Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди гирифторони COVID-19 дар Тоҷикистон ба 379 нафар расидааст. Талафот 8 нафар шуд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълон кард, ки дар 24 соати гузашта дар кишвар 86 мавриди нави сирояти бемории COVID-19-ро сабт кардааст ва бо ҳамин теъдоди гирифторон то рӯзи 6-уми май ба 379 расид.

Дар баёнияи вазорат, ки имрӯз нашр карданд, омадааст, аз бемории нав 3 нафари дигар фавтидаанд ва ҳамингуна талафот аз беморӣ 8 нафар шудааст. Омори мазкур то соати 17:30 ба вақти Душанбе аст.

То ҳол 3596 беморро дар шифохонаҳои саросари кишвар барои муолиҷа қабул кардаанд ва ҳамаи онҳо зери назорати табибон будаанд. Табибони тоҷик гуфтаанд, ки 246 нафарро дар як шабонарӯзи гузашта ҷавоб доданд.

Айни замон бовар меравад, коршиносон ва бисёре аз мардум ба дурустии омори расмӣ шубҳа доранд ва мегӯянд, мумкин аст, теъдоди гирифторон ва талафот аз беморӣ дар Тоҷикистон зиёд бошад.

Мақомоти Тоҷикистон то рӯзи 30-юми апрел мегуфтанд, ки дар кишвар беморӣ ба касе сироят накардааст, ҳарчанд тақрибан ҳар рӯз доир ба афзоиши бемории “илтиҳоби шуш” ва маргу мир аз ин беморӣ гузориш мерасид. Бемории COVID-19 аломатҳои шабеҳи зукоми маъмулӣ ва ҳам “илтиҳоби шуш” дорад.

Баъди авҷ гирифтани гузоришҳо дар ин бора ҳукумати Тоҷикистон зери фишори ҷомеаи маданӣ маҷбур шуд, гурӯҳе аз мутахассисони Созмони Ҷаҳонии Беҳдоштро барои арзёбии вазъ ва баҳо додан ба тавоноии Тоҷикистон барои муқобила бо вируси нав ба кишвар даъват кунад.

Ҳайат баъди вуруд ба Тоҷикистон бо мақомоти баландпоя, аз ҷумла Қоҳир Расулзода, нахуствазир ва раиси Ситоди пешгирӣ аз сирояти COVID-19 мулоқот дошт ва вазъи бемористонҳо, озмоишгоҳҳо ва хонаҳои пиронсолонро меомӯзад.

Баъд аз интиқоди пайвастаи амалкардҳои ҳукумат дар пешгирӣ аз сирояти беморӣ, гузоришҳо доир ба пушти дар мондани беморон ва омода набудани шифохонаҳо барои қабули гирифторон, раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо фармоне Насим Олимзода, вазири тандурустиро аз кор озод кард. Ҳарчанд дар фармон гуфта шудааст, ки сабаби аз кор озод кардани ӯ, “гузаштан ба кори дигар” будааст.

Ба ҷойи ӯ, Ҷамолиддин Абдуллозода профессор ва ҷарроҳи 54-соларо таъйин карданд, ки дар зодгоҳи раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба дунё омада ва то расидан ба ин мақом мудири "Истиқлол" яке аз бузургтарин шифохонаҳои муосир дар Душанбе буд.

Айни замон гузоришҳои зиёде мерасад, ки табибони тоҷик васоили муҳофизатии кофӣ аз беморӣ надоранд ва норасоии доруворӣ ба мушоҳида мерасад.

Пеш аз эълони сирояти беморӣ, давлати Тоҷикистон баъди хуруҷи COVID-19 дар Чини ҳамсоя ва густариши он дар дигар гӯшаҳои ҷаҳон, парвози ҳавопаймоҳо ба қаламравашро қатъ кард, гузаргоҳҳои марзиро барои равуои мардум баст ва фақат мошинҳои боркашро иҷоза медиҳад.

Баъди эълони 15 мавриди нахустини сирояти беморӣ дар Тоҷикистон дар рӯзи 30-юми апрел, таътили хонандагони мактабҳои миёнаро то охири тобистон дароз карда, кӯдакистону бозорҳои либос ва фурӯшгоҳҳоро бастанд.

Баргузор кардани чорабиниҳои оммавӣ, консерт, намоишномаҳои театрӣ манъ аст, вале нақлиёти умумӣ, бозорҳои хӯрокворӣ, дорухонаву дигар муассисаҳои давлатӣ ба таври маъмулӣ кор мекунанд.

Бо вуҷуди онки ҳукумат расман, гаштугузорро маҳдуд накарда ва ё карантини саросарӣ эълон накардааст, мақомоти расмӣ хона ба хона гашта, ба мардум тавсия медиҳанд, ки бе зарурат берун наоянд.

Кӯчаву бино ва муассисаҳои давлатиро дар шаҳрҳои бузурги кишвар ба мисли Душанбеву Хуҷанду Бохтар ва дигар ноҳияҳо бо хлор аз вирусу микроб пок мекунанд. Бо вуҷуди ин нигаронӣ дар байни мардум аз сирояти беморӣ зиёд аст ва хариди оммавии доруҳои зиддивирусӣ ба чашм мерасад, ки ба гуфтаи табибон истифодаи бе дастури онҳо ҳеҷ фоидае ба сиҳатии инсон ва муолиҷаи COVID-19 надорад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG