Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кокоҷон мегӯяд, бурути дарозтаринро дар Афғонистон ӯ дорад. ВИДЕО


Шавқӣ мегӯяд, бурути дарозтаринро дар Афғонистонро ӯ дорад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:40 0:00

Шавқӣ мегӯяд, бурути дарозтаринро дар Афғонистонро дорад

Як мард дар Афғонистон, ки тақрибан 90 сантиметр бурут дорад, мехоҳад, дар озмуни байналмилалии ришу мӯйлаб иштирок кунад. Чунин озмун соли оянда дар Зеландияи Нав бояд баргузор шавад.

Кокоҷон Шавқӣ мегӯяд, ҳеҷ каси дигаре дар Афғонистон мисли ӯ мӯйлаби ӯ дароз надорад. Ӯ гуфт, аз солҳои 80-уми асри гузашта шавқи мӯйлаби дароз дошт ва наздик ба 7 сол аст, ки онҳоро кӯтоҳ накардааст.

“Аз ним метр дарозтар аст, кам не. Кутоҳаш кардам, вагарна ду се метр мешуд. Ҳар сол 4 ё 5 сантиметр кӯтоҳтар мекунам”,‑гуфт ӯ.

Азбаски мӯйлабҳои дароз дорад, онро дар пушти гӯшҳояш мепечонад.

Ба гуфтаи Кокоҷон Шавқӣ, дӯстону наздиконаш аз кишварҳои дигар рӯғанҳои махсус мефиристанд. На ҳама дар хонаводааш бурутҳои печидаи ӯро хуш доранд.

Ӯ гуфт: “Маъмулан фарзандонам мегӯянд, ки кӯтоҳтараш кун. Мегӯям, ки на ман одами шавқӣ ҳастам. Маро мардуми шаҳри Кобул дар Афғонистон дӯст медоранд. Ҳар вақт берун меравам, мебинанд, даст мебардоранд”.

Дар берун аз Афғонистон, Белгия соли гузашта мизбони озмуни байналмилалии ришу мӯйлаб буд, ки дар он Лусйе Батиста аз Амрико ҷои аввалро гирифт. Қарор аст, озмуни баъдии ришу бурут соли оянда дар Зеландияи нав баргузор шавад.

Аммо дар инҷо дар Афғонистон мӯйлабҳои Кокоҷон Шавқӣ на танҳо шавқаш аст ва ӯ ҳам муштоқи ширкат дар озмун дар Зеландияи Нав аст, ба шарте, ба гуфтаи худаш, имкони рафтан пайдо кунад.

Шарҳҳоро бинед (5)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG