Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз роҳҳои ғарқи об то шоистасолорӣ дар Озодӣ Онлайн.ВИДЕО


Имрӯз дар бораи як роҳи сохтаи чиниҳо дар Панҷакент, мудирият ва тақсими кӯмакҳои башарӣ сӯҳбат мекунем, гурезогурези муҳоҷирони тоҷик дар бозори Фуд Ситии Маскавро мебинем ва шуморо ба як гӯшаи зебои Тоҷикистон мебарем, ки шояд бисёре аз шумо надидаед.

Хабар доред, ки чӣ гуна дар ҳафтаҳои гузашта дар Тоҷикистон борони зиёд борид ва сел дар чандин ноҳия хонаву киштзорҳоро вайрон кард. Як сокини Панҷакент рӯзи фалокатро ба навор гирифта ба мо фиристод, ва мегӯяд агар роҳи назди хонаи онҳоро коргарони чинӣ мутобиқ ба меъёр месохтанд, шояд хонаву замини ӯ аз сел эмин мемонд. Ӯ дар ин видео ба тафсил ва бо ҷузъиёт нишон медиҳад, ки роҳи паси хонааш обпартои дуруст надорад ва об дар рӯи роҳ ҷамъ ва сипас ба дохили ҳавливу киштзорҳои ӯ ҷорӣ мешавад.

Аз Панҷакент меравем, ба Русия ба суроғи муҳоҷирон, ки рӯзи 26-уми май дар шаҳри Маскав дар бозори маъруф бо номи Фуд Сити рӯзи хубе надоштанд. Дар ин рӯз маъмурони ОМОН ва ё нерӯҳои махсуси Русия ба бозор омаданд ва муҳоҷирон аз Осиёи Марказиро даста даста боздошт ва тафтиш карданд.

Муаллифи видео дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки маъмурони милиса тафтиш мекарданд, ки муҳоҷирон ниқоб доранд, санадҳояшон дуруст аст ё не. Дар Русия баъд аз маҳдудиятҳои гаштугузору карантин ба сабаби густариши коронавируси нав батадриҷ ин маҳдудиятҳоро мебардоранд ва аз ҷумла ба муҳоҷирон иҷоза додаанд, ки ба кор баргарданд.

Ҳафтаи гузашта мавзӯи онки чӣ гуна раиси вилояти Бадахшон худаш дар бораи тақсими кӯмакҳои башарӣ аз телевизион ба мардум гузориш медиҳад, баҳси зиёдеро дар вебсайти Радиои Озодӣ барангехт . Бисёриҳо раиси вилоят Ёдгор Файзовро ситоиш кардаанд, ки саъй мекунад, фаъолияти ҳукумат шаффоф бошад, аммо теъдоди дигар гуфтаанд, ки ин масъулияти як мақом аст, ки бояд дар назди ҷомеа посухгу бошад.

Яке аз корбарони Радиои Озодӣ, ки худро Тоҷикистонӣ муаррифӣ кардааст, дар вебсайти мо менависад: «Файзов, ягон кори ғайриоддӣ накардааст. Фақат аз усулҳои ҳозиразамони идорӣ ва раҳбарӣ баҳравар шудааст. Дигар раисон низ бояд чунин бошанд. Ҳукумати имрӯза боистӣ бар асоси шоистасолорӣ ва на авлодиву хешутаборӣ фаъолият кунад. Лекин мутаасифона фақат Файзов бар асоси ин меъёр интихоб шудааст.»

Корбари дигаре ҳам, ки нахостааст, номашро бигуяд ва худро Масъул муаррифӣ кардааст, айни назарро дорад ва чунин гуфтааст: “Раиси вилоят вазифаашро иҷро мекунад. Ин ягон қаҳрамон нест. Бояд ҳамаи кормандони давлатӣ аз мутахассис то президент дар назди мардум ҳисоботдиҳанда, яъне посухгӯ бошанд.»

Як корбари дигаре бо номи «Помер Сибир» гуфтааст, он вақт шаффофият таъмин мешавад, ки дар дигар сатҳҳо низ ин усул риоят шавад. Ӯ чунин шарҳе гузоштааст: «Кори мудирони асри 21 ин шаффофият аст. Ёдгор Файзов, гузориш дод, бояд сартабиби бемористон, табибони вилоятӣ ва ноҳиявӣ гузориш диҳанд, ки пули мардум, ки аз Русия ба духтурон мефиристанд, чӣ хел тақсим мешавад.”

Дар воқеъ ҳанӯз ҳам танқид зиёд аст, ки дар Тоҷикистон кӯмакҳои башардӯстона ва кӯмакҳое, ки ба табибону парасторон мефиристанд, одилона ва шаффоф тақсим намешавад. Аз видеоҳои дигаре, ки ин ҳафта ба мо фиристонданд, дуто интихоб кардем, яке аз ноҳияи Верхная Пишма аз шаҳри Екатеринбург, ки дар табақаи 12-уми бинои нимасохта бардоштаанд.

Дар ин видео боди сахтеро ба навор гирифтаанд, ки рӯзи 25-уми май дар як сония то 30 метр мевазид ва қисме аз бинои нимсохтаро барканда мебарад. Ба қавли муаллифи видео, хушбахтона ҳеҷ касе аз коргарони тоҷик инҷо осеб надидааст. Видеои дуввумӣ шарҳе надорад ва фақат як гӯшаи зебое аз ноҳияи кӯҳистонии Ховалингро нишон медиҳад.

Шумо ҳам агар гӯшаи зебое аз зодгоҳатонро, ё ҳар ҷойи дигарро навор гирифтед, тасвир кунед ва ба ин шумора бифристед: (+420) 607 900 808; Аз ҳар роҳе, ки мехоҳед, Вотсапп, вайбер, Телеграм ва ё Имо. Худу азизонатонро эҳтиёт кунед ва то дидор дар барномаи дигар.

XS
SM
MD
LG