Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикони Амрико чӣ гуна "карантин"-ро пушти сар мекунанд? ВИДЕО


Ню-Йорк, 17-уми марти 2020

Шумори гирифторон ба коронавирус дар Амрико аз 83 ҳазор нафар зиёд шуд ва ин кишвар аз рӯйи теъдоди мубталоён аз Чин (беш аз 81 ҳазор нафар) пеш гузашт. Дар Амрико беш аз 1200 нафар бо олуда шудан ба ин вирус ҷон бохтаанд. Ҳоло шумори мубталоёни вируси корона дар сартосари ҷаҳон аз ним миллион нафар бештар шудааст.

Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ гуфт, Амрико метавонад маркази нави пандемияи коронавирус дар ҷаҳон шавад. Созмон гуфтааст, шумори олудашудаҳо дар ин кишвар "босуръат афзоиш меёбад".

Аёлати Ню-Йорк осебдидатарин минтақаи кишвар ба ҳисоб меравад. То 27-уми март шумори онҳое, ки аз сирояти коронавирус дар шаҳри Ню-Йорк мурданд, беш аз 450 нафарро ташкил дод, ки баландтарин нишондод дар ҳамаи кишвар мебошад.

Би-би-сӣ менависад, мақомоти Ню-Йорк, ки вазъро таҳти назорати шадид қарор дода, ҳамаро ба карантини хонагӣ фиристодаанд, мегӯянд, суръати муроҷиати сокинон ба беморхонаҳо камтар мешавад.

Дар Ню-Йорк садҳо шаҳрванди Тоҷикистон ҳам кору таҳсил мекунанд ва мисли дигар сокинони маҳаллӣ таҳти карантин ҳастанд. Аксари онҳо то ду-се ҳафта пеш дар бахши хидматрасониву нақлиёт кор мекарданд ва дар шароити феълӣ бекору бедаромад мондаанд.

Хабарнигори тоҷик Фирӯз Баротов бо аҳли оилааш дар шаҳри Ню-Йорк кору зиндагӣ мекунад ва ҳоло дар хона аст. Ӯ мегӯяд, шароити карантини ҳатмӣ калонсолонро аз кору даромад дур кард, вале хурдсолон бар асоси барномаи мактабӣ таҳсилро ба таври фосилавӣ аз хона идома медиҳанд.

Баротов гуфт, муқаррароти таҳсил бисёр ҷиддӣ назорат ва иҷро мешавад: "Хонандаҳо аз 8:20-и субҳ то 14:30 ба воситаи интернет бо муаллимашон дарс мехонанд, агар хонандагон давоми 1-2 соат аз худ дарак надоданд, ҳамон замон масъулони мактаб занг зада, аз волидон куҷо будани бачаҳоро мепурсанд."

Дар иваз, ба гуфтаи ин падари панҷ фарзанд, Департаменти маорифи Ню-Йорк ҳама шогирдонро дар шароити хона бо интернети бепул ва се маҳал ғизои гарм таъмин кардааст. "Бачаҳо ғизои мактабро дӯст медоранд, аз ин рӯ, захираҳои хӯроке, ки бо ҳамсарам омода кардаем, зиёд ба кор намеравад", - афзуд ӯ.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Дар баробари ин, ба гуфтаи Фирӯз Баротов, дар Ню-Йорк созмонҳои хайрия хеле фаъол шуда, барои қишри ниёзманди шаҳр бастаҳои калони ғизо – аз орду биринҷу сабзавот сар карда то оби меваву консерваи моҳӣ тақсим мекунанд. Ӯ мегӯяд, аз ёриҳои хайрияи чунин созмонҳо кормандони зиёди бекору маҳрум аз даромад, аз ҷумла баъзе муҳоҷирони тоҷик ҳам, баҳра мебаранд.

Дар кӯчаву нақлиёти Ню-Йорк, ба нақли Фирӯз Баротов, тақрибан касе дида намешавад ва аксар корхонаҳо коргаронро ба хона ҷавоб дода, ҳукумати электронӣ фаъолона ба мушкилоти сокинон расидагӣ мекунад. Сокинони маҳаллӣ ҳар сари чанд вақт аз ҳукумати маҳаллии Ню-Йорк СМС мегиранд, ки дар он машварати тарзи рафтору зист дар карантин, риояи меъёрҳои беҳдоштӣ ва хабарҳои муҳим барои сокинон фиристода мешавад. Мисли дигар гӯшаҳои осебдида аз коронавирус, дар ин ҷо ҳам ҷуз фурӯшгоҳҳои ғизову дорухона дигар ҳеч нуқтаи савдо фаъол нест. Дар сурати ба кӯча рафтан, ҳама фосиларо риоя мекунанд ва якуним-ду метр дуртар аз ҳам меистанд.

Ба гуфтаи ӯ, танҳо мушкили ӯву бисёр муҳоҷирони тоҷик ин бекорӣ аст, ки ба даромади оилаҳо таъсир мерасонад ва муҳимтарин хароҷот – пардохти иҷорапулӣ, ки аз 1500 то 2500 доллар дар моҳ аст, зери суол меравад.

Нақшаи мақомоти Амрико барои ёрмандии молии мардум ва иқтисоди кишвар ба маблағи 2 триллион доллар танҳо шаҳрвандони ин кишварро фаро хоҳад гирифт. Бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар Амрико бар асоси визаву санади ҳаққи иқомат ва ё ғайриқонунӣ ба сар мебаранд ва ба қавли як фаъоли ҷомеаи тоҷикистониҳои ИМА, мушкилоти иқтисодӣ ба ин қишри осебпазир таъсири манфӣ мерасонад.

Фирӯз Ҷанобилов, сокини Вашингтон, мегӯяд, ба ҳисобҳои тахминии сафорати Тоҷикистон ва ҳам ҷамъияти тоҷикон, дар ин шаҳр ва атрофаш то 500-600 нафар аз тоҷикон зиндагиву кор мекунанд. Ҷанобилов мегӯяд, дипломатҳои тоҷик рӯзи 25-уми март ба ӯ гуфтаанд, ки дар миёни шаҳрвандони Тоҷикистон ҳеч кас ба вирус олуда нашудааст ва сафорат ин вазъиятро дар тамос бо ҳамватанон пайгирӣ мекунад.

Фирӯз Ҷанобилов, дар ҳоле ки бо Радиои Озодӣ дар назди Капитолий – қароргоҳи Конгресси Амрико суҳбат мекард, гуфт, ҳоло яке аз серҷамъияттарин маконҳои маркази Вашингтон хеле камодам аст ва танҳо як-ду нафар ба чашм мехӯранд, ки бо истифода аз фурсат машғули варзиш ҳастанд. Аксар ошхонаву тарабхонаҳои Вашингтон ба хидматрасонии навъи “Grab & Go” (Бигиру бирав) гузаштаанд. Ӯ мегӯяд, дар оғози паҳншавии босуръати коронавирус, мардум ба таҳлука афтода, маводи зиёд хариданд, вале мақомот тавонистанд ҳолатро дубора одӣ кунанд.

Дар пойтахти Амрико ва макони ҷойгиршавии муассисаҳои давлатӣ, қарор шудааст, ҳама ба кори фосилавӣ ва ё хонагӣ гузаранд. Аз рӯзи душанбеи оянда тамоми муассисаҳои таълимӣ баста шуда, то охири соли хониш бар асоси низоми таҳсили интернетии фосилавӣ кор хоҳанд кард.

"Ин ҳолати бесобиқа аст, - мегӯяд Фирӯз Ҷанобилов. – Калимаи “бесобиқа” вақтҳои охир хеле маъмул шудааст ва ба қарору дастурҳо ҳам рабт дорад. Инчунин бо вожаи “фосилагирӣ” ҳам бисёр вомехӯрем. Мардум ҳангоми сайругашт аз якдигар фосила мегиранд. Инро мақомот ҳам бо ҳама роҳ, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ пайваста таъкид мекунанд ва пайваста мегӯянд, дастатонро бишӯед".

Ба қавли Ҷанобилов, дар Амрико дар оғози ҷорӣ шудани тадбирҳои маҳдудкунандаву изтирорӣ "бархе одамони худхоҳ фурсати карантинро барои истироҳату сайру сафар ба соҳилҳои уқёнус истифода карданд ва меъёрҳои бехатариро сарфи назар карданд”. Ин ҳолат, ба гуфтааш, боис ба афзоиши ҳодисаҳои олудагӣ ба вирус шуд. Ҳоло, ба гуфтаи ӯ, дар ҷомеаи Амрико ду андеша вуҷуд дорад, ки “якеро мешавад “сенарияи Осиё” ва дигареро “сенарияи Аврупо номид. Хушбинҳо мегӯянд, дар ИМА имкони татбиқи сенарияи кишварҳое ба монанди Чин вуҷуд дорад, ки тавонист пеши роҳи паҳншавии вирусро бигирад, вале мунтақидон мегӯянд, фориғболиву сайру саёҳати мардум баъди эълони ҳолати изтирорӣ вазъро мисли Италия нигаронкунанда мекунад”.

Ба ҳар сурат, ба қавли ин сокини Вашингтон, ҳоло эҳсос ва дида мешавад, ки мардуми маҳаллӣ тағйири рафтор мекунанд, зиёд ба кӯча, ҳатто назди хонаашон намебароянд ва талош доранд ба даъватҳои марбут ба риояи меъёрҳои бехатарии тиббии мақомот муносибати ҷиддӣ нишон диҳанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (7)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG