Заминларзаҳои батакрору ғайримуқаррарӣ дар ноҳияҳои Вахш ва Ҷалолиддини Балхӣ сокинони ин ноҳияҳоро тарсонд ва сабаб шуд, зилзилашиносони тоҷик барои таҳқиқ ба онҷо бираванд. Чанд нафар аз ин ноҳия ба Радиои Озодӣ тамос гирифта гуфтанд, ки зилзила шаби 25-уми апрел чанд бор ва пас аз даҳ дақиқаӣ такрор шудааст. Ба гуфтаи баъзе аз сокинон, онҳо аз тарс шабона муддате дар берун мондаанд.
Пажӯҳишгоҳи Геологии Амрико, ки заминларза дар бисёре аз гӯшаҳои ҷаҳонро сабт мекунад, дар 24 соати гузашта чаҳор заминларзаи бештар аз 4 дараҷаӣ дар вилояти Хатлон аз ҷумла ноҳияи Вахш ва Ҷалолиддини Балхиро сабт кардааст. Дар Маркази зилзиласанҷии Тоҷикистон рӯзи 25-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар воқеъ зилзилаҳои батакрор дар Хатлон сабт шудааст, вале маълумоти пажӯҳишгоҳи амрикоӣ метавонад, дақиқ набошад, зеро иттилоот аз истгоҳи зилзиласанҷии Шаҳритусро мегирад, ки 100 километр дуртар аз маҳалли заминларза дар Хатлон аст.
Ба гуфтаи мусоҳиби Радиои Озодӣ, “Заминларза дар Хатлон зоҳиран, аз ҳаракатҳои тектоникӣ дар зери замин нест, чун фақат дар минтақаи маҳдуд эҳсос мешавад.” Заминларзаҳо, ки асосан бар асари ҳаракати қабатҳои тектоникӣ дар зери замин ба вуҷуд меоянд, дар манотиқи васеъ ва то саду ҳазорон километр эҳсос мешаванд.
Барои ҳамин ба гуфтаи мусоҳиби Радиои Озодӣ, мутахассисони Маркази зилзиласанҷӣ ба Хатлон сафарбар шудаанд, то бо насби абзори зилзиласанҷӣ маълум кунанд, ки чаро замин дар онҷо меларзад. Ба қавли ӯ, камаш панҷ рӯз лозим аст, ки натиҷаҳои таҳқиқ маълум шавад.
Дар вилояти Хатлон бино ба гузориши вебсайти https://earthquaketrack.com/tj-02-orzu/recent, ки омори заминларзаҳо дар ҷаҳонро ҷамъ меорад, дар 30 рӯзи гузашта дар вилояти Хатлон замин 8 маротиба ларзидааст. Доир ба хисороти ҷиддие гузориш нарасидааст, ҳарчанд мақомот аз тарқишҳое дар бинои ду мактаб ва баъзе аз хонаҳои мардум, ки аксаран гилин ҳастанд, хабар додаанд.
Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ ва яке аз минтақаҳои зилзилахези ҷаҳон воқеъ аст ва солона замини он ҳазорон дафъа меҷунбад. Азбаски нерӯи заминларзаҳо баланд нестанд, аксаран эҳсос намешаванд.