Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трансгендери заншуда дар додгоҳ пирӯз шуд, аммо аз қасос метарсад


Виктория Берикхоҷаева, як зани хунсо ё дуҷинса дар Қазоқистон
Виктория Берикхоҷаева, як зани хунсо ё дуҷинса дар Қазоқистон

Бо ба даст овардани пирӯзи дар додгоҳ ва ҳабс шудани маъмури пешини Кумитаи Амнияти миллии Қазоқистон, ки аз рутба ҳам маҳрум шуд, фишору азият болойи зани трансгендер ё дуҷинса поён наёфт.

Виктория Берикхоҷаеваи сисола, ки дар яке аз зиндонҳои Алмаато нигоҳ дошта мешавад, акнун аз он ҳарос дорад, ки ҳамкорону дӯстони айбдоршаванда метавонанд аз ӯ қасос гиранд. Виктория хунсо ё дуҷинса аст ва моҳи июли соле пеш як майори Кумитаи амниятро дар таҷовуз ба номуси худ айбдор кард.

МАЙОР ЗИНДОНӢ ШУД, ВАЛЕ...

Талошу муборизаи Берикхоҷаева ва ҷузъиёти қазияи додгоҳии ӯ, ки як сол идома кард, таваҷҷӯҳи зиёди расонаҳоро ба вазъи сангини занони зиндонӣ дар ин ҷомеаи муҳофизакори хоси кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷалб намуд.

Виктория Берикхоҷаева, бо айби тамаъҷӯӣ ҳафт сол маҳкум ба зиндон шудааст. Ӯ мегӯяд, аз замони боздошташ дар соли 2017 мавриди озору азият ва таҳқир қарор дошт.

Берикхоҷаева зимни сӯҳбат дар бораи вазъи худ ва занони дигари маҳбус гуфт, “ман ҳеҷ гоҳ, ҳатто замоне, ки дар озодӣ будам, ба ин ҳад, таъқиб нашудаам."

Аз майори Кумитаи амнияти миллӣ, нафаре, ки дар таҷовузи Виктория Берикхоҷаева айбдор мешавад, ягон бор ном бурда нашудааст. Вазифаи ӯ дар Кумитаи анмият аз назорат ва мулоқот бо зиндониёне иборат буд, ки бо иттиҳоми ифротгароӣ маҳкум шудаанд. Гуфта мешавад, ин салоҳият ба ӯ имкон дода буд, озодона дар зиндони Жаугаштӣ равуо кунад. Виктория ҳам дар ҳамин зиндон нигаҳдорӣ мешуд.

Тобистони соли 2019 Берикхоҷаева бо як шикояти расмӣ ба додгоҳ муроҷиат карда, афсари рутбадори амниятро ба он айбдор кард, ки ӯро борҳо таҷовуз кардааст. Вакили дифои Виктория, Айман Умарова мегӯяд, Берикхоҷаева дар ин маврид "далелҳои қатъӣ" пешниҳод кард.

ВИКТОРИЯ АЗ ҲУКМ РОЗӢ НЕСТ

Афсари Кумитаи амният боздошт шуд ва моҳи октябри соли 2019 нисбаташ парвандаи ҷиноӣ боз гардид. Бо қарори додгоҳи ноҳияи Илеи Алмаато, аввали моҳи равон, маъмури собиқи амният ба панҷуним соли зиндон маҳкум шуд. Ӯ ҳамчунин аз рутбаи махсуси майори КДАМ маҳрум гашт.

Берикхоҷаева мегӯяд, ин ҳукми таъиншуда нисбати озордиҳандаи ӯ сабук аст. Вале маъмури пешини амният, ин иттиҳомро беасос ва қарори додгоҳро ноодилона мехонад. Эҳтимол дорад ӯ аз болои ҳукм шикоят барад.

Виктория ва вакили дифои ӯ ҳадс мезананд, ки онҳоро як "муборизаи шадиде" дар пеш аст, зеро имкон дорад, масъулини баландпояи наздик ба афсари собиқи амният, барои гурезондани ӯ аз ҷазо, талош мекунанд.

Айман Умарова, вакили Виктория, ки пайваста тавассути саҳфаи Фейсбукии худ ҷомеаро аз хабарҳо дар бораи ин қазияи пурсару садо огоҳ мекунад, иддао дорад, ки дар давоми як соли талошҳои зиёде анҷом шудааст, то ба зерҳимояи ӯ фишор оварда шавад ва ӯ аз даъвои худ даст кашад.

"ХОСТАНД ШАРМГОҲАМРО НИШОН ДИҲАМ"

Ақаллиятҳои ҷинсӣ дар кишварҳои собиқи Шӯравӣ, ки тақрибан 18 миллион аҳолӣ доранд, пайваста, мавриди озору азияти мардум қарор мегиранд. Берикхоҷаева мегӯяд, ҳанӯз аз рӯзи аввали ворид шудан ба зиндон, ӯ мавриди озори ҷинсӣ ва ҳамлаҳои лафзӣ қарор дошт.

Виктория дар сӯҳбат бо расонаҳои маҳаллӣ гуфтааст. “Кормандони маҳбас аз ман хостанд, либосамро кашам ва шармгоҳу синаҳоямро нишон диҳам. Онҳо аз ман иҷрои амалҳои шаҳвониро талаб карданд ва мехостанд барояшон иҷоза диҳам, ки ба бадани ман даст расонанд.”

Ба гуфтаи ин зани дуҷинса ё трансгендер, шикоятҳои қаблии ӯ дар ин бора, нодида гирифта шуданд, аз сӯйи дигари худи ӯ ҳам барои ҳимоят аз худ, қаблан далелҳои шайъи надошт.

Номи Виктория Берикхоҷаева ҳанӯз се соли пеш, вақте расонаӣ шуд, ки мақомот бо эълони ҳукми ӯ ҳайрон монданд, ки ӯро ба маҳбаси занона интиқол диҳанд ё мардона. То зиндонӣ шудан, ӯ чанд марҳилаи иваз кардани ҷинсро анҷом дода, расман худро зан муаррифӣ карда буд. Аммо бар асоси қонунҳои Қазоқистон ӯ ҳамоно мард дониста мешуд. Баъди баҳсу баррасиҳои зиёд ва дахолати мақомот, ӯро ба зиндони занона интиқол доданд. Баъдан ӯ гуфт, ин тасмим боиси нороҳатии маҳбусони дигар дар зиндон шуд.

Вале бо ҳамин ба масъалаи ҷинсияти ӯ нуқта гузошта шуд ва Берикхоҷаева шиносномаи нав гирифт, ки дар он ҷинси ӯ зан муайян шуд. Ӯ акнун расман номашро аз Каримҷон ба Виктория иваз кард. Вай барои талоши иҷборан гирифтани даҳҳо ҳазор доллар аз як шиносаш маҳкум ба зиндон шуд. Бо ин маблағ ӯ қасд доштааст ҷарроҳии пластикӣ кунад.

Ҳамин тавр сарнавишти Виктория дар зиндон ҳам мавриди таваҷҷӯҳи расонаҳо қарор дошт ва ӯ ҳам аз маҳбас бо хабарнигорон тамос мегирифту дар мавзӯъҳои мухталиф суҳбат мекард.

Дар як мусоҳибаи худ ӯ ба хабарнигорон дарди дил карда буд, ки баъди фаҳмидани зиндагии гузаштааш, дустписараш ӯро тарк кард. Ӯ ҳамчунин дар бораи як маъшуқааш нақл карда буд, ки сарватманду саховатманд буд ва барои оғози зиндагии Виктория дар як шаҳри шаҳри калон маблағи зиёд сарф карда буд.

Аммо дар мусоҳибаҳои худ бо хабарнигорон ӯ ҳамчунин аз хушунату озори худ дар маҳбас хабар медод ва зоҳиран роҳ ёфтани ин мавзуъ ба расонаҳо боис шуд, ки мақомот ҳам ба қазияи ӯ дахолат кунанд.

ТАБУИ ИҶТИМОӢ

Қурбониёни озори ҷинсӣ, аз тарси беобру шудани худ ва хонаводаҳояшон аксаран аз ин ҷиноятҳо ба мақомот ва расонаҳо хабар намедиҳанд. Вале акнун занони қазоқ, ҳарчи бештар дар ин бора садо баланд мекунанд.

Дар соли 2016 Наталя Слекишина чаҳор посбони зиндонро ба таҷовузи гурӯҳӣ дар боздоштгоҳи Алмаато айбдор кард. Дар мурофиаи додгоҳи ӯ гуфт, ягона зани қурбонии ин ҷинояти кормандони зиндон нест. Слекишина баъдан хабар дод, ки пас аз шикояташ дар бораи таҷовуз, ӯро дар маҳбас латукӯб ва таҳдид карданд.

Аз 4 нафари гумонбар дар таҷовузи Наталя, танҳо як корманди зиндон, айбдор дониста шуд ва маҳкум ба зиндон гашт.

Марианна Гурина, ҳомии ҳуқуқ ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфт, занон дар маҳбасҳои Қазоқистон "комилан беҳуқуқ" ва осебпазиранд. "Вақте, ки зан дар зиндон таҳқир ва таҷовуз мешавад, вай амалан ҳеҷ имкони шикоят бурдан ба мақомотро надорад" меафзояд Гурина.

Айман Умарова, ҳомии ҳуқуқ, ки аз ҳуқуқи Слекишина ва Берикхоҷаева ду қурбонии амалҳои шаҳвонӣ дар зиндони Қазоқистон ҳимоя кардааст, мегӯяд, зӯроварии ҷинсӣ, ин як навъи шиканҷа аст, ки набояд дар низоми зиндонҳо ҷой дошта бошад.

XS
SM
MD
LG