Тамоми маҳбасҳои Узбекистон ба "карантин" гирифта шуда, мулоқоти наздикон бо зиндониён манъ шуд.
Дар ин бора Шоҳрух Ғиёсов, намояндаи Вазорати корҳои дохилии Узбекистон ба расонаҳо хабар дод.
"Ҳамаи муассисаҳои ислоҳӣ ба карантин гирифта шудаанд. Мулоқоти наздикон бо зиндониён манъ гардид. Дар иваз ба зиндониён гуфтугӯи телефонӣ бо хешон иҷоза шудааст", - гуфт Ғиёсов.
Вай илова кард, ки вакилони мудофеъ, муфаттишон ва кормандони мақомоти қудратӣ дар сурати доштани нишонаҳои зуком ва ё шамолхӯрдагӣ ба боздоштгоҳҳо ва маҳбасҳо роҳ дода намешаванд.
"Вобаста ба вазъият тамоми раванди марбут ба тафтишот мумкин аст, ба таври фосилавӣ роҳандозӣ шавад", - афзуд намояндаи Вазорати корҳои дохилии Узбекистон.