Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коронавирус 30000 касро кушт, иқтисоди ҷаҳонро аз ҳаракат боздошт. ИНФОГРАФИКА


Доналд Трамп амр дод, сарбозони эҳтиётиро ба хидмат баргардонанд
Доналд Трамп амр дод, сарбозони эҳтиётиро ба хидмат баргардонанд

Теъдоди фавтидагон аз сирояти коронавирус дар саросари ҷаҳон аз 30 ҳазор нафар гузашт, бештарин талафотро Аврупо додааст ва теъдоди гирифторон дар Амрико назар ба ҳар ҷойи дигар бештар шуд.

Бо вуҷуди густариши босуръати вирус дар аёлати Ню Йорк, ки теъдоди гирифторони КОВИД-19 дар онҷо зиёд аст, раиси ҷумҳур Доналд Трамп аз тасмими эълони карантин дар инҷо даст кашид, чун раҳбарони аёлат мухолифат карданд. Доналд Трамп гуфт, Кумиссиёни ҳукуматии махсуси мубориза бо коронавирус тавсия додааст, ки дар Ню Йорк карантини саросарӣ эълон нашавад. Теъдоди беморон то рӯзи 29-уми март дар Амрико ба 129 ҳазор нафар расид.

Раиси ҷумҳур Трамп рӯзи 28-уми март дар саҳифааш дар Твиттер навишт, Маркази Пешгирӣ ва Назорат бар Бемориҳо дар Амрико ба ҷойи карантин дар Ню Йорк, Ню Ҷерси ва Коннектикат тавсияи қатъие дар бораи кам кардани рафтуомад содир мекунад. Пештар аз ин Доналд Трамп гуфта буд, барои монеъ шудан ба густариши босуръати коронавирус дар Амрико мумкин аст дар аёлати Ню Йорк, ки тақрибан нисфи бемориҳои КОВИД-19 онҷо сабт шудаанд ва ҳам дар қисме аз Ню Ҷерси ва Коннектикат карантин эълон мекунанд.

Коронавирус 30 ҳазор нафарро кушт, иқтисоди ҷаҳонро аз ҳаракат боздошт.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:52 0:00
Линки мустақим


Аммо Эндрю Куомо, раиси аёлати Ню Йорк ва Нед Ламонт, раиси аёлати Ню Ҷерси гуфтанд, эълони карантин метавонад, сабаби воҳима шавад ва ба бозорҳои молӣ осеби зиёдтар расонад. Куомо гуфт, эълони карантин як кори “номаъқул” ва “зиддиамрикоӣ” хоҳад буд.

Бадтар шудани авзоъ дар Амрико, сабаб шуд, ки рӯзи 27-уми март Доналд Трамп барномаи 2 триллион долларии кӯмак ба иқтисоди кишварро имзо кунад. Ӯ ҳамчунин бо истифода аз як санади махсуси замони ҷангӣ ба ширкатҳои мошинсозии Амрико дастур дод, дастгоҳҳои нафаскашӣ истеҳсол кунанд ва ба вазорати дифои Амрико амр дод, ки сарбозони собиқ ва аъзои Горди Миллиро ба хидмат баргардонад.

Талафоти зиёд дар Аврупо

Дар умум бар асари сирояти коронавирус, ки бемории КОВИД-19 бармеангезад, дар саросари ҷаҳон 30 852 нафар ҳалок шудаанд. Бештарин талафотро Аврупо додааст, ки дар инҷо 20 ҳазор нафар ҷон бохтаанд. Рӯзи 28-уми март аз Итолиё ва Испониё гузориш расид, ки вирус дар ҳарду кишвар ҷони 800 нафариро аз байн бурдааст. Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинси Амрико, ки сирояти вирус дар саросари ҷаҳонро мушоҳида мекунад, гуфт, коронавирус бештар аз 665 000 нафарро бемор кардааст.

Испониё, ки рӯзи 28-уми март аз ҳалокати 832 нафар дар як рӯз гузориш дод, эълон кард, барои интиқоли ҷасадҳо сарбозонро сафарбар мекунад. Аз назари сирояти вирус ва талафот аз беморӣ дар ҷаҳон Испониё дар ҷойи чаҳорум аст. Дар инҷо вирус то кунун ба бештар аз 73 ҳазор нафар сироят карда ва 6 ҳазор нафарро куштааст. Дар Итолиё, ки дар мақоми саввум аст, 92 ҳазор нафар бемор шудаанд ва бештар аз 10 ҳазор нафар ҷон додаанд. Айни замон шаҳри Вуҳони Чин, ки вирус дар онҷо пайдо ва сипас дар саросари ҷаҳон паҳн шуд, баъди карантини думоҳа дигарбора ба ҳаёти оддӣ бармегардад.

Бозгашти Вуҳон ба зиндагии маъмулӣ

Рӯзи 28-уми март, қисмате аз нақлиёти умумӣ ба кор шуруъ кард ва дарҳои шаҳрро ҳам барои равуо боз карданд. Дар Вуҳон маркази вилояти Ҳубей коронавирус 3177 нафарро кушт. Дар тамоми Чин 3299 нафар бар асари сирояти вирус ҷон додаанд. Баъди хуруҷи беморӣ дар ду моҳи пеш, мақомоти Чин дар ин шаҳри 11 миллион нафарӣ ба мардум дастур доданд, ки бе зарурат аз хона берун наоянд ва ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ ва таксиҳоро комилан манъ карданд.

Мақомоти Чин рӯзи 28-уми март гуфтанд, дар кишвар 54 мавриди сирояти беморӣ сабт шудааст, вале ҳамаи гирифторон онҳое ҳастанд, ки аз хориҷ омадаанд. Созмони Милал дарҳои тамоми намояндагиҳояш дар саросари ҷаҳонро бастааст ва бино ба гузоришҳо 86 корманди созмон гирифтори КОВИД-19 шудаанд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфт, ки то рӯзи 28-уми март дар кишвар беморӣ ба касе сироят накардааст. Кристина Георгиева, мудири Сандуқи Байналмилалии Пул гуфт, ки пандемияи коронавирус иқтисоди ҷаҳониро аз ҳаракат ба пеш боздошта, ба рукуд андохтааст. Ӯ рӯзи 27-уми март дар як нишасти хабарӣ гуфт, кишварҳои дорои иқтисоди дар ҳоли пешрафт камаш ба 2 триллиону 500 миллиард доллар эҳтиёҷ доранд, то бӯҳрони иқтисодии пешовардаи КОВИД-19-ро паси сар кунанд.

XS
SM
MD
LG