Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истеҳсоли адрасу атлас 10 баробар зиёд шудааст.ВИДЕО


Аз аввали соли ҷорӣ истеҳсоли атласу адрас дар Тоҷикистон дар муқоиса бо як соли пеш 10 маротиба бештар шудааст. Ба иттилои вазорати саноат ва технологияҳои нав, аз аввалаи имсол беш аз 44 ҳазор метр ин навъи матоъ, асосан аз сӯи ҳунармандони хусусӣ тавлид шудааст.

Нилуфар дар орзуи ба тан кардани атлас

Нилуфар Умарализодаи 26-сола аз дер орзуи ба бар кардани куртаи шинаму зебо аз адрасро дорад ва 22-юми дар бозори “Меҳргон”-и пойтахти Тоҷикистон машғули интихоби матоъ буд. Дар ин бозор анвои мухталифи адрасу атласи истеҳсоли Тоҷикистон ва Узбекистон ба фурӯш гузошта шудааст. Аммо Нилуфар Умарализода дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки мехоҳад танҳо адраси тавлиди Узбекистонро харидорӣ кунад.

Ба иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои навини Тоҷикистон, аз аввали соли ҷорӣ арсаи дӯзандагӣ дар кишвар, ки асосан мутааллиқи бахши хусусӣ мебошад, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 85 дарсад рушд кардааст.

Вай гуфт: "Адраси истеҳсоли Узбекистон рангину сифаташ хеле олӣ мебошад. Ин матоъ баъд аз шустан ҳеҷ тағйир намеёбад. Ба ин хотир мехоҳам танҳо матои сохти кишвари ҳамсояро бихарам."

Зимнан, соли гузашта дар Фурӯшгоҳи марказии шаҳри Душанбе мағозаи фурӯши атласу адраси истеҳсоли вилояти Суғди Тоҷикистон ифтитоҳ шуд ва ба гуфтаи масъулони ин мағоза, қимати фурӯши ин навъи матоъ барои сокинон хеле дастрас мебошад. Ба унвони мисол, миқдори зарурии матои адрас барои дӯхтани як куртаи занона аз 60 то 90 сомонӣ арзиш дорад.

Аммо ба гуфтаи Зулайхо Тӯйчиева, тоҷири бозор “Меҳргон” арзиши адрасу атласи зарурӣ барои дӯхти як куртаи занона аз Узбекистон 250 сомонӣ мебошад. Ин дар ҳолест, ки як соли қабл ин миқдор матоъ то 700 сомонӣ нарх доштааст. Хонум Тӯйчиева дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ин навъи матоъро занҳову бонувон асосан дар фасли баҳор ва тобистон харидорӣ мекунанд.

Истеҳсоли адрасу атлас 10 баробар зиёд шудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:23 0:00

Вай афзуд, дар остонаи ҷашни Наврӯз атласу адрас серхаридортарин моли фурӯши дар бозорҳо мебошад, зеро, ҳамаи занҳову бонувон мехоҳанд дар Наврӯз куртаи атласӣ ё адрасӣ ба бар дошта бошанд. Ба гуфтаи Зулайхо Тӯйчиева, аммо дар ҳамаи фасли сол арӯсони тоҷик ҳатман аз атласу адрас чанд курта медӯзанд, ки хоси арӯсон мебошад. "Дар фаслҳои дигар донишҷӯдухтарон ва ҳатто кормандони сохторҳои давлатӣ ба дӯхти куртаҳои атласиву адрасӣ зиёд алоқаманд ҳастанд",-афзуд вай.

Таблиғи атласу чакан аз сӯи мақомот

Мақомоти тоҷик аз чанд сол ба ин сӯ машғули таблиғи пӯшидани либоси миллии занона ҳастанд ва ҳатто дар тавсияномаи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон пӯшидани либоси занона аз матои атласу адрас ҳам барои донишҷӯён ва ҳам барои кормандони давлатӣ зарур дониста мешавад.

Ин дар ҳолест, ки солҳои қаблӣ дар шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд корхонаҳои истеҳсоли атлас фаъол буданд, аммо ба далели фарсуда шудани таҷҳизоташон аз кор бозмонданд. Аз ду сол ба ин сӯ корхонаи атласбофии шаҳри Хуҷанд бо зарфияти танҳо то 5 ҳазор метр атлас дубора фаъол шуд. Ҳоло бештаре аз ҳудуди 45 ҳазор метри атлас, ки дар Тоҷикистон истеҳсол шудааст, аз сӯи ҳунармандон ва ба сурати дастибоф истеҳсол мешаванд.

Шабакаҳои давлатии телевизионӣ ҳамарӯза аз ифтитоҳи марказҳои хусусии атласу адрасбофӣ дар минтақаҳои гуногун гузориш медиҳанд. Ҳарчанд то ҳол омори дақиқи чунин ҳунармандон дастрас нашудааст, вале мушоҳида мешавад, ки теъдоди онҳо на кам аз се-чаҳор ҳазор нафар аст.

Хуршед Сатторов, тарроҳи машҳури тоҷик мегӯяд, ки аз қабл ба таблиғи либоси миллии тоҷикона аз адрасу атлас буд ва дар орзуе буд, ки ҳамаи занҳо ва бонувони тоҷик бештар либоси миллӣ дар бар дошта бошанд. Ба гуфтаи вай, ниҳоят дар соли ҷорӣ орзуяш то ҷое амалӣ мешавад ва тарҳҳои омода кардаи куртаҳои миллии занонааш ба миқдори зиёд дар бари бонувони тоҷик шудааст. Хуршед Сатторов афзуд, дар аксари шоҳроҳҳои Тоҷикистон овезаҳои зиёди таблиғотӣ бо акси бонувоне насб шудааст, ки бонувон бо либоси тарроҳишудаи ӯ аксбардорӣ шудаанд.

"Наврӯзи гузашта ман ҳазорҳо бонувонеро дидам, ки куртаҳои тарроҳӣ кардаамро дар бар доштанд. Телевизионҳои давлатӣ пайваста шакли куртаҳои дӯхтаи маро намоиш медиҳанд ва дӯзандагон дар тамоми кишвар аз онҳо истифода мекунанд. Дар канори ин нукта, ки дар ду соли охир ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла адрасбофиву атласбофӣ рушд кард, ҳазорҳо дӯзандаҳо барои худ ҷойи корӣ ва маош пайдо карданд",-афзуд вай.

Ба иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои навини Тоҷикистон аз аввали соли ҷорӣ арсаи дӯзандагӣ дар кишвар, ки асосан мутааллиқи бахши хусусӣ мебошад, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 85 дарсад рушд кардааст. Манбаъ афзуд, ки корхонаҳову коргоҳҳо ва марказҳои ҳунармандӣ аз аввали имсол 44,6 ҳазор метр матои атласу адрас истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 40 ҳазор метр ё 10 маротиба бештар мебошад.

XS
SM
MD
LG