Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Рӯйхати алтернативӣ"-и қурбониёни коронавирус дар Тоҷикистон дастнорас шуд. АКС


Пизишкон дар Русия. Акс аз бойгонӣ
Пизишкон дар Русия. Акс аз бойгонӣ

Пойгоҳи интернетие, ки рӯйхати алтернативии қурбониёни бемории COVID-19-ро дар Тоҷикистон нашр мекард, рӯзи 11-уми май дар қаламрави кишвар дастнорас шуд. Ин рӯйхат аз омори расмии қурбониёни коронавирус дар Тоҷикистон бамаротиб фарқ дорад. Бино ба омори расмӣ, то 11-уми май 21 нафар аз бемории ҳамагир фавтидаанд. Дар рӯйхати алтернативӣ номи беш аз 140 нафар дарҷ шудааст, ки бовар меравад аз коронавирус ва илтиҳоби шуш даргузаштаанд.

Сабаби баста шудани вебсайт дар Тоҷикистон маълум нест. Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, бархе аз муаллифони рӯйхати алтернативӣ аз ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ таҳдид гирифтаанд, ки "барои тарспароканӣ" ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Иттилоъро аз ҳар ҷо ҷамъ овардаанд

Як ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ, ки дар такмили феҳрасти қурбониҳо дар вебсайти https://kvtj.info/ саҳм гузоштааст, гуфт, шахсан номи 15 нафарро ба ин рӯйхат ҷой кардааст. Ин ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ сокини шаҳри Душанбе аст ва мегӯяд, вебсайт тахминан чаҳор рӯз пеш аз ҷониби фаъолони интернетӣ таҳия шуд. Ба он ном, маҳалли фавт, ҷойи кору машғулият, санаи фавт ва ҷузъиёти дигари марбут ба ҳар қурбонӣ дар шакли ҷадвал ворид карда мешавад.

Ин ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ, ки бо далоили амниятӣ нахост номаш нашр шавад, гуфт, тамоми номҳое, ки дар феҳраст дарҷ шудаанд, бар пояи иттилои бозу дастрас дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва матбуот гирдоварӣ шудааст.

"Ин сайт истифодаи содда дорад, мисли Google document, дар боло як равзана дорад ва дар зераш маълумот навишта мешавад. Ҳар кас метавонад вориди он шуда дохилашро пур кунад", - шарҳ дод ӯ. Ин корбар гуфт, як-ду рӯзи аввал ба ин феҳрист бархе иттилои носанҷидаро ҳам ворид карданд, вале баъдан он "модератсия" шуд ва иттилои дақиқу тасдиқшударо нигоҳ дошта, иттилои шубҳаоварро пок карданд.

Беэътимодӣ аз куҷо маншаъ мегирад?

Корбари дигари ин вебсайт ҳамчунин ба шарти ифшо нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, "шояд на бештар аз 5 дарсади иттилоъ дар ин вебсайт хато буд, вале дигар ҳамааш рост ва воқеӣ аст. Муҳим ин ки бар асоси иттилои наздикони қурбониҳо таҳия шудааст. Онҳо бо ному насаб ва таърихчаи дақиқи марги азизонашонро дар шабакаҳо нашр кардаанд".

Пайдо шудани вебсайти алтернативии қурбониҳои COVID-19 дар ҳолест, ки бисёриҳо дар Тоҷикистон ба дурустии омори мақомот дар заминаи сироятшавӣ ва марги сокинон бо шубҳа менигаранд. Кам будани эътимод аз моҳҳои гузашта маншаъ мегирад. Замоне ки матбуоти мустақил ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи бо шубҳаи коронавирус ба бемористон интиқол ёфтани чанд нафар дар вилояти Суғд ва марги аввалин беморон хабар доданд, вале мақомот пайваста онро рад карда, ба бемории илтиҳоби шуш рабт доданд.

Худдории мақомот аз ҷорӣ кардани чораҳои шадиди пешгирӣ аз паҳншавии вирус, ба мисли карантину муқаррароти хонашинӣ ва фосилагирии иҷтимоӣ эҳсоси нобовариро бештар кард.

"Таҳдид карданд, ки..."

Бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон, ки феҳрасти алтернативии маргумири сокинон бар асари COVID-19-ро нашр карданд, таҳти фишор қарор гирифтанд.

Аз ҷумла, як чунин феҳристи қурбониҳо дар вилояти Суғд, ки бар асоси иттиллои дақиқи хешовандони наздики қурбониҳо таҳия ва дар интернет нашр шуд, зоҳиран мояи нороҳатии мақомот гардид ва ба ноширон таҳдид карданд, ки онҳоро барои "воҳимапароканӣ" ба ҷавобгарӣ мекашанд.

Ихтилоф байни рӯйхати алтернативӣ ва омори расмӣ

Ихтилоф дар омори воқеиву расмӣ дар ҳолест, ки созмонҳои байналмилалии ёрирасон ба Тоҷикистон мегӯянд, бар асоси иттилои аз ҷониби давлат таҳияшуда кор мекунанд ва иттилои алтернативӣ ва ё “мардумӣ” ба кор намеравад.

Аз ҷумла, Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ва ё Пажӯҳишгоҳи Ҷон Ҳопкинс, ки ҷараёни паҳншавии коронавирусро дар як харитаи онлайнии фаъол пайгирӣ мекунанд, омори пахшкардаи мақомотро истифода мебаранд.

Люба Негру, сухангӯи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар Копанҳаген дар посух ба суоли Радиои Озодӣ рӯзи 11-уми май гуфт:

"СҶТ аз системаҳои мухталифи назорат аз COVID-19 истифода мекунад. Гузоришҳои кишварҳо яке аз манбаъҳои калидӣ аст ва Шумо иттилои бештарро дар ин вебсайт пайдо мекунед".

Вале, бо ин вуҷуд, ба гуфтаи Люба Негру, "бо сабаби ихтилоф дар усули гузоришдиҳӣ ва стратегияи санҷиш ё тест, омор дар ҳар кишвар фарқ мекунад". Ба иттилои Негру, бисёр кишварҳо бо мушкили гузоришдиҳии пайваста ё доимӣ ба СҶТ рӯбарӯ шудаанд, чун ба мушкили шинохти беморӣ дастбагиребонанд.

"Бисёр кишварҳо дар мушаххас кардани ин ки сабаби марги инсон COVID-19 аст, мушкил доранд", - мегӯяд сухангӯи СҶТ.

Ҳисоби дигарон чиро нишон дод?

Нобоварӣ ба омори расмӣ боиси он шудааст, ки бархе аз сокинони нигарон аз вазъи беҳдории кишвар бо такя ба таҷрибаву ҷараёни паҳншавии вирус дар кишварҳои дигар, масалан Аврупо, ҳисобу таҳлилҳои худро дар заминаи пешбинии паҳншавии беморӣ ва таъсири он ба ҷони инсонҳо барпо кардаанд.

Аюб Эгамов, коршиноси тоҷики муқими Аврупо, дар Фейсбук навишт, ки бо таҳлили вазъи кишварҳои дигари осебдида аз коронавирус ҳисоб кардааст, ки дар Тоҷикистон омори воқеии ошкор кардани марвидҳои сироят ба коронавирус "аз 1 дарсад камтар аст". Дар ҳоле ки, ба гуфтаи ӯ, "феълан шумори воқеии сироятшудаҳо метавонад аз 40 ҳазор нафар бештар бошад".

Ӯ мегӯяд, бар асоси ҳамин таносуб, шумори қурбониҳо ё ҳалокати инсонҳо метавонад "1200 нафар ва ё бештар бошад ва бо ин ки бисёриҳо аз бемориҳои музмин мемиранд, сабаби асосии марги онҳо COVID-19 мебошад".

Дар ҳоле ки ин ҳисобу китоби математикӣ бо омори расмӣ аслан қобили қиёс нест, бархе соҳибназарон мегӯянд, эҳтимол рӯзе дар Тоҷикистон мардум омори воқеии қурбониҳои коронавирусро дарёфт бикунад. Ҳоло ҳам дар бисёр муассисаҳои беҳдоштӣ тестҳои коронавирус вуҷуд надорад ва ё чунин санҷишҳо на ҳамеша барпо мешаванд ва ба хешовандон сабаби беморӣ ё марги инсон ҳамоно "пневмония" гуфта мешавад.

Бархе мунтақидон мегӯянд, масдудшавии дастрасӣ ба вебсайти фароҳамкунандаи омори алтернативии қурбониёни коронавирус як намунаи дигари барҷастаи пахши иттилои воқеиву бидуни сензура дар Тоҷикистон аст, ки мақомоташ барои саркӯби озодии баён мавриди интиқоди байналмилалӣ мебошад.

Корбарони шабакаҳои Радиои Озодӣ низ ба воситаи паёмгирҳо маълумотеро дар бораи маргумир аз COVID-19, илтиҳоби шуш ва бемориҳои дигарро пайваста мефиристанд. Дар заминаи ин иттилоъ феҳрасте ба миён омадааст, ки наздики 200 ном дорад, аммо ҳар порчаи ин маълумот ниёз ба санҷиш ва тасдиқ дорад. Бо омода шудани натиҷаи санҷидашуда рӯйхати мазкур ба нашр хоҳад расид, ҳарчанд як феҳрасти ғайрирасмӣ хоҳад буд. Хонандагон метавонанд чунин маълумотро барои пурра кардани ин рӯйхат ба мо фиристанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG