Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги ногаҳонии Каромат Шарипов, муҳоҷирони байни "замину осмон" дар Озодӣ Онлайн. ВИДЕО


Имрӯз дар бораи фавти ногаҳонии Каромат Шарипов, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик сӯҳбат мекунем, ки бисёре аз онҳоро ғамгин кард. Муроҷиатҳои батакрор барои бозгардонидани муҳоҷирони дармонда дар марз ва жолаи вайронгар дар Панҷакенту Деваштич аз видеоҳоест, ки дар барнома мебинед.

Коронавируси нав, ки ҳамчунон дар Русия ва Тоҷикистону дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ густариш меёбад, имкон надодааст, ки марзҳо боз шаванд, ҳавопаймоҳо дигарбора ба осмон баргарданду ҳазорон нафари дармонда дар инҷову онҷоро ба хона ё ҷои корашон баргардонанд.

Аз ҷумла даҳҳо нафар аз муҳоҷирони тоҷик, ки дар марзи Қазоқистону Узбекистон дармондаанд ва ба ҳукумати Тоҷикистон муроҷиат доранд, ки илоҷе кунанд, то онҳо ба Тоҷикистон баргарданд. Гуруҳе аз онҳо бо ирсоли видеое ба Радиои Озодӣ гуфтанд: «Тақрибан ду моҳ аст, дар сарҳад дар гузаргоҳи Черняево дармондем. Бештар аз 40 нафарем, ба назди марзбонҳо меравем, мегӯянд, ба сафорат муроҷиат кунед. Ба онҳо муроҷиат мекунем, мегӯянд, аз дасташон чизе намеояд, телефонро ҳам намегиранд.»

Қадрношиносӣ, муҳоҷирони дармонда ва Кофарниҳони зебо дар Озодӣ Онлайн
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:35 0:00

Воқеан ҳар рӯз аз мо корбарони зиёде мепурсанд, ки роҳҳо кай боз мешаванду, ҳавопаймоҳо кай парвоз мекунанд. Ҳеч чизе дар ин бора маълум нест ва агар хабаре буд, ҳатман ва пеш аз ҳама аз Радиои Озодӣ мешунавед.

Даргузашти Каромат Шарифов, яке аз ҳомиёни шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик мегӯем, ки ҳазорон нафарро дар Русия ва ҳам дар Тоҷикистон ғамзада кардааст. Баъди нашри хабари марги ӯ ҳазорон нафар дар вебсайти мо, саҳифаҳои Радиои Озодӣ дар Инстаграмм ва Фейсбук навиштанд, ки даргузашти Каромат Шарипов талафоти бузург аст ва аз марги ӯ ғамгин шудаанд.

Корбаре бо номи Ром дар бораи Каромат Шарифов чунин навиштааст: «Беҳтарин фарзанди миллат имрӯз дунёи бебақоро падруд гуфт. Марҳум Каромат Бақоевич тоҷикро асили асилаш, ҷасурро ҷасураш, покдилу беғараз, поквиҷдон, беҳтарин инсон, муборизи роҳи ҳақ ва ҳимоятгари миллаташ бурун аз меҳанаш буд! Миллионҳо ташаккур барои тамоми хизматҳои беҳудудат дар назди миллат. Ёдат ба хайр бародари тамоми тоҷикони асил ва махсусан мухоҷирин. «

Корбаре, ки худро «Муҳоҷир» муаррифӣ кардааст, Каромат Шарифовро пешвои муҳоҷирон номида, чунин гуфтааст: «Ба Худо қасам инро шунида гиря дорам. Хидмате, ки ту барои мо муҳоҷирон кардӣ ҳаргиз фаромӯш намешавад ва рӯзе мешавад, ки халқ номи туро аз нав зинда мекунад, зеро қаҳрамони ин миллати мазлуми муҳоҷир ту ҳастӣ.”

Дар саҳифаи мо дар Фейсбук тақрибан 1000 нафар аз марги Каромат Шарифов изҳори таассуф кардаанд. Яке аз онҳо Фарҳад Зокиров чунин навиштааст: “Ин шермард барои муҳоҷирон як такягоҳ буд, ман худам борҳо дар шаҳри Маскав муқобилиятҳои ин шахси шуҷоъро дидам, ки барои пуштибонӣ аз мардуми хору залили худамон мекард. Афсӯс ки солҳои ахир дар вазъияти ногувор афтод ва кӯмакаш накардаанд ва қадрашро ҳам надонистанд.”

Корбаре, бо номи Ник 1311 дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар Инстаграмм бо забони русӣ навиштааст, “Тоҷикон инсони бисёр закӣ, босавод ва хубро талаф доданд. Бисёр ғамангез аст, ки ӯ ин ҷаҳонро бисёр зуд тарк кард.”

Каромат Шарипов, рӯзи 9-уми май дар шаҳри Ваҳдат ва бар асари бемории қалб даргузашт.

Шумо ҳам агар назаре, хабаре ва ё видеое доред ба ин шумора +420 607 900 808 бифристед. Вотсаппу Вайберу Имову Телеграм дорем.

Шарҳҳоро бинед (5)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG