Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зодагони Осиёи Миёна дар Ню-Йорк аз нигарониву умедвориашон гуфтанд. ВИДЕО


Маркази Ёрии таъҷилӣ. Ню-Йорк, 7-уми апрели 2020

Борис Катаев, коргардони пешини Телевизиони Тоҷикистон, ҳамроҳ бо ҳамсараш овозхон Тамара Катаева дар шаҳри Ню-Йорк зиндагӣ мекунанд. Онҳо мисли аксар сокинони дигари Амрико дар "карантин" ҳастанд. Рӯзҳои охир аз матбуот ва изҳороти мақомоти маҳаллӣ фаҳмидаанд, ки маргумир ва мавридҳои олудагӣ ба бемории КОВИД-19 нисбатан камтар шудааст. Рӯзи 9-уми апрел шумори гирифторон ба коронавирус дар Амрико ба беш аз 430 ҳазор нафар расид.

"Аз рӯзи якшанбе хабарҳо мерасад, ки маргумир нисбатан кам ва вазъият беҳтар мешавад. Рости гап, хурсанд шудам. Ба назари ман, як-ду рӯз мушоҳида кардан даркор, агар вазъ ҳамин хел пеш равад, пас, камшавӣ дида мешавад", - гуфт Борис Катаев рӯзи 9-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Борис Катаев бо ҳамсараш Тамара Катаева
Борис Катаев бо ҳамсараш Тамара Катаева

Ба қавли ӯ, дар кӯчаҳо мардум хеле кам мегарданд, вале кори фурӯшгоҳҳои хӯрокворӣ ва нақлиёти мусофирбар тағйир наёфтааст.

Ахиран раҳбарони аёлоти Ню-Йорк, Ню-Ҷерсӣ ва Луизиана ба нишонаҳои як андоза кам шудани ҳодисаҳои паҳншавии коронавирус ва маргумир бар асари олудагӣ ба КОВИД-19 ишора карданд. Онҳо гуфтанд, эҳтимол шиддат поин меояд, вале боз ҳам ҳушдор доданд, ки шумори умумии фавтидаҳо дар Амрико ба беш аз 14 ҳазор нафар расидааст ва худро набояд таскин бидиҳанд.

Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, баробар бо афзоиши гирифториву маргумир, омори мухталиф ба он ишора дорад, ки суръати афзоиш ва интиқоли беморон ба беморхонаҳо камтар мешавад.

Волии Ню-Йорк Эндрю Куомо ду рӯз пеш гуфт, бар асоси омор, рӯзи ҷумъаи гузашта дар саросари Амрико ҳодисаҳои марги одамон бар асари олудагӣ ба КОВИД-19 - 630 нафар, рӯзи якшанбе 599 ва дар рӯзи душанбе 594 нафар сабт шудааст. Ба гуфтаи Куомо, бистарӣ шудан, интиқоли беморон ба утоқҳои муроқибати вижа ва таҳти дастгоҳҳои нафаскашӣ қарор додани беморон камтар мешавад.

Барои табибону парасторон, ки бо камбуди либоси муҳофизатӣ рӯ ба рӯ ҳастанд, кор ҳамоно зиёд аст.

Лейтенант Энтони Алмойера дар хадамоти сӯхторнишонӣ кор мекунад ва ҳамзамон фелдшер ҳам ҳаст. Ӯ дар сӯҳбат бо оҷонсии Ройтерс рӯзи 6-уми апрел гуфт, "дирӯз 16 соат кор кардам, 13 ҳодисаи исти қалб ва ҳодисаҳои зиёди марги инсонҳо буд. Намедонам, то куҷо баъди ин ҳама дубора ба ҳолати пешина баргашта метавониста бошем".

Дар аёлати Ню-Йорк тақрибан сеяки кулли ҳодисаҳои марги инсонҳо ваё 45 дарсади кулли ҳодисаҳои Амрико ба қайд гирифта шудааст.

Малика, зани ҷавоне аз Узбекистон, панҷ сол аст, ки дар Ню-Йорк кору зиндагӣ мекунад. Вай ба нигоҳубини пиразане машғул аст.

"Бо машварати оилаи ин пиразан корро дар хонаи онҳо идома медиҳам ва то ҳол ҳамааш хуб аст. Касе бемор нашудааст ва ҳама карантинро риоя мекунем", - афзуд ӯ.

Малика гуфт, бовар дорад, ки вирус "бештар ба нафарони ҷисмашон заиф ва ё гирифтори бемориҳои дигар асар мекунад” ва аз ин хотир бовар дорад, ки базудӣ вазъ оддӣ хоҳад шуд.

Дар Ню-Ҷерсии ҳамсоя, ки аёлати дуюми шадидан осебдида аз пандемия мебошад, ба қавли волӣ Фил Мурфӣ, афзоиши 12-дарсадии олудашавии ҳамарӯза мушоҳида мешавад. Ин омор аз 30-юми март ба ин сӯ ду баробар кам шудааст.

Мурфӣ гуфт, ки чораҳои ҷоришуда барои муқобила бо паҳншавии вирус натиҷа медиҳад, вале ба ҳеч сурат қоидаҳо, аз ҷумла, аз якдигар дур истодани одамон набояд вайрон шавад. Волии Луизиана Ҷон Бел Эдвардз хушбинии эҳтиёткорона кард ва гуфт, дар Луизиана ҳодисаҳои “бистарӣ шудани беморон то андозае кам мешавад”, вале ба гуфтааш, “ин танҳо дар сурате ба як тамоюл табдил мешавад, ки агар мо талошҳои коҳиши паёмадҳоро вусъат бахшем”.

Пешгӯии вазъ дар Амрико мушкил аст, вале мутахассисони тиббии Кохи Сафед тахмин кардаанд, ки дар пандемия эҳтимол аз 100 ҳазор то 240 ҳазор нафар амрикоӣ ҷони худро аз даст диҳанд.

Аёлати Ню-Йорк ва атрофи он макони кору зиндагии садҳо муҳоҷир, аз ҷумла аз Тоҷикистон ва Узбекистон мебошад ва ин гурӯҳи сокинон ҳам муқаррароти коронавирусро риоя мекунанд. Вале бо ин вуҷуд, ҳодисаҳои гирифторшавӣ ва марги муҳоҷирон дар пайи олудагӣ ба КОВИД-19 сабт шудааст. Дар як ҳафтаи ахир, ба иттилои бахши узбекии Радиои Озодӣ, дар Ню-Йорк дастикам се шаҳрванди Узбекистон аз вируси нав ҷон додаанд. Ин се нафар аз 51 то 69 сол доштанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG