Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таваҷҷӯҳи расонаҳои хориҷӣ ба Тоҷикистони "орӣ аз вирус"


Озмоиши коронавирусро аз ташаррӯҳоти бинӣ мегиранд.

Дар ҳоле, ки оқибатҳои бади пандемияи коронавирус дар ҷаҳон ба мавзӯи рақами яки расонаҳо табдил шудааст, бархе аз расонаҳои хориҷӣ ба “орӣ аз коронавирус” будани Тоҷикистон таваҷҷӯҳ кардаанд.

Мақомот мегӯянд, то кунун ягон нафар ба КОВИД-19 гирифтор нашудааст, ҳарчанд дар ду ҳамсоякишвар Узбекистону Қирғизистон вируси нав ба даҳҳо нафар сироят карда, ҷони чанд нафарро гирифтааст.

“Рақсу бозӣ дар фазои коронавирус”

Вебсайти CNN дар матлабе бо номи “Раҳбарони пурқудрати шӯравии собиқ барои муқобила бо коронавирус арақ, ҳоккей ва тибби мардумиро машварат медиҳанд”, тарзи бархӯрди мақомоти Беларус, Тоҷикистон ва Туркманистон ба пандемияро баррасӣ кардааст.

Муаллифон мегӯянд, “бо ин ки ҳамсояҳои наздиктарини онҳо бо мавҷи сирояти коронавирус муқобила мекунанд, ин ҳукуматҳои саркӯбгари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ корро бо шеваи маъмулӣ пеш мебаранд ва раҳбаронашон барои муқобила бо пандемия машваратҳои ғайриоддӣ медиҳанд”.

Аз ҷумла, раҳбари Беларус Александр Лукашенка ба майдони ҳоккей баромада, яху сардиро беҳтарин роҳи куштани вирус номида, гуфтааст, ки “хоккей, арақ ва ҳаммом” беҳтарин роҳи дур кардани вирус мебошад. Дар Беларус то рӯзи 31 – уми март коронавирус ба 152 нафар сироят карда ва як нафарро куштааст. Дар Туркманистон аз коронавирус ном намебаранд, вале дар корхонаҳои давлатӣ бо супориши президент Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ҳазориспанд дуд мекунанд, омадааст дар матлаби CNN.

CNN менависад, дар Тоҷикистон президент Эмомалӣ Раҳмон маъракаҳои серодам барпо кард. Расона менависад, дар ҳоле, ки Эрони гирифтор ба эпидемия таҷлили Наврӯзро маҳдуд кард, дар Тоҷикистон дар варзишгоҳи Хуҷанд ҷашни азиме бо ширкати мардуми зиёд баргузор шуд. Ҳамзамон, ба навиштаи муаллифон, тадбирҳои сабуке мисли қатъи парвозҳои байналмилалӣ, ки ба сарнавишти муҳоҷирон таъсир гузошт, андешида шуд.

Ҷашн бо вуҷуди тавсияи созмонҳои байналмилалӣ

Вебсайти таҳлилии Eurasianet дар матлабе бо номи “Тоҷикистон: Ҷашн дар вақти коронавирус” гуфтааст, раҳбарияти кишвар даъватҳои Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар бораи худдорӣ аз баргузор кардани маъракаҳои серодамро нодида гирифта, рӯзи 22-уми март дар Хуҷанд бо ширкати 12 ҳазор мактабиёну донишҷӯён иди Наврӯзро таҷлил кард. Муаллиф навиштааст: “Президент бовар дорад, ки кишвар аз пандемия осеб намебинад ва рӯзҳои истироҳатро бо хурсанд кардани мардум сипарӣ кард”.

Айни замон муаллиф бо такя ба гузоришҳои Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт гуфтааст, ки хадамоти тиббӣ ва омодагии касбии кормандони тиб дар Тоҷикистон камбудӣ дорад ва айни замон тавони муқобилаи кишвар бо пандемияи эҳтимолиро зери суол бурдааст.

Журналисти тоҷик Рамзия Мирзобекова ба Eurasianet гуфтааст, ки агар вирус ба Тоҷикистон роҳ ёбад, вазъ аз Итолиё ҳам бадтар мешавад. Ӯ гуфтааст, “агар Итолиё аз назари захираҳои инсониву фаннӣ камбуд эҳсос кунад, мо аслан чизе надорем”. Мирзобекова гуфтааст, “зоҳиран президент мехоҳад, нишон диҳад, ки ҳама чиз таҳти назорат аст. Вале мо ҳанӯз ҳам бояд баъзе тадбирҳоро биандешем, то фардо пушаймон нашавем”.

Зарба ба муҳоҷирон - зарба ба иқтисоди Тоҷикистон

Пажӯҳишгоҳи ҷанг ва сулҳ дар матлабе бо номи “Коронавирус: муҳоҷирони корӣ дучори бӯҳрон мешаванд” ба таъсири пандемия ба кору зиндагии миллионҳо корҷӯи вобаста ба Русия руҷӯъ кардааст. Таҳлилгарон ҳушдор додаанд, ки эҳтимоли рукуди иқтисоди Русия бар асари бӯҳрони коронавирус вуҷуд дорад ва ин рукуд ба иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсири манфӣ хоҳад расонд.

Вебсайт аз қавли таҳлилгар Денис Бердаков гуфтааст, ки карантин дар шаҳрҳои азими Русия бахусус барои Тоҷикистон ва Қирғизистон таъсири харобиовар хоҳад дошт, чун пулҳои интиқолии муҳоҷирон барои иқтисод ва вазъи иҷтимоӣ ва сиёсии ҳарду кишвар бисёр муҳим аст. Муҳоҷире аз Узбекистон ба ин вебсайт гуфтааст, ки агар пеш аз бӯҳрони коронавирус даромади моҳонааш тақрибан 600 доллар буд, ҳоло 190 доллар шудааст.

Вебсайти нашрияи “Московский комсомолетс» дар хабаре бо номи «Тахминан 300 муҳоҷирро аз фурудгоҳи Домодедово ронданд» гуфтааст, ки ин гурӯҳ мехост, ба ватан баргардад. Тахминан 200 нафари онҳо аз Тоҷикистон буданд. Ба навиштаи вебсайт, чанд нафар бо либоси расмӣ ба ин гурӯҳи муҳоҷирон гуфтанд, ки дар як ҷо ҷамъ оянд ва барои бурдани онҳо ҳавопаймо омода мешавад. Вале дар асл, ба навиштаи МК.РУ кормандони сохторҳои интизомӣ омада ҳамаро аз фурудгоҳ пеш карданд. “Онҳо намедонанд, ки ба куҷо раванд”, навиштааст нашрия.

Вале ду ҳунарманди олмонии гурӯҳи мусиқии “Трептов”, ки баъди барномаҳои ҳунарӣ дар Узбекистон моҳе пеш ба Тоҷикистон рафтаанд, бо сабаби қатъи парвозҳову бастани роҳҳои берунрафт аз Тоҷикистон, дар хонаи кормандони сафорати Олмон дар Душанбе меҳмон ҳастанд. Дар ин бора Дойче Велле дар матлабе бо номи “Бо сабаби коронавирус гурӯҳи роки олмонии Treptow дар Душанбе дармондааст” хабар додааст. Ба навиштаи вебсайт, мӯҳлати визаи Филипп Тауберт ва Лукас Линднер тамом шуда, онҳо рӯзи 30 апрел дар Олмон консерт доранд ва то ҳол ин барнома бекор нашудааст.

Коронавирус ва баскетболи тоҷик

Press Association 2020 матлаберо бо номи “Дар пасманзари хомӯшии ҷаҳонӣ баскетболи Тоҷикистон қудраташро намоиш медиҳад” нашр кардааст. Дар як гузорише дар вебсайти ин расона омадааст, дар дигар кишварҳои ҷаҳон бозиҳо мутаввақиф шудаанд ва ё баскетболбозони амрикоӣ талош мекунанд, фосила байни ҳамро нигаҳ доранд. Аммо тимҳои баскетболи Тоҷикистон ҳамчунон ба бозӣ идома медиҳанд. Дар ин мақола омадааст: “Дар ин ҷумҳурии кӯҳистонии Осиёи Марказӣ, ки яке аз 20 кишвари бидуни коронавирус мебошад, президенташ мегӯяд: “Тоза нигоҳ доштани хонаву риояи меъёрҳои санитарӣ яке аз беҳтарин хислатҳои мардуми мо аст”.

Рустами Эмомалӣ – аз Маҷлиси миллӣ ба курсии президентӣ?

Мавзӯи дигаре, ки ҳафтаи ахир матбуот ба он таваҷҷӯҳ кардааст, узви палатаи болоии порлумони Тоҷикистон шудани Рустами Эмомалӣ писари калонии президент Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Вебсайти «Независимая газета” дар матлабе бо номи “Писари президенти Тоҷикистон сенатор шуд” мегӯяд, “Барои Рустами Эмомалӣ курсии раҳбари давлатро омода мекунанд”.

Муаллиф Виктория Панфилова менависад, “интизор меравад дар фурсати наздик ӯ курсии раиси маҷлисро ишғол карда, дуюмин шахс дар ҷумҳурӣ ва баробар бо ин, ҷойгузини президенти Тоҷикистон шавад”. Айни замон ба навиштаи муаллиф, шояд раиси ҷумҳур раҳбарии кишварро ба писараш надиҳад. Александр Князев, як коршиноси масоили Осиёи Марказӣ ба нашрия гуфтааст, ки дар интихоботи президентии тирамоҳи имсол “пешбинӣ кардан мумкин аст, ки президент Эмомалӣ Раҳмон салоҳиятҳои худро тамдид мекунад”.

Ӯ гуфтааст, ки барои ба писари Раҳмон вогузор кардани қудрат ҳанӯз “омода нестанд». Ба андешаи ин таҳлилгар, “барои интиқоли пурраи қудрат худи Раҳмон ҳам шояд чандон майл надорад ва ба ин чиз элитаи сиёсии маҳаллӣ ҳам омода нест. “ Хулосаи таҳлилгар ин аст, ки мумкин аст, ба ҳамин васила дар Тоҷикистон роҳро барои ҳукумати хонаводагӣ боз кунанд.

Шарҳҳоро бинед (22)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG