Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пизишки тоҷик пулҳои ҷамъкардаи худро барои кумак ба ҳамкорон сарф кард. ВИДЕО


Ширин Назирмадова, пизишки 60-сола, дар бемористони марказии ноҳияи Фархори вилояти Хатлон кор мекунад. Вай бо нияти сафари ҳаҷ пул ҷамъ карда буд, аммо густариши коронависи нав дар ҷаҳон ва баста будани роҳҳо монеаш шуд. Назирмадова тасмим гирифт, ки то замон ба эътидол омадани вазъ дар ҷаҳон мунтазир намонад ва пулҳои ҷамъкардаи худро барои муқобила бо COVID-19 харҷ кунад.

Ин табиб то кунун ба маблағи даҳ ҳазор сомонӣ, муодили тақрибан ҳазор доллар, барои ҳамкоронаш дар бемористони марказии Фархор ниқоб ва васоили дигари тиббӣ харид. Ширин Назирмадова бовар дорад, барои муқобилаи ҷиддӣ бо вируси нав аввал бояд табибон бо либосҳои муҳофизатӣ таъмин бошанд.

Ба ҷуз аз сарфи маблағҳои ҷамъовардааш, хонум Назирмадова дар сафи пеши мубориза бо бемории ҳамагир аст. Ӯ сарфи назар аз бузургсолӣ шабу рӯз дар бемористони марказии ноҳияи Фархор ба табобат машғул аст.

Бахше аз кумакҳои Ширин Назирмадова
Бахше аз кумакҳои Ширин Назирмадова

Ширин Назирмадова вокуниши ҷомеаи Тоҷикистон, ба хусус мардуми оддиро дар мубориза ба бемории COVID-19 ғайримунтазира мехонад. Мегӯяд, сокинон дар пушти сангари мубориза бо коронавирус ва дастгирии бахши тандурустии кишвар муттаҳид шудаанд. Чизе, ки ба таъкиди ӯ табибонро дар шабу рӯзи сахт болидарӯҳ кардааст.

"Бениҳоят рӯҳбаланд мекунад, ки ҳама дар фикри мо ҳастанд. Як илҳоми нав мебахшад, илҳоме мебахшад, ки мо натарсида, наҳаросида масъулияти худро ба ҷо орем," - афзуд Ширин Назирмадова.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Табиб пули барои ҳаҷ ҷамънамудаашро барои кумак ба ҳамкасбонаш масраф кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:01 0:00

Қаҳрамони гузориши мо мегӯяд, ҳамарӯза аз сокинон кумакҳои зиёде мегиранд: "Аз ҳама ҷо равон мекунанд, новобаста аз он ки дар кадом гӯшаи ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ба мо ёрӣ расида истодааст. Мо ба ин ҷавонмардон бисёр миннатдорӣ мекунем."

Харҷи маблағи пасандоз барои табибон, ки Ширин Назирмадова анҷом додааст, аз шумори кумакҳое ҳаст, ки худи сокинон ба беморхонаҳо мерасонанд. Бахусус дар шароите, ки шикоятҳо аз камбуди маводи муҳофизатӣ барои табибон зиёд аст.

Бо паҳн шудани вируси нави корона дар Тоҷикистон фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар чандин минтақаҳо барои кумак ба табибон маблағ ҷамъ карданд. Ҳарчанд мақомот мегӯянд, беморхонаҳо бо маводи зарурӣ таъминанд, пахши аксу шикоятҳои ҷудогонаи табибон баръакси гуфтаи мақомотро нишон медиҳад.

Дар баробари мардум афроди сармоядор ва мақомдорони ҳукумат низ ба бемористону сокинони ниёзманд кумак мерасонанд ва ин як бахши хабарҳои расонаҳои давлатист. Ҳарчанд кумаки кормандони баландмақоми давлатӣ баҳсҳоеро зиёд кардааст, ки мақомот дар чунин шароит мехоҳанд барои худ обрӯ касб кунанд.

Тоҷикистон барои мубориза бо коронавирус то имрӯз аз созмон ва кишварҳои алоҳида миллионҳо доллар ёрии башардӯстона дарёфт кардааст. Инчунин дар назди Вазорати молия суратҳисоби махсусе барои мубориза бо коронавирус кушода шудааст. Аммо он чизе, ки мақомотро зери интиқод гузоштааст, набудани шаффофият дар тақсими кумакҳои башардӯстона аст.

Мақомоти Тоҷикистон то ҳол расман нагуфтаанд, ки кумаки дарёфткарда аз кишварҳои алоҳида ва созмон дар куҷо харҷ шудаанд.

Бино ба иттилои расмӣ, то 18-уми май шумори гирифторон ба коронавирус дар Тоҷикистон ба 1729 нафар расид. То имрӯз 41 нафар аз бемории COVID-19 фавтидаанд. Тибқи омори тоза ҳоло Тоҷикистон аз рӯи шумори фавтидаҳо аз коронавируси нав дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҷойи аввал аст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG