Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коронавирус ба занони ҳомила чӣ таъсир мегузорад? ВИДЕО


СОVID-19 ба занони ҳомила чӣ таъсир мегузорад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:36 0:00

СОVID-19 ба занони ҳомила чӣ таъсир мегузорад?

Бо вуҷуди нав будани коронавирусе, ки бемории COVID-19 бармеангезад, табибон медонанд, ки ин вирус ба занони ҳомила ва ҷанини батни онҳо асар мегузорад.

Ҳоло онҳо саъй доранд, маълум кунанд, чаро аҳволи баъзе занони обистан ва ё ҳомилае, ки ба бемории мазкур мубтало шудаанд, бад мешавад.

Вақте зане обистан мешавад, системаи масунияти баданаш барои муҳофизати кӯдак тағйир меёбад. Чунин тағйирот модарро дар баробари вирусҳое, мисли зуком ва бемориҳои сахти дигар осебпазир мекунад. То ҳол пажуҳишҳо дар бораи занони обистани мубтало ба COVID-19 натиҷаҳои боварибахш ва ҳам изтиробангез додаанд.

Тосин Гоҷӣ, табиби беморхонаи Кливленд дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мегӯяд, “занони обистани бемор дар муқоиса бо занони дигари ҳамсолашон, ки COVID-19 надоранд, бештар бистарӣ мешаванд, ба шуъбаҳои эҳё меафтанд ва ба дастгоҳҳои нафаскашӣ зиёдтар эҳтиёҷ пайдо мекунанд.

Табибон саъй доранд, маълум кунанд, то куҷо COVID-19 назар ба зукоми маъмулӣ барои занони обистан хатарнок аст.

Брена Ҳю, табиби Донишгоҳи Дюки Амрико мегӯяд, “то ҳол маълум шудааст, ки ин беморӣ мисли зуком дар замони ҳомиладорӣ сахт нест”.

Вале Маркази назорат ва ҷилавгирӣ аз бемориҳо дар Амрико мегӯяд, занони обистани гирифтори COVID-19 бештар бо бемориҳои ҷиддӣ бистарӣ мешаванд, кӯдак меафтонанд, ё тифли норасиду мурда таввалуд мекунанд. Таҳқиқоти дигар ин гуфтаҳоро собит накардааст.

Ба андешаи Брена Ҳю, табиби Донишгоҳи Дюки Амрико “азбаски COVID-19 нав аст, бояд андаке сабр кунем. Мо тамоми иттиллооти лозимро ҳоло надорем, ки хулоса кунем, хатари беморӣ барои занони обистан чӣ қадар аст”.

Масалан шиддати равонӣ ё стресс ҳам метавонад асар гузорад. Монеаҳое, ки пандемия овард, аз ҷумла карантин, нагузошт, ки занони обистан муоинаҳои ҳатмиро гузаранд ва ё ҳатто бе ҳузури табиб таваллуд кунанд.

Баъзе аз занон аз тарси сирояти коронавирус ба назди табибашон ҳам намерафтаанд.

“Муоинаҳои ҳатмӣ бахусус дар моҳҳои 7 ва 8 яке аз роҳҳоест, ки мо сиҳатии занонро тазмин медиҳем ва маълум мекунем, ки кӯдак зинда аст”,-гуфт Брена Ҳю.

Аммо то замоне, ки ҳамачиз дар бораи СОVID-19 маълум нест, занони обистан бояд бо пӯшидани ниқоб, фосилагирии иҷтимоӣ, дурӣ аз издиҳом, риояти хуби қоидаҳои беҳдоштӣ худро аз коронавирус эмин нигаҳ доранд. Табибон мегӯянд, агар модаре эҳсос кунад, ки ҳаракати ҷанин кам шудааст, бояд ба табибаш муроҷиат кунад.

Шарҳҳоро бинед (1)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG