Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Обамагейт": Трамп президенти пешини ИМА-ро айбдор мекунад


Кумитаи ҳуқуқи Сенати ИМА дар фурсатҳои наздик ба пажуҳиши робитаҳои эҳтимолии афроди наздик ба Доналд Трамп бо Русия бармегардад - ин бор Сенат мехоҳад, таҳқиқ кунад, ки оё пажуҳиши робитаҳои эҳтимолӣ бо риояи қонун сурат гирифтааст ё на.

Дар ин бора рӯзи панҷшанбе раиси кумитаи мазкур Линдсӣ Грэми ҷумҳурихоҳ хабар дод. Грэм яке аз ҳампаймонони сиёсии Трамп аст.

Ба гуфтаи вай, кумитаи ҳуқуқи Сенат аъмоли вазорати адлия ва чанде аз мансабдорони ҳукумати Барак Обамаро тафтиш хоҳад кард. Сухан аз таъқиби мушовири пешини Трамп Картер Пейҷ ва аз ошкор кардани шахсияти мушовири пешини Трамп Майкл Флинн меравад. Кумитаи ҳуқуқ ҳамчунин қонунӣ будани таъйини додситони махсус Роберт Мюллерро месанҷад. Мюллер ба пажуҳиши робитаҳои афроди наздик ба Трамп бо ҷониби Русия машғул буд.

"Оё фарзияи тавтиаи ситоди Трамп бо Русия қонунӣ буд ё на?", - гуфт Грэм.

Дар ҳамин ҳол, сенатор, хилофи дархости Трамп, аз даъвати президенти пешини ИМА Барак Обама ба ҷаласаи Сенат худдорӣ варзид.

Трамп аз ҳамон оғози "пажуҳиши русӣ" рақибони демократаш ва намояндагони ҳукумати пешини Амрикоро дар поймолсозии қонун ҳангоми шуруъ пажуҳиш айбдор мекард. Трамп мегуфт, ҳеч далеле мавҷуд нест ва ҳадаф танҳо зарба задан ба нуфузи сиёсии Трамп аст.

Дар рӯзҳои охир Трамп ҳамлаҳои лафзии худро нисбати демократҳо ва махсусан Обама тақвият додааст. Ин ҳамлаҳо баъди он сурат мегиранд, ки вазорати адлия ахиран гуфт, айбҳои нисбати Флинн эъломшударо бекор мекунад. Ибтидо Флинн эътироф карда буд, ки шоҳидии бардурӯғ додааст. Аммо баъдтар аз ин эътирофҳо даст кашид. Трамп баъди бекор шудани айбҳои Флинн ӯро "одами беайб" эълом ва кормандони ҳукумати Барак Обамаро дар таъқиби мушовири пешинаш айбдор кард.

Ба ҷуз ин, Трамп ва ҷонибдоронаш бовар доранд, ки роҳбари пешини иктишофи миллии ИМА Ҷеймс Клэппер, додситонии кул Эрик Холдер, мудири Раёсати марказии иктишофӣ Ҷон Бреннан ва ҳамчунин, эҳтимолан, ноиб-президент Ҷо Байден ва худи Барак Обама баъди пирӯзии Трамп дар интихоботи соли 2016 талош карданд, ки "пажуҳиши русӣ" шуруъ шавад ва ба ин тартиб мавқеи Трамп бикоҳад. Трамп ин ҷараёнро "Обамагейт" унвон ва ба парвандаи "Уотергейт" шабеҳ кард, ки дар солҳои 1970 боиси истеъфои президенти вақти ИМА Ричард Никсон шуда буд.

Трамп рӯзи панҷшанбе дар твиттер навишт, ки Грэм бояд Обамаро ба Сенат даъват кунад. "Пештар маро тафтиш мекарданд, акнун навбати ман расид", - навишта буд пештар аз ин президент Трамп дар твиттер.

XS
SM
MD
LG