Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти ҷонибдорони Алмосбек Отамбоев дар Бишкек


Норозиён ҳамчунин озодии сарвазири пешин Сафар Исҳоқовро низ талаб карданд.
Норозиён ҳамчунин озодии сарвазири пешин Сафар Исҳоқовро низ талаб карданд.

Ҷонибдорони президенти пешин ва боздоштшудаи Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар назди додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек эътироз мекунанд.

Ба иттилои хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ аз маҳалли таҷаммуъ, дар назди додгоҳи Якуми май мухолифони Отамбоев низ бо талаби зиндонӣ кардани ӯ ҷамъ шудаанд.

"Раиси Бундёи "Мээр жазӣ" Иргалай Бекмуратова мегӯяд, "Отамбоев бояд барои ҷиноятҳое посух гӯяд, ки дар давраи президентияш анҷом додааст".

Вале ҷонибдори президенти пешини Қирғизистон раҳоии Отамбоев ва онҳоеро талаб доранд, ки ҳамроҳи ӯ боздошт шуда буданд. Вакили порлумони Қирғизистон Ирина Карамушкина гуфт, тазоҳуроти мухолифони Отамбоевро мақомот баргузор кардаанд.

Додгоҳи Якуми май имрӯз баррасии парвандаи ҳаводиси деҳаи Кой-Тошро идома медиҳад.

Рӯзҳои 7-8 августи соли гузашта дар деҳаи Кой-Тош "амалиёти иҷборан эҳзор кардани президенти пешини Қирғизистон ба бозпурсӣ" баргузор шуда, дар натиҷаи задухӯрди нерӯҳои пулис бо ҷонибдорони Отамбоев даҳҳо кас осеб диданд. Аз ҷумла, як афсари Кумитаи амнияти ин кишвар ҷон бохт.

Алмосбек Отамбоев дар ҳоли ҳозир дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти Қирғизистон қарор дошта, ба ӯ то 26 соли зиндон таҳдид мекунад. Додситонии кулли Қирғизистон Отамбоевро дар чандин ҷинояти сангин, аз ҷумла дар робита ба ҳаводиси Кой-Тош, ғайриқонунӣ озод кардани соҳибнуфузи ҷиноӣ Азиз Батукаев, фасодкорӣ ва ғайра айбдор кард. Дар маҷмуъ нисбати Отамбоев 14 айб эълом шудааст.

XS
SM
MD
LG