Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имкони афви муҳоҷирон дар Русия баррасӣ мешавад. ВИДЕО


Ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон мегӯянд, дар сурати иҷро шудани пешниҳоди коршиносони Вазорати умури дохилии Русия садҳо муҳоҷири тоҷик имкони идомаи кору будубоши қонуниро дар он кишвар ба даст меоранд.

Гурӯҳе аз коршиносони Вазорати умури дохилии Русия ба мақомоти он кишвар пешниҳод кардаанд, ки муҳоҷирони ба истилоҳ ғайриқонуниро пурра афв кунанд. Хабаргузории РИА Новости ин ҳафта ба нақл аз манобеаш навишт, чунин пешниҳод бо назардошти вазъи фавқулода гирифта шуд.

Тибқи таҳлили коршиносон, ҳангоми пандемияи коронавируси нав аз 12 миллион хориҷӣ дар Русия танҳо дуним миллион нафар қонунӣ фаъолият доранд. Бо назардошти ин, коршиносони Вазорати корҳои дохилӣ тавсия додаанд, дар Русия афви муҳоҷироне, ки ҷиноят содир накардаанд, амалӣ гардад, то онҳо ба таври оммавӣ сабтином карда шаванд.

Иззат Амон, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия гуфт, ин ҳоло як пешниҳод аст, аммо бо таваҷҷуҳ ба он ки аз тарафи мақомоти давлатӣ ироа шудааст, имкони иҷро шуданаш хеле болост.

Мақомоти Русия мегӯянд, то як миллион аҳолии Тоҷикистон барои кору зиндагӣ дар он кишвар қарор доранд. Маълум нест, чӣ қадар аз онҳо қонунӣ ва чӣ қадари дигар ғайрирасмӣ кору зиндагӣ мекунанд.

Аммо Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, то ин дам тақрибан сесад ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон бо сабабҳои гуногун аз Русия ихроҷ карда шуда, аз ҳаққи вуруд ба он кишвар маҳруманд.

Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, муҳоҷирони тоҷик бештар ба сабаби мушкил дар ҳуҷҷатгузорӣ ва нақзи қоидаҳои будубош дар Русия ихроҷ мешаванд. Дар ин миён зиёданд муҳоҷироне, ки мегӯянд, бегуноҳ ва дастҷамъӣ аз Русия ихроҷ карда шудаанд.

Мақомоти Русия аксари муҳоҷиронро ба муҳлати аз се то панҷ сол аз ҳаққи вуруд маҳрум мекунанд. Баъзе аз онҳо мегӯянд, насупурдани пули телефон, риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва дигар қонуншиканиҳои хурд сабаб шудааст, ки дастгир ва сипас ихроҷ шаванд.

Дар ду ҳафтаи ахир мақомот тавассути парвозҳои чартерии ҳавопаймоҳо аз Маскав ба Душанбе даҳҳо нафареро оварданд, ки додгоҳҳои Русия қарори ихроҷашонро содир кардаанд ва онҳо дар боздоштгоҳҳо нигаҳдорӣ мешуданд.

Русия соли 2017 ба даҳҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷоза дода буд, ки санадҳояшонро қонунӣ кунанд.

Дар Русия имкони афви тамоми муҳоҷирони корӣ баррасӣ мешавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:27 0:00
XS
SM
MD
LG