Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соҳибкори тоҷик дастгоҳи худкори "дезинфексия" сохтааст. ВИДЕО


Як соҳибкори тоҷик дастгоҳи худкори "дезинфексия" ё зиддиуфуниро сохтааст, ки барои насб кардан дар даромадгоҳи бозору бемористонҳо ва биноҳои баландошёна пешбинӣ шудааст.

Фазлиддин Аҳмадов, молики корхонаи "Файз" дар Хуҷанд гуфт, дастгоҳ имкон медиҳад, сокинон натанҳо дасти худро бо маҳлулҳои беҳдоштӣ пок кунанд, балки либосашонро низ "безарар" гардонанд.

"Ҳоло мардум дастҳои худро бо маҳлулҳои беҳдоштӣ мешӯянд, аммо либосҳо тоза карда намешаванд. Вақте ба хона медароед, кӯдакон оғӯш мегиранд ва эҳтимол вирус ба онҳо гузарад. Ин дастгоҳ дар чанд сония аз чаҳор тараф маҳлулро мепошад ва тамоми бадани одамро пок мекунад", -- шарҳ дод ӯ.

Ба қавли соҳибкор, "ин дастгоҳ дар шароити коронавирус ба Тоҷикистон зарур аст ва мо мехоҳем ба ин восита барои муқобила бо густариши бемории ҳамагир саҳм гузорем."

Вай айни замон афзуд, аз ин фурсат ба нафъи молии худ суистифода карданӣ нест, танҳо мехоҳад харидорон харҷи дастгоҳҳои сохтаашро бипардозанд.

Соҳибкори тоҷик мегӯяд, феълан ду намуд чунин дастгоҳи зиддиуфуниро сохтааст, ки бузургтараш 5 ҳазор сомонӣ ва хурдӣ 1,5 ҳазор сомонӣ аст.

Ин дар ҳолест, ки бархе аз сокинон мегӯянд, дар чунин шароит афроди одӣ ба харидани дастгоҳҳои зиддиуфунӣ имкони молӣ надоранд. Чанде аз онҳо гуфтанд, беҳтар аст афроди доро ё мақомот чунин дастгоҳҳоро дар бемористону маконҳои дигари серодам насб кунанд.

Барои истифода дар дастгоҳ ду маҳлули беҳдоштӣ таҳия шудааст, ки маҳлули аввал аз оби дестилат, 10 дарсад део-хлор, 5 дарсад спирт ва равғани эфир ва маҳлули дигар аз 65 дарсад спирт, глитсирин ва аромотизатор иборат будааст.

Аҳмадов мегӯяд, дастгоҳи сохтааш худкор аст ва баробари ба дохилаш даромадани кас маҳлулпош ба кор медарояд.

Дар ҳамин ҳол, соҳибкорон аз Қазоқистон ба дастгоҳи сохтаи Фазлиддин Аҳмадов таваҷҷуҳ кардаанд ва омодаанд онро бихаранд. Ӯ мегӯяд, танҳо пас аз таъмин шудани ниёзи Тоҷикистон ба чунин дастгоҳҳо ҳозир аст онро содирот кунад.

Соҳибкори 37-солаи тоҷик Фазлиддин Аҳмадов мегӯяд, пас аз хатми донишгоҳ бо таъсиси як коргоҳ дар дохили кишвар ба истеҳсоли мебел машғул аст.

Бо сохтани дастгоҳи зиддиуфунӣ Аҳмадов рӯйи сохтани дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ ва ё ИВЛ низ кор мекунад.

"Бародари ман дар Амрико аст. Як муҳандиси амрикоӣ ба мо дар таҳия ва нақшаи соддаи сохтани чунин дастгоҳ ёрӣ мекунад. Бар замми ин мо ҳоло як гуруҳи панҷнафарии иборат аз ду муҳандис, духтур ва технологҳо ташкил додем. Аз ҳоло кишвар ба камбуди чунин дастгоҳҳо рӯ ба рӯ шуда истодааст. Минбаъд чунин дастгоҳҳо бештар зарур мешаванд", -- иброз дошт Аҳмадов.

Пештар вазири собиқи тандурустӣ Насим Олимзода дар порлумон гуфта буд, ки дар кишвар беш аз 500 дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ вуҷуд дорад ва ният доранд боз 100 дастгоҳи дигар бигиранд.

Ҳафтаи гузашта кишвар аз Олмон 27 дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ харид.

Аммо бино ба феҳрасти эҳтиёҷоти шифохонаву табибони Тоҷикистон, ки барои дарёфти кӯмакҳои башардӯстона ва бо кӯмаки муассисаҳои Созмони Милал таҳия шудааст, барои бемороне, ки ба нафасгирии сунъӣ эҳтиёҷманд мешаванд, 500 дастгоҳи махсуси нафасдиҳӣ зарур будааст.

Мақомоти Тоҷикистон рӯзи 30-юми апрел мавҷудияти коронавирусро дар кишвар тасдиқ карданд. Аз он замон то кунун, ба иттилои расмӣ, 293 ба COVID-19 гирифтор шуда, панҷ нафар аз ин бемории ҳамагир фавтидаанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (12)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG