бовардоштагон ба ваксина ва онҳое, ки аз гирифтани ваксина худдорӣ мекунанд. Имрӯз 29 майи соли 2020 ва то ҳоли ҳозир Созмони ҷаҳонии бешдошт ваксинаеро барои шифои беморони мубтало ба вируси COVID-19 барои ҳама тавсия надодааст. Миллионҳо нафар инсонҳо дар интизори пирӯзии тиб ба COVID-19 ҳастанд.

Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (9)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG