Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сардори Раёсати зиндонҳои Тоҷикистон аз COVID-19 шифо ёфтааст


Мансурҷон Умаров, муовини вазири адлия ва сардори Раёсати зиндонҳои Тоҷикистон

Мансурҷон Умаров, муовини вазири адлия ва сардори Раёсати зиндонҳои Тоҷикистон гуфт, аз бемории  COVID-19 табобат ёфтааст ва ҳафтаи оянда ба кор бармегардад.

Ӯ аз миёнаҳои моҳи август то кунун дубор дар беморхона бистарӣ шуда буд. Сабаби бемориашро бархе илтиҳоби шуш ва бархеи дигар коронавирус меномиданд.

Мансурҷон Умаров рӯзи 27 сентябр дар суҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ташхисҳо нишон дод, ки ӯ гирифтори коронавирус будааст.

“Дар хона ҳастам ва худро беҳтар ҳис мекунам. Андаки дигар қувватам барақарор шавад, ба иҷрои масъулиятам бармегардам”,-гуфт ӯ.

Мансурҷон Умаров дар бемористони “Истиқлол”-и Душанбе ва беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии кӯдакона бистарӣ буд.

Дар моҳи майи соли равон Носир Умаров, бародари Мансурҷон Умаров, корманди ширкати "Барқи тоҷик" дар бемористони Зарафшони шаҳри Душанбе даргузашт. Яке аз наздикони ӯ рӯзи 5-уми май гуфта буд, Носир Умаров ба эҳтимоли зиёд аз коронавируси нав фавтидааст, чун ҷасадро ба пайвандон надоданд.

Мансурҷон Умаров соли 1967 дар ноҳияи Фархор тавуллуд шуда, хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) аст.

Замоне муфаттиш, корманди бозрасии назди раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) ва муовини сардори Раёсати КДАМ дар шаҳри Душанбе буд. Ҳудуди 10 сол раҳбарии раёсати амнияти раисҷумҳури Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Соли 2010 муовини аввали раиси КДАМ таъин шуд.

Мансурҷон Умаров дар пайи ошӯби хунин дар зиндони шаҳри Хуҷанд моҳи ноябри соли 2018 бо қарори ҳукумати Тоҷикистон ба ҷойи Иззатулло Шарифзода сардори Раёсати маҳбасҳо таъин шуд.

Ӯ генерал-лейтенант ва 53-сола аст. Ҳашт сол дар мансаби муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон кор кардааст.

Чанд нафар мақомдори тоҷик низ дар моҳҳои гузашта ба ин беморӣ гирифтор шуда буданд ва чанд чеҳраи шинохта дар Тоҷикистон низ аз ин беморӣ аз дунё даргузаштаанд.

Вазорати тандурустӣ рӯзи 26-уми сентябр гуфт, шумораи умумии ҷонбохтагон аз бемории ҳамагир дар кишвар ба 75 нафар расид.

Дар шабонарӯзи гузашта 43 мавриди нави сирояти COVID-19 ба сокинон сабт шудааст. Аз охири моҳи апрел то 26-уми сентябр шумораи гирифторони коронавируси нав ба 9605 нафар расида, 8385 кас ё 87,3 дарсади беморон шифо ёфтаанд.

Шарҳҳоро бинед (5)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG