Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Умед ва ноумедии муҳоҷирон аз тарҳи қонуне дар Русия, ки сабукӣ пешбинӣ мекунад. ВИДЕО


Муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Дар Русия тарҳе баррасӣ мешавад, ки ба муҳоҷирон имкони бе берун шудан аз ин кишвар иҷоза медиҳад, ҳадафи сафари худро дигар кунанд.

Вазорати корҳои дохилаи Русия тарҳи нави қонунеро омода ва пешниҳод кардааст, ки тибқи он эҳтимол дорад, будубоши муҳоҷирон каме сабук шавад. Қаблан ҳадафи вуруд ба Русия танҳо ҳангоми убури марз дарҷ мешуд ва тағйири он дигар ғайриимкон буд.

Агар нафаре бо ҳадафи таҳсил ё табобат ба Русия рафтааст, вале мехоҳад кор кунад, ҳадафашро аз кишвар берун нарафта метавонад дигар кунад. Пештар бояд аз кишвар берун мешуд ва баъдан бо ҳадафи кор ворид мегашт.

Видеоро ин ҷо бубинед.

Ҷаҳонгир, муҳоҷир аз Тоҷикистонро хабари тағйирот дар қонун оид ба мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ҳоло чандон хушҳол накардааст.

Ин тағйирот дар қонунро ахиран Валентина Казакова, раҳбари сарраёсати умури муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия ба муҳокимаи Шӯрои ҷамъиятӣ пешниҳод кард.

Ба назари Ҷаҳонгир, дар ин тарҳи пешниҳодшуда норӯшаниҳо зиёд аст, аммо тағйирот дар масъалаи ҳадафи сафар ба гуфтаи ин муҳоҷир, барои ӯ ва дигар ҳамватанонаш то ҷое сабукӣ медиҳад.

Ҷаҳонгир Мирумаров, муҳоҷири тоҷик мегӯяд, “хароҷот кам мешавад ва ҳар вақт вобаста ба имконият муҳоҷир метавонанд берун нарафта ҳадафи сафарро тағйир диҳад”.

“Масалан ҳамин сол ба далели пандемия донишҷӯён натавонистанд ба ватани худ баргарданд. Таътил доштанд, бепул монданд, аммо наметавонистанд кор кунанд, чун ҳадафи сафарашон замони ворид шудан ба Русия таҳсил дарҷ шуда буд”,-гуфт ӯ.

Муттахассисон ҳам чанд нуктаи тарҳи ислоҳи қонун дар бораи мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷиро зери суол мебаранд.

Ба бовари Усмон Баротов, раҳбари ҷамъияти узбекҳо бо номи “Ватандош" "сабаби норушаниҳо эҳтимол набуди маълумоти пурра дар бораи тарҳи қонун аст".

Дар маҷмӯъ, ба бовари ӯ, бо қабул шудани қонун муҳоҷирон дигар маҷбур ба тарк кардани кишвар намешаванд ва ин ҳам зиндагии онҳоро то ҷое осонтар мекунад. Аммо коршинос, ба ин зудӣ мавриди иҷро қарор гирифтани қонунро зери суол қарор медиҳад.

“Президент Путин то давраи пандемия дар як паёми худ гуфта буд, РВП бекор ва ба шаҳрванди хориҷӣ якбора иҷозаи иқомат дода мешавад. Вале ҳоло, ки мо бо тарҳ ошно шудем, дар он гуфта шудааст, ки ин тарҳ ба қонунгузорӣ соли 2021 ворид шуда, аз соли 2022 мавриди иҷро қарор мегирад. Яъне чизе, ки Путин ним соли пеш гуфта буд, Вазорати корҳои дохила амалишавии онро чанд сол тул медиҳад”,-гуфт Усмон Баротов.

Вазорати корҳои дохилии Русия тасмим дорад, ба тарҳи нави қонуни мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ супурдани изи ангуштро ворид кунад. Дар назар аст, ки муҳоҷирон изи ангушт супоранд ва аз ташхиси тиббӣ гузаранд.

Ин маълумотҳо дар корти электронӣ ё ай ди корти онҳо ворид карда мешавад. Ҳамчунин тибқи ин тағйирот тасмим аст, буду боши муҳоҷирон ба се гуруҳ ҷудо карда шавад. Гуруҳи якум будубоши кутоҳмуддат аст, ки на камтар аз 90 рӯзро дар бар мегирад. Қарор аст, дар оянда муҳоҷирон ҳамчунин бидуни ширкати кишвари қабулкунанда худро дар қайди муҳоҷират гузоранд. Дар масъалаи ҷалби муттахассисони соҳибтаҷриба дар лоиҳаи нави қонун ҳам тағйирот пешбинӣ шудааст.

Валентина Казакова, раҳбари сарраёсати умури муҳоҷирати ВКД-и Русия мегӯяд: “Феҳристи коргарони хориҷӣ ва корфармоён ташкил мешавад, ки дар он дақиқу шаффоф дарҷ мешавад, ки корфармо мехоҳад касеро даъват кунад ва оё муҳоҷир метавонад ба ин кор мувофиқ бошад? Онҳо метавонанд бо ҳам шинос шаванд. ”

Дар ҳамин ҳол, Михаил Мишустин, нахуствазири Русия дар як ҷаласаи ҳукумат ҳам эълон кард, ки Русия тартиби сафари хориҷиёнеро, ки хешовандони наздикашон шаҳрвандии Русияро доранд, осон мекунад.

"Ин хешовандон метавонанд раводид ба мӯҳлати 1 сола бигиранд. Чунин виза ё раводид ҳам дар асоси як аризаи одии шаҳрванди Русия пешниҳод хоҳад шуд",-гуфт ӯ.

Мақомоти Русия мегӯянд, осон ва шаффоф будани тартиби воридшавии шаҳрвандони хориҷӣ ба ҳудуди ин кишвар, ба манфиати Маскав аст.

Дар як соли гузашта аз патенти муҳоҷирон ба буҷаи Русия 60 миллиард рубл даромад ворид шудааст.

Шарҳҳоро бинед (2)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG