Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сайёҳӣ дар давраи коронавирус: Мардум пул надоранд, ширкатҳо муштарӣ


Сайёҳони хориҷӣ дар кӯчаҳои Душанбе.

Ширкатҳои сайёҳӣ дар Тоҷикистон аз коҳиши муштариёни худ дар мавсими тобистони имсол хабар доданд. Пандемияи COVID-19 бозори ҷаҳонгардиро сард карда, ҳоло на танҳо сайёҳони хориҷӣ, балки гардишгарони дохилӣ ҳам имкони сафар ба мавзеҳои фарҳангиву истироҳатиро надоранд.

Акрам Каримов, сокини Душанбе нақша дошт, ки тобистони имсол дар соҳили баҳри Миёназамин ё Мадитарона истироҳат кунад. Аммо бемории ҳамагири каронавирус барномаҳои ӯ ва шояд ҳазорон ошиқи ҷаҳонгардиро дигар кард.

Каримов акнун ба ҷойи баҳри Миёназамин дар соҳилҳои Баҳри тоҷик мегузаронад. Харҷи як рӯзи истироҳат дар инҷо ба қавли Каримов бо беҳтарин хизматрасонӣ аз 300 то 500 аст. Маблағе ки барои як хонаводаи миёнҳол кам нест.

"Соли гузашта ба шаҳрҳои Самарқанду Бухоро рафта будам, албатта Узбекистон нисбатан арзонтар аст. Агар дар ҳамин шабу рӯз шумо барои истироҳат ба кишварҳои дигари хориҷи кишвар равед нархи хизматрасонӣ гарон аст. Ҳоло бо нисфи он дар дилхоҳ мавзеҳои истироҳатии Тоҷикистон метавонед фароғат кунед. Аммо маълум аст, ки одамон чандон зиёд нестанд,"-гуфт Акрам Каримов.

Мақомоти тоҷик аз рӯзи 15-уми июн баъзе аз маҳдудиятҳои ба хотири коронавирус ҷоришударо бекор карда, аз ҷумла ба минтақаҳои туристӣ иҷозаи фаъолият доданд. Аммо ҳоло танҳо сайёҳони дохилӣ имкони тамошо ва истироҳат дар ин маконҳоро доранд. Ҳанӯз изоҷаи расмии қабули гардишгарони хориҷӣ содир нашудааст.

Соҳили Баҳри тоҷик
Соҳили Баҳри тоҷик

Ширкатҳои сайёҳӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, солҳои ахир сайру сафарҳои тоҷикистониён афзоиш ёфта буд, вале ин бозор имсол сард шуд. Дар оғози мавсими ҷаҳонгардӣ имсол роҳи сайёҳони хориҷӣ ба кишвар баста аст. Ба гуфтаи масъулини ширкатҳои сайёҳӣ, дар дохил ҳам вазъи иқтисодии мардум хуб нест ва мардум барои рафтан ба сайру саёҳат камтар маблағ ҷудо мекунанд. ​

Суҳроб Қурбонов, раҳбари ширкати сайёҳии "Бунёд-тур" ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо мисли солҳои қаблӣ омодаанд сафари сайёҳонро ба мавзеҳои таърихиву фарҳангӣ ва истироҳатӣ бидуни мушкил анҷом диҳанд, вале мизоҷон хеле каманд.

Ба таъкиди Қурбонов, "ҳоло хатсайрҳои мо ба тарафи Ҳафткул, Искандаркул, Чилучорчашма, Ромит ва Норак фароҳам аст. Аммо тамоман одам нест. Қабл аз пандемияи каронавирус аз гардишгарони хориҷӣ ба тариқи онлайн фармоиш гирифта будем, аммо ин бемории ҳамагир сафари онҳоро ба ҳам зад. Ҳамчунин мо барои саёҳат ба хориҷ аз Тоҷикистон ҳам сайёҳ мефиристем, аммо дар ин мавсим касе барои ин муроҷиат накардааст."

Ширкатҳои сайёҳӣ дар ҳоле аз набуди муштарӣ дар мавсими тобистон шикоят доранд, ки мақомот мегӯянд, талош доранд теъдоди хатсайрҳои навро афзоиш диҳанд.

Абдукарим Қурбонов, як масъули Кумитаи рушди сайёҳӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, бо ташкили хатсайрҳои нав ба маконҳои истироҳатӣ ва таърихӣ мехоҳанд сайёҳони бештарро дар мавсими нав ҷалб намоянд. "Барои мисол як сайёҳ агар ба як минтақа сафар карда бошад шояд барои ӯ дубора рафтан дар онҷо чандон ҷолиб набошад, аз ин хотир мо кӯшиш мекунем маконҳои истироҳату фарҳангиро бештар кунем. Дар ҳамин давраи пандемия мо алакай 12 хатсайри нав ташкил кардем,"-афзуд ин масъули Кумита рушди сайёҳӣ.

Қалъаи Ҳисор аз маконҳои дидании сайёҳон аст
Қалъаи Ҳисор аз маконҳои дидании сайёҳон аст

Коршиносон мегӯянд, камбуди молиявӣ агар як сабаби худдории шаҳрвандони Тоҷикистон аз сайёҳат бошад, аз ҷониби дигар дар шуури аксарият то ҳол саёҳати ҳарсола дар соҳили баҳр ё маконҳои ҷаҳонгардӣ ҷой нашудааст. Ҳарчанд сокинон мегӯянд, дар мавсими буҳрони пешомада аз пандемияи коронавирус беҳтар аст як миқдор маблағи худро захира кунанд.

Алимаҳмад ,аз мусоҳибони дигари мо гуфт, боре ҳам барои саёҳат ба хориҷӣ кишвар нарафтааст, аммо соли гузашта ба куҳҳои баланди Мурғоб тамошо рафтааст. Аммо имсол барномаи сафари ӯ ба Искандаркул лағв шуд, чун шароити иқтисодӣ барои хонаводаи панҷ нафараи ӯ чунин имконро надод.

"Барои як рӯз як нафар 180 сомонӣ, барои панҷ кас ҳисоб кунед. Се моҳи охир зиндагӣ вазнин шуд ва мо ки зиндагиро бо маоши моҳона пеш мебарем ин шабуруз руз саёҳат имкон надорад".

Бар асоси омори расмӣ ду соли ахир дар баробари ҷаҳонгардони хориҷӣ, таваҷҷӯҳи мардуми бумӣ ба минтақаҳои сайёҳӣ ва осоишгоҳу мавзеъҳои диданӣ бештар шудааст. Ҳоло дар кишвар 280 маркази хизматрасонӣ, аз ҷумла истироҳатгоҳҳои табобативу фароғатӣ ва маконҳои таърихӣ фаъоланд.

Кумитаи рушди сайёҳӣ гуфт, дар соли 2019 беш 1 миллион сайёҳи хориҷӣ ва 400 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз мавзеъҳои сайёҳии кишвар дидан кардаанд. Ҳарчанд шубҳаҳо дар бораи ин омори мақомот зиёд аст ва бархе мунтақидон мегӯянд, мақомот ҳар нафари аз хориҷа омадаро ҳамчун сайёҳ сабт мекунанд.

Дар Раёсати савдои Оҷонсии омори Тоҷикистон гуфтанд, ки дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 296 ҳазору 100 нафар хориҷӣ ба Тоҷикистон сафар карданд, ки аз онҳо 288 ҳазору 400 нафарашон сайёҳон мебошанд.

Омори моҳҳои баъдӣ, ки ба авҷи COVID-19 рост омаданд, ҳанӯз дастрас нест ва ба эҳтимоли зиёд коҳиши ҷиддиро нишон хоҳад дод. зеро марзҳо баста ва парвозҳо манъ шуданд.

Иқтисоддонҳо мегӯянд, аксаран онҳое имкони истироҳат дар маконҳои хушбоду ҳаворо доранд, ки маошашон ҳадди ақал 150-200 доллар аст ва ё фарзандонашон соҳиби кори муносибанд ва ё тиҷорат доранд. Як рӯзи будан дар баъзе аз осоишгоҳҳо аз 200 сомонӣ зиёдтар аст.

Дар Тоҷикистон тибқи омори ахир, ҳудуди 130 ширкати сайёҳӣ фаъолият мекунад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (5)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG