Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳлези нав ва сарнавишти роҳи оҳан аз Чин то Тоҷикистон


Харитаи роҳи оҳан аз Чин то Тоҷикистон

Дар ҳоле ки Чин даҳлези нави нақлиётии худро ба Узбекистон боз мекунад, дурнамои бунёди хатсайри роҳи оҳани Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эронро коршиносон дар ояндаи наздик ба далели набуди сармоягузорӣ норӯшан медонанд.

Дар мавриди роҳандозии нахустин блок-поезд дар даҳлези чандҳолата (мультимодальный)-и Чин-Қирғизистон-Узбекистон аввали июн дафтари матбуоти Вазорати сармоягузорӣ ва тиҷорати берунии Узбекистон хабар дод. Гуфта мешавад, ки блок-поезд бо 25 контейнер ба Тошканд тавассути истгоҳи роҳи оҳани “Лонжу”-и музофоти Гонсу (Чин) тариқи Қошғар ба Шинҷон ва порти Иркештами Қирғизистон, аз он ҷо ба шаҳри Ӯш ва минбаъд ба самти Узбекистон меравад. Дар айни ҳол қитъаи роҳи миёни Қошғар, Иркештам ва Ӯш мошингард мебошад. Мувофиқи иттилои дода шуда ин роҳ 295 км кӯтоҳтар аз масирҳоест, ки тавассути Қазоқистон мегузаранд ва замони дар роҳ буданро то 5 рӯз кам мекунад.

Дар ҳамин ҳол, сарнавишти даҳлези нақлётие, ки қисман бояд давоми ин қитъаи роҳ ба сӯйи Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон мешуд, норӯшан боқӣ мондааст. Коршиносон дар мавриди алоқаманд будани бозигарони минтақавӣ ба он суҳбат мекунанд, вале дар мавриди иҷро шудани он дар фурсатҳои наздик шубҳа доранд.

Чашмандози бидуни мушаххасот

Бори ахир мақомоти Тоҷикистон дар мавриди тарҳи роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон дар поёни моҳи декабри соли 2019, замоне ки дар Душанбе созишнома дар бораи бунёди роҳи оҳани Ҷалоллиддин Балхӣ-Ҷайҳун-Панҷи Поён-Шерхон Бандар (Афғонистон) ба имзо расид, ёдовар шуда буданд. Он замон дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон гуфта буданд, ки созишнома барои бунёди роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон замина мегузорад ва ба иҷро шудани тарҳи Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон бо чашмандози дастрасӣ пайдо кардан ба бандарҳои обии Бандар Аббос, Чобаҳор (Эрон) ва Гвадар (Покистон) мусоидат мекунад.

Пештар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон таъкид карда буд, ки барои сармоягузорӣ дар қитъаи роҳ аз Ҷалолуддин Балхӣ то Шерхон Бандар гуфтугӯҳо бо Бонки осиёии рушд, Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд ҷараён дорад. Барои иҷро шудани ин тарҳ, аз ҷумла барои бунёди пул бар дарёи Омӯ ба сӯйи Афғонистон ҳукумати Тоҷикистон хостори 50 млн доллар аст. Вале посухи расмӣ ба ин дархост то кунун дода нашудааст.​

Умедворӣ аз Эрон

Коршиноси тоҷик Қосим Бекмуҳаммад мегӯяд, иҷрои ин тарҳ ба нафъи на танҳо бозигарони муҳим, монанди Чин ва Эрон, балки боқии ширкаткунандагон, аз ҷумла Тоҷикистон низ хоҳад буд, ки аз ин тариқ ба самти ҷануб роҳ боз хоҳад кард ва ба бозорҳои он дастрасӣ пайдо хоҳад намуд.

“Ин тарҳ аз назари молӣ ҳазинаҳои болое дорад ва ҳанӯз манобеи молии лозим пайдо нашудааст. Фикр намекунам буҳрони иқтисодӣ ва молие, ки дар пайи ҳамагир шудани вируси куруно ба миён омадааст, иҷозаи иҷрои ин пружа дар ояндаи наздик ва ҳатто миёнмуддатро диҳад”,-мегӯяд коршинос.

Қосими Бекмуҳаммад, таҳлилгар
Қосими Бекмуҳаммад, таҳлилгар

Дар баробари ин ба гуфтаи ӯ, эҳтимолан дар интихоботи баъдии раёсати ҷумҳурӣ ҳам ба пирӯзӣ расидани намояндаи усулгароён, таваҷҷуҳи Ҷумҳурии исломӣ дубора ба Шарқ ва тарҳҳои истротежик дар ин самт дӯхта хоҳад шуд.

Ибтикори бунёди роҳи оҳани Эрон-Афғонистон-Тоҷикистон-Қиғизистон-Чин дар соли 2010 аз сӯйи Эрон пешниҳод шуд ва бо гузашти 4 сол –декабри соли 2014 дар Душанбе кишварҳои минтақа сари ин тарҳ ба тавофуқ расиданд. Дарозии роҳ бояд ҳудуди 2 ҳазор км дар бар бигирад, ки 580-км он тариқи Тоҷикистон мегузарад. Роҳ аз Панҷи поён оғоз шуда тавассути ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Ёвон, Ваҳдат, Файзобод ва Ҷиргатол то сарҳади Қирғизистон мерасад. Ҳамчунин бунёди 16 км нақб ва 47 пул дар назар аст. Аз ҳама душвортарин масирро коршиносон қитъаи Ваҳдат-Қарамиқ (сарҳади Қирғизистон) ном мебаранд, ки 270 км дароз дорад. Бино ба ҳисобҳои пешакӣ барои иҷроӣ шудани қисмати тоҷикистонии роҳ бештар $3,2 млрд зарур аст.

Соли 2010 ҳукумати Эрон ваъда дода буд, ки барои имконсанҷии тарҳ ҳудуди як млн доллар бурсия медиҳад, вале ба далели сард шудани равобити Теҳрону Душанбе ин мавзъу ҳалношуда монд. Аз сӯйи дигар иқтисоди Эрон буҳрони шадидеро бар пайи таҳримҳои амрикоӣ ва ҷаҳонӣ пушти сар мекунад.

"Тарҳ мунтазири рӯзҳои безҳтар аст"

“Ин масир аз оғоз дар давроне коркард шуд, ки равобит бо Узбекистон хуб набуд ва замони равобити беҳтарин бо Ирон буд. Баъди беҳбуди равобит бо Тошканд иҷрои тарҳ дигар хеле муҳим нест. Вале ин ба он маъно нест, ки ҳукуматҳо бунёди онро намехоҳанд, дар ҳар сурат ин масъала замоне ҳал мешавад, ки вазъи иқтисодии ин кишварҳо беҳтар бишавад”,- гуфт ба Радиои Озодӣ коршиносе аз Душанбе, ки нахост номаш бурда шавад.

Мо талош кардем, ки посухи расмии Вазорати нақлиёти Тоҷикистонро дар мавриди иҷро шудани тарҳ дарёфт кунем, вале дар ин ниҳод аз ироаи посух тавассути телефон худдорӣ карданд.

Зимнан, дар ду соли ахир Тоҷикистон бо Туркманистон мушкил пайдо кардааст, ки ахирӣ ба таври системотик убури мошинҳои боркаш ва вагонҳои роҳи оҳани Тоҷикистонро тавассути қаламраваш манъ кардааст. Коршиносон ин амалкарди Туркманистонро ба берун рафтани Тоҷикистон аз тавофуқи бунёди роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон марбут медонанд.

Чин ёрӣ мекунад?

Шорреҳи иқтисодӣ Нур Сафаров бар ин назар аст, ки тарҳи роҳи оҳан аз Афғонистон ба Чин пеш аз ҳама геополитикӣ аст ва иҷро шудани он аз муваффақиятҳои Чин дар минтақа вобаста аст.

“Дар ҳама давру замон роҳҳои оҳанро, пеш аз ҳама барои ҳамлу нақли борҳои бузурги низомӣ месохтанд. Масъалаи дигар – андозаи роҳи оҳан аст. Дар Чин, дар Афғонистон, дар Осиёи Марказӣ – дар ҳар ҷое андозаҳо гуногунанд. Ин ҳам боз бар асари таҳҷизоти низомӣ чунин сохта шудааст. Оё ҳамаи кишварҳо омода ҳастанд, ки андозаи меъёрӣ барои тамоми кишварҳои минтақа ва Чинро бисозанд? Ин аллакай масъалаи истротежик аст. Чин, дар минтақа солиёни зиёди дигар нақши ҷиддие бозӣ мекунад, албатта агар дар дохили ин кишвар ва сиёсатҳои берунии иқтисодияш тағйироте сурат нагирад”,-мегӯяд Сафаров.

Бояд гуфт, ки дар соли 2015 зимни як дидор дар Бишкек тавофуқе ҳосил шуд, ки паҳноии андозаи роҳ бояд ба меъёрҳои аврупои мувофиқат кунад, на ба стандартҳои пазируфташудаи кишварҳои Шӯравии пешин. Дар роҳҳои оҳани Тоҷикистону Қирғизистон паҳноии андозаи роҳ 1520 мм аст, вале дар Эрону Чин роҳҳо мувофиқ ба стандартҳои аврупоӣ сохта шудаанд(1435 мм).

Чин дар солҳои ахир ба яке аз сармоягузорони аслӣ, аз ҷумла тарҳои зербиноии Тоҷикистон табдил шудааст. Душанбеи расмӣ худро яке аз шарикон дар иҷро шудани истротежии “Як камарбанд-як масир”-и Пекин нишон медиҳад ва ин истротежиро ҳамчун як имкони берун рафтан аз бунбасти иртибототӣ медонад.

Сиёсатшинос Наргис Мурталиева мегӯяд, ки дар иҷро шудани масири Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон ин мавзуъ то кунун норӯшан аст, ки сармоя чӣ гуна ва бо чӣ шароите ҷалб карда мешавад. “Барои мисол тарҳи Чин-Қирғизистон-Узбекистон, ки бештар аз 20 сол аст, ки танҳо дар назария мечархад, амалан иҷроӣ нашудааст, мешавад ҳадс зад, ки ин тарҳ ҳам яке аз гузинаҳои тарҳҳои болои коғаз хоҳад буд. Ба ҷуз ин дар пасманзари ҳамагирӣ, авлавиятҳо ба тарҳҳои зербиноӣ шояд бознигарӣ шавад”,-ҳадс мезанад киоршинос.

Шарҳҳоро бинед (5)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG