Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду марги дигар дар ноҳияи Расулов. Интерфакс мегӯяд, "коронавирус ҳаст"


Даромадгоҳи ноҳияи Ҷаббор Расулов

Як вакили дифоъ ва як пизишки оилавӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов даргузаштаанд. Мақомоти расмӣ ҳанӯз дар бораи ин маргҳои мармуз шарҳе нашр накардаанд. Вале хабаргузории русии "Интерфакс" ба нақл аз манбаъҳои худ мегӯяд, коронавирус ба Тоҷикистон омадааст ва ҳукумат дар садади эълон кардани мавҷудияти он дар кишвар аст.

Субҳи 27-уми апрел вакили дифоъ Комилҷон Ибодуллозода (Солиев), ки чанде пеш аз шаҳри Душанбе баргашта буд, дар бемористони марказии ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд даргузашт. Ин ҷавони 39-сола, ба гуфтаи пизишкони бемористон аз илтиҳоби шуш ё пневмония фавтидааст.

Наздикони Ибодуллозода мегӯянд, вай бо таби баланд рӯзи 23-юми апрел бистарӣ шуд ва дар чаҳор рӯз вазъаш ба андозае сангин шуд, ки 27--уми апрел ҷон дод.

Ба ғайр аз онки Комилҷон Ибодуллозода чанде пеш аз Душанбе баргашта буд, ҷузъиёти дигари марбут ба ӯ ин аст, ки вай домоди пизишки шифохонаи ноҳия Ғиёсиддин Ҳабибов буд, аммо дар ҳоле ки падарарӯс ва дигар наздиконаш муддатест дар карантин ба сар мебаранд, вай зери назари табибон наафтод.

Аз даргузашти ин сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов дар ҳоле хабар мерасад, ки кормандони Радиои Озодӣ ба таҳқиқи хабарҳои фавти як пизишки ин ноҳия машғул буданд.

Бино ба хабарҳои расида, шаби гузашта табиби 68-сола, Набиҷон Отаев пас аз се рӯзи таб кардан дар манзили худаш даргузаштааст. Ин корманди пешинаи бемористони марказии ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд солҳои охир ба сифати духтури оилавӣ дар маркази тандурустии “Меҳргон” дар бинои рӯбарӯи беморхонаи марказӣ кор мекард ва бо пизишкони ноҳия тамос дошт.

Вай аввали ҳафтаи гузашта аз таби баланд ва бемадорӣ шикоят ва дар хона бо табобати худ машғул буда, бори охир рӯзи панҷшанбеи гузашта 23-юми апрел бо вуҷуди таби баланд ба коргоҳаш омад ва бо одамон дар тамос буд.

Бархе аз ҳамкоронаш даргузашти ӯро ба илтиҳоби шуш ё пневомония рабт медиҳанд, вале ҳамчунин мегӯянд, Набиҷон Отаев аз бемориҳои дил ва қанд низ ранҷ мекашид. Маъмурони интизомӣ ба ҷанозаи оммавӣ иҷоза надоданд ва дар он танҳо наздикони Отаев ширкат карданд.

Як манбаи наздик ба шахси фавтида ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамсари Набиҷон Отаев аз деҳаи Қурғонча буда, ба ин ҷо равуо доштааст ва муддатест дар карантин ба сар мебарад.

Номи ин деҳа пас аз марги мармузи сокини он Ҳабибуллоҳ Шодиев дар рӯзи 1 апрел расонаӣ шуд. Вазорати тандурустии Тоҷикистон расман эълом дошт, ки Шодиев аз пневмония фавтидааст. Пас аз даргузашти ӯ, ки ба камияш як манбаъ дар сохторҳои қудратӣ ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки барои ширкат ба тӯй ба Қирғизистон рафтааст, деҳаи Қурғонча дар ҷамоати Навбунёди ноҳияи Ҷаббор Расулов ба карантин гирифта шуд.

Рӯзи 10 апрел сокини дигари ин ноҳия, Ҳоҷимуҳаммад Тошеви 60-сола ба гуфтаи Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз "бемории ишемиявии дил, фишорбаландии дараҷаи 2, хатари 4" фавтид. Ин кас ҳамроҳ бо бародари Ҳабибуллоҳ Шодиев дар шуъбаи маорифи ноҳия кор мекард. Сабаби фавти ӯ дар ҳоле бемории дил номида шуд, ки як рӯз пеш аз он мақомти тандурустии вилояти Суғд бемории ӯро пневмония ё илтиҳоби шуш номиданд ва гуфтанд, ӯро бо дастгоҳи нафаси сунъӣ пайваст кардаанд.

Пас аз Тошев, дар рӯзи сешанбеи 21 апрел сокини ноҳияи Расулов Абдухалил Ҷӯрабоеви 56-сола фавтид, ки гуфта мешавад, дар ҷанозаи Ҳабибуллоҳ Шодиев ширкат дошт. Раёсати тандурустии вилояти Суғд бо тасдиқи ин хабар низ илтиҳоби шуш ё пневмонияро сабаби марги ӯ номид, ҳарчанд зикр шуд, ки Ҷӯрабоев ҳамчунин моҳи апрели соли 2019 барои гирифтани санги гурда ҷарроҳӣ шуда буд.

Дар ин пасманзар ва омода шудани даҳҳо бемористон барои қабули беморон хабаргузории русии "Интерфакс" ба нақл аз манбаъҳои худ мегӯяд, коронавирус ба Тоҷикистон омадааст ва ҳукумати ин кишвар омодагӣ мегирад, инро иқрор ва эълон кунад. То ҳоло ҳукумати Тоҷикистон мавҷудияти коронавирус ва бемории Ковид-19-ро дар қаламрави худ рад кардааст.Хабаргузорӣ манбаъи ин маълумотро ном набурдааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (25)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG