Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси Бадахшон худаш гузориш медиҳад, ки аз куҷо кӯмак гирифтанд ва ба кӣ доданд


Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ

Кумакҳои иҷтимоӣ куҷо шуд? Ёриҳои башардӯстона куҷо мешавад? Саволе, ки беш аз ҳама ин шаб рӯз корбарони тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ мепурсанд ва мехоҳанд, посух ёбанд. Ба унвонии Радиои Озодӣ низ даҳҳо савол ба ин мазмун ворид шуд. Аммо мушоҳида мешавад, мақомот барои посух гуфтан ба ин саволҳо шитоб надоранд.

Дар ҳоле ки, мақомоти ҷумҳуриявӣ, шаҳру вилоятҳо дар Тоҷикистон аз харҷи маблағҳои хайрия ба мардум гузориш намедиҳанд, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ин миён истисност. Ёдгор Файзов, раиси вилоят қариб ҳар шом тавассути телевизиони "Бадахшон" аз чӣ гуна харҷ шудани маблағҳои хайрия худаш гузориш медиҳад.

Ғолиб Ниятбеков, сухангӯи раиси вилоят рӯзи 20-уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар ҷаласаи ситоди мубориза бо бемории СОVID-19, ки ҳар ҳафта мегузарад, раёсатҳои молия ва тандурустӣ ҳисобот медиҳанд.

"Баъдан баромади раиси вилоят дар телевизион пахш мешавад. Дар он гуфта мешавад, ки чӣ миқдор маблағ ворид шуд ва чӣ қадар пул, барои чӣ сарф шуд. Суханронӣ зинда пахш мешавад, яъне журналист шарҳ намедиҳад, балки худи баромад пурра намоиш дода мешавад" - афзуд сухангӯи раиси вилояти Бадахшон.

Ниятбеков афзуд, кумакҳое ки аз ҷониби президент "ба вилоят равона карда шуд, ба тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят тақсим шуд. Ин кумакҳо ҳатто ба дурдастарин ноҳия Мурғоб рафта расид ва ба аҳолӣ ва табибон тақсим шуд". Зоҳиран интиқоди зиёд дар бораи тақсими "ношаффоф"- кӯмакҳои башарӣ дар Тоҷикистон сабаб шудааст, ки раҳбарони вилояти Бадахшон аз ин роҳ ба ҷомеа гузориш бидиҳанд, ки кӯмакҳо ба эҳтиёҷмандон мерасад.

Оё чунин коре дар Хатлон Суғду дигар ҷойҳо ҳаст?

Аммо чунин гузориш додан дар дигар гӯшаҳо, аз ҷумла вилоятҳои Хатлону Суғд тақрибан ба назар намерасад. Масъулони дафтари матбуоти ду вилоят дар посух ба дархости Радиои Озодӣ гуфтанд, ки рӯзҳои наздик доир ба ҳаҷми маблағҳои хайрия дар суратҳисоби СOVID- 19 маълумот медиҳанд. То замони таҳияи ин гузориш маълумот дастрас нашуд.

Таҳлилгарон дар Тоҷикистон рафтори мақомоти Бадахшонро як намунаи тозапайдо ва ё феномен меноманд, ки бояд дар тамоми ҷумҳурӣ роиҷ гардад. Талоши таъмини шаффофият дар вилоятро ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ ба ташаббуси худи Ёдгор Файзов раиси вилоят марбут медонанд.

Шокирҷон Ҳакимов, сиёсатшиноси тоҷик мегӯяд, Ёдгор Файзов солҳои тӯлонӣ таҷрибаи кор дар созмонҳои байналмилалиро дошт ва дидгоҳаш ба мудирият аз роҳбарони дигар шаҳру вилоятҳои фарқ мекунад. Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт: "Масъулиятро бештар дарк менамояд ва ин дар тарзу усули корбарии ӯ на танҳо ҳоло, балки аз рӯзи аввали таъйин шудааш ба ин мақом эҳсос мешавад."

Ҳакимов афзуд, ҳукумат пас аз ду муноқиша дар Хоруғ ва ҳодисаҳои баъдӣ ночор шуд, шахсеро барои идораи вилоят биёранд, ки боварии мардумро ба мақомот бозгардонад. Таҳлилгари тоҷик гуфт, дар Тоҷикистон мутахасисоне, ки таҷрибаи байналмилали мудириятро доранд, кам нестанд, аммо ба идораи давлат роҳ намеёбанд.

Харҷ аз ҳисоби бонкии COVID-19 шаффоф аст, ё не?

Тоҷикистон рӯзи 18-уми март, якуним моҳ қабл аз эътирофи мавҷудияти коронавируси нав, дар Вазорати молия ҳисоби махсуси бонкӣ боз кард ва аз сокинон, соҳибкорону ширкатҳо даъват кард, кӯмакҳояшонро ба ин ҳисоб бифристанд. Бисёриҳо лаббайк гуфтанду ихтиёрӣ, ё маҷбурӣ ба ин ҳисоб пул ворид карданд.

То кунун танҳо дар ҳисоби ҷумҳуриявӣ беш аз 11 миллион сомонӣ ворид шудааст. Бар замми ин айни ҳисобҳои бонкӣ дар шаҳру вилоятҳо ва ноҳияҳо боз шудааст ва хайрхоҳон бо даъвати мақомот аз дохилу хориҷ ба он пул ворид мекунанд. Аз боз шудани ҳисоб ду моҳ сипарӣ шуд, аммо мақомот гузориш надодаанд, ки ин маблағҳоро куҷо сарф карданд.

Нуриддин Наҷмиддинов, як масъули Раёсати хазинадории марказии вазорати молия дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, пулҳое ки дар ҳисоби СOVID- 19 ворид шудаанд бо дархости вазорати тандурустӣ харҷ мешавад, аммо гуфт "ӯ масъули суҳбат бо матбуот нест ва наметавонад, дар бораи ба куҷо сарф шудани маблағҳо гузориш диҳад".

Пеш аз ин Нуралӣ Шоқурбонов, сардори дафтари матбуоти Вазорати молия, 12-уми май дар саҳифаи расмиаш дар Фейсбук навишт, "аз ин пулҳо ягон сомониаш харҷ нашудааст". Ба навиштаи сухангӯи вазорат, дар бораи харҷи маблағҳо алоҳида гузориш медиҳанд ва ҷараёни онро маъмурони Оҷонси зиддифасод ва Палатаи ҳисоб низ назорат мекунанд.

Дар оғози ҳафта Саида Умарзода, муовини вазири тандурустӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, дар мавриди чӣ гуна тақсим шудани кумакҳои хайрия дар сомонаи расмии вазорат ҳисобот медиҳанд. Аммо то ҳол чунин иттилое дар сомонаи вазорат нашр нашудааст.

Шарҳҳоро бинед (55)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG