Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дилшод Нурматовро ба назди кӯдаконаш ба Маскав баргардонданд


Дилшод Нурматов дар фурудгоҳ

Дилшод Нурматов, муҳоҷири тоҷикро, ки кӯдаконаш баъди марги модар дар Русия танҳо монда буданд, аз Душанбе ба Маскав бурдаанд. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, сафари ӯ бо ризояти ҷониби Русия шаби 19-уми май имконпазир шуд ва ҳоло дар хонааш дар карантин аст.

Нурматов моҳи марти имсол ба дидани волидон ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон омад, аммо ба сабаби якбора баста шудани марзҳо ва қатъи парвози ҳавопаймоҳо дар инҷо монд.

Ҳамсараш Гулшан Нурматова рӯзи 5-уми май дар шаҳри Химкӣ даргузашт. Чаҳор кӯдакаш, ки хурдтарини онҳо якмоҳа аст, дар Русия танҳо монданд.

Дар бораи сарнавишти муҳоҷири тоҷик ва хонаводааш Радиои Озодӣ рӯзи 9-уми май гузориш дод ва дар он Дилшод Нурматов аз мақомот хоста буд, барояш кумак кунанд, то ба назди кӯдакон баргардад. Ӯ гуфта буд, таҳамулли ин фоҷиа барояш сахт аст: "Чӣ кор кунам дигар, фақат аз Худованд мехоҳам, роҳҳо боз шаваду ба назди бачаҳоям равам. Агар имконе мебуд, хуб мешуд."

Имомуддин Сатторӣ, сафири Тоҷикистон дар Русия, 21-уми май гуфт, барои овардани муҳоҷири тоҷик бо мақомоти Русия машварат карданд ва Дилшод Нурматов танҳо мусофире буд, ки бо ҳавопаймои "Тоҷик Эйр" ба Маскав рафт.

"Кӯдакон ҳамроҳи амакашон буданд. Мо аз аввал кӯшиш мекардем, ки бо даст додани имконият падари хонаводаро ба назди фарзандон бозгардонем. Ин фурсат фаро расид ва мо ваъдаи худро иҷро кардем", - афзуд ӯ.

Ҳавопаймои ширкати "Тоҷик Эйр" бо як парвози чартерӣ ё ғайринақшавӣ ба Маскав рафта, аз онҷо 213 шаҳрванди Тоҷикистон ва тобути муҳоҷирони фавтидаро овард.

Сафири Тоҷикистон мегӯяд, аз Вазорати корҳои хориҷӣ хоста буданд, ки муҳоҷири тоҷик бе ягон монеа вориди Русия шавад. Чун, ба гуфтаи ӯ, "ба сабаби ин ки шаҳрвандии Русияро надошт, наметавонист ба Русия биёяд. Баъд аз дархости мо, бе мушкил ба назди фарзандонаш омад ва ҳоло дар хона дар карантин аст."

Гулшан Нурматова, ҳамсари Дилшод Нурматов, бар асари бемории гурда даргузаштааст ва ҷасади ӯро дар яке аз қабристонҳои Русия дафн карданд.

Дилшод Нурматов қаблан дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, азбаски натавонист, дар маросими дафни ҳамсараш ширкат кунад, танҳо видеоӣ бо модари бачаҳояш видоъ кард.

Баъд аз оғози пандемияи COVID-19, Тоҷикистон аз нимаҳои моҳи март ва Русия аз он пештар парвозҳои байналмилалиро қатъ карданд. Дар натиҷа, садҳо нафаре, ки нияти сафар ба Русияро доштанд, дар Тоҷикистон монданд ва садҳо муҳоҷир натавонистанд аз Русия ба ватан баргарданд.

Нурматов мегӯяд, солҳо боз дар Русия муҳоҷир асту ронандагӣ мекунад ва ҳаққи иқомати муваққатро дорад. Ҳафт сол пеш зану фарзандонашро бо худ бурда, дар шаҳри Химкии Русия зиндагӣ доштанд.

"Ҳамсарам хонанишин буд ва фарзандонро тарбия мекард. Як сол пеш гирифтори дарди гурда шуд ва аз ин беморӣ ранҷ мекашид ва ин дард сабаби маргаш шудааст", - афзуд ӯ.

Бино ба омори мақомоти Русия тақрибан як миллион аҳолии Тоҷикистон дар онҷо кору зиндагӣ доранд. Ба ҳисоби созмонҳои байналмилалии молӣ, даромади ҳар чорумин хонавода дар Тоҷикистон аз ҳисоби пули муҳоҷирон аст, вале ахиран раиси ҷумҳур дар номае ба Сандуқи Байнулмилалии Пул гуфт, ба сабаби коронавируси нав интиқоли пули муҳоҷирон панҷоҳ дарсад кам шуд.

Ҳар сол садҳо шаҳрванди Тоҷикистон бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла беморӣ дар Русия мефавтанд. Имсол маргу мири онҳо аз бемории COVID-19 ҳам зиёдтар шуд.

Шарҳҳоро бинед (3)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG