Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёми вакилони Конгресс ба президенти Тоҷикистон дар бораи Радиои Озодӣ


Яке аз мизи гирдҳои Радиои Озодӣ. Акс аз бойгонӣ
Яке аз мизи гирдҳои Радиои Озодӣ. Акс аз бойгонӣ

Ду узви шинохтаи Конгресси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар бораи "идомаи таҳдидҳо" ва бархӯрди нодуруст бо хабарнигорони бахши тоҷикии Радиои Озодӣ ба раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон паём фиристоданд. Қонунгузорони Амрико аз мақомот хостанд, ки ба кори Радиои Озодӣ монеа нагузоранд. Паём 16-уми апрел аз тарафи намояндаи Ҳизби Демократ Адам Шифф ва намояндаи Ҳизби Ҷумҳурихоҳ Стив Чабот имзо шудааст.

Онҳо дар номае моҳи октябри соли гузашта низ айни масъалаҳоро матраҳ карда буданд. Шифф ва Чабот дар паёми нави худ мегӯянд, ахиран огоҳ шудаанд, ки таҳдид ба хабарнигорони Радиои Озодӣ идома дорад. Вакилони Конгресс аккредитатсия ё парвонаи кори бисёр кӯтоҳмуддати як гуруҳи хабарнигорон ва худдории мақомот аз додани аккредитатсия ба кормандони дигарро хотирнишон кардаанд.

Адам Шифф
Адам Шифф

Қонунгузорон аз он нигаронанд, ки мақомоти Тоҷикистон масъалаи аккредитатсияи кормандони Радиои Озодиро "мавриди баррасӣ" қарор додаанд.

"Дар ин вақти номуайянӣ ва буҳрон, ки мо бо пандемияи саросарӣ рӯбарӯ ҳастем, ахбор аз манбаъҳои мустақилу боварбахш аҳамияти бештар доранд", - навиштаанд Шифф ва Чабот.

Аз 18 хабарнигоре, ки дар моҳи феврали имсол Радиои Озодӣ барои аккредитатсияи онҳо ба Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон муроҷиат карда буд, танҳо 10 нафар барои идомаи кор иҷозат гирифтанд.

Вакилони Конгресси Амрико ҳамчунин гуфтанд, аз шунидани он ки мақомоти Тоҷикистон аккредитатсияи иҷрокунандаи вазифаи мудири дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе ва кордори дафтарро "баррасӣ доранд", нигарон ҳастанд. Онҳо гуфтаанд, "рад шудани аккредитатсияи боқимондаҳо бешубҳа боиси баста шудани фаъолияти Радиои Озодӣ дар Тоҷикистон хоҳад шуд".

"Мо умед дорем, ки ҳукумат ба таври фаврӣ қарорҳояшро бознигарӣ карда, имкон медиҳад, ки Радиои Озодӣ ба кори муҳимаш идома диҳад", - навиштаанд ду узви Конгресси Амрико.

Созмони Гузоришгарони Бидуни Марз дар шохис ё индекси озодии матбуот Тоҷикистонро дар байни 180 кишвари ҷаҳон дар мақоми 161-ум ҷой додааст. Адам Шифф ва Стив Чабот хитоб ба мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, "мо нигарониҳои Шуморо дар мавриди бозтоби ҳодисаҳо аз тарафи Радиои Озодӣ мефаҳмем. Дар аксар ҳолат бозтоби ҳодисаҳо аз тарафи матбуоти мустақил боис ба нороҳатии сиёсатгузорон мешавад, аммо табиати рӯзноманигории мустақил ҳамин аст".

Рӯзи 17-уми апрел маълум набуд, ки ин паём ба президент Раҳмон расидааст, ё не.

Қаблан Дидбони Ҳуқуқи Башар, САҲА, Кумитаи ҳимоят аз хабарнигорон, аъзои Сенати Амрико, нашрияи "Вашингтон Пост" ва созмонҳои дигари ҳомии ҳуқуқ аз мақомоти Тоҷикистон даъват карданд, ки масъалаи додани иҷозатнома ба кормандони бахши тоҷикии Радиои Озодиро бар асоси қонунҳои дохилӣ ва конвенсияҳои байналмилалӣ баррасӣ ва ҳал кунанд.

Бахши тоҷикии Радиои Озодӣ, ки дар Душанбе дафтари корӣ дорад, яке аз сарчашмаҳои камшумори ахбори дақиқ дар Тоҷикистон аст.

Ин расонаи мустақил бо гузоришгарӣ дар бораи мавзӯъҳое, ки расонаҳои давлатӣ аз бозтоби онҳо чашм мепӯшанд, тавонистааст шумори азиме аз мухотабонро ба худ ҷазб кунад.

Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ бо такя ба шабакае аз гузоришгарони маҳаллӣ бо 26 забон барои беш аз 37 миллион нафар дар 22 кишвари ҷаҳон иттилоърасонӣ мекунад.

Дар бисёре аз ин кишварҳо озодии матбуот маҳдуд аст, ё расонаҳои ҳирфаӣ ҳанӯз ба камол нарасидаанд. Видеоҳои Озодӣ дар соли 2019 беш аз 3,6 миллиард бор дар Фейсбук, Ютюб ва Инстаграм дида шудаанд. Радиои Озодӣ як ширкати расонаӣ бо хатти машй ва сиёсати таҳририяи мустақил аст, ки бо кумаки молии Конгресси Амрико аз тариқи Оҷонси Амрико барои Расонаҳои Ҷаҳонӣ фаъолият мекунад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG