Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду зани тоҷик ҳангоми фирор аз паноҳгоҳе дар Сурия боздошт шудаанд


Занону кӯдакони тоҷик ҳангоми номнавис шудан дар паноҳгоҳи Ал-Ҳавл. Акс аз рӯзи 9-уми декабр
Занону кӯдакони тоҷик ҳангоми номнавис шудан дар паноҳгоҳи Ал-Ҳавл. Акс аз рӯзи 9-уми декабр

Ду зани тоҷик ҳамроҳ бо панҷ фарзанди ноболиғашон ҳангоми фирор аз паноҳгоҳи Ал-Ҳавли Сурия боздошт шудаанд.

Дар паноҳгоҳи Ал-Ҳавли Сурия беш аз 400 зану кӯдаки ҷангҷӯёни тоҷики созмони “Давлати исломӣ” нигаҳдорӣ мешаванд. Ин паноҳгоҳ пушида ҳаст ва аз сӯи низомиёни курд посбонӣ мешавад.

Як зани тоҷик бидуни зикри номаш рӯзи 20-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ин занҳо бо кӯдакони ноболиғашон се рӯз пеш фирор карда буданд.

"КАСЕ НАМЕДОНАД, ЧӢ ХЕЛ ГУРЕХТААНД"

Ба гуфтаи ӯ, ҳоло онҳо боздошт шудаанд ва дар боздоштгоҳи вилояти Ал-Ҳасакаи Сурия, ки зери назорати неруҳои худдифои курд қарор дорад, нигаҳдорӣ мешаванд.

Исми ин ду зан ба Радиои Озодӣ маълум аст, вале ба хотири ҳасосияти мавзуъ нашр намешаванд.

Хабари фирори ин ду занро як тан аз наздикони онҳо дар Тоҷикистон низ тасдиқ кард.

“Инҳо ба тарафи марзи Туркия рафтанӣ будаанд, ки дар қарибии Идлиб боздошт мешаванд. Аз паноҳгоҳ чӣ хел баромадаанд, касе намедонад. Ин ҷо сахт назорат мешавад. Мо намедонем, ки онҳо ба Туркия рафтанӣ буданд ё ҷойи дигар. Пештар, занҳо барои бозгашт ба Тоҷикистон кушиш мекарданд, ки то Туркия раванд”,--гуфт як тан аз занҳои тоҷик, ки дар паноҳгоҳи Ал-Ҳавл қарор дорад.

Шаҳбози Музаффар
Шаҳбози Музаффар

Бино ба иттилои дарёфтӣ як зани ҳангоми фирор боздоштшуда ҳамсари Шаҳбози Музаффар, ҷангҷӯи ДОИШ будааст, ки дар сафи ин созмони тундрав бо исми Абу Аюби Кӯлобӣ шинохта мешуд. Соли гузашта маълум шуда буд, ки Абу Аюбӣ Кӯлобӣ дар зиндони Африн, шаҳре дар наздикии марзи Туркия қарор дорад.

ВАЗЪИ ОНҲОРО СММ "ВАҲШАТНОК" ХОНДААСТ

Занони тоҷик дар паноҳгоҳи Ал-Ҳавл мегӯянд, шароит хеле бад аст ва ҳар нафаре имкони фирор пайдо кунад, аз он ҷо мегурезад. Ба гуфтаи онҳо, занону кӯдакон аз оби нӯшокӣ, маводи озуқа танқисӣ доранд ва дар зимистон хаймаҳояшон хеле сард аст.

“Ин ҷо миёнаравҳо пайдо шудаанд, ки ба занҳо мегӯянд, агар аз 4 то 6 ҳазор доллар диҳед, шуморо то Туркия мерасонем ва аз он ҷо ба ватанатон меравед. Чанд зан ба доми онҳо афтода фиреб хурданд. Шароити бисёр бад дорем. Баъзе дигар миллатҳо агар пул ёбанд, ё хешонашон равон кунанд, кушиш мекунанд, ки гурезанд”,--гуфт як зани дигаре аз паноҳгоҳи Ал-Ҳавли Сурия.

Лаҳзаи номнавис кардани занону кӯдакони тоҷик дар паноҳгоҳи Ал-Ҳавл
Лаҳзаи номнавис кардани занону кӯдакони тоҷик дар паноҳгоҳи Ал-Ҳавл

Шароити паноҳгоҳи Ал-Ҳавл дар Сурия, ки он ҷо 70 ҳазор зану кӯдак, аз ҷумла 10 ҳазор хориҷӣ нигаҳдорӣ мешавад, аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид низ “ваҳшатнок” хонда шудааст.

Ду зани тоҷик дар ҳоле аз паноҳгоҳи Ал-Ҳавл фирор карданд, ки мақомоти тоҷик аввали моҳи декабр ба он ҷо сафар карданд ва қисме аз занону кӯдаконро барои бозгардонидан ба ватан номнавис намуданд.

БАРОИ БОЗГАШТ БА ВАТАН НОМНАВИС ШУДААНД

Дар сафорати Тоҷикистон дар Кувайт ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки беш аз 200 зану кӯдаки тоҷик барои баргардонидан номнавис шудааст ва роҳҳои баргардонидани онҳо баррасӣ мешавад.

Занону кӯдакони тоҷик пас аз шикасти гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” солҳои 2017-2018 ба дасти размандагони курд асир афтоданд ва ҳоло дар урдӯгоҳҳои зери назари Созмони Милали Муттаҳид дар чанд шаҳри Сурия нигаҳдорӣ мешаванд. Размандагони курд аз неруҳои асосие ҳастанд, ки дар ҷанг ба зидди ДОИШ нақши муҳиме ифо кардаанд.

Гурӯҳи “Давлати исломӣ” соли 2014 қисмате аз ҳудудҳои Сурия ва Ироқро зери назорат гирифт ва он ҷоро “Хилофати исломӣ” эълон кард.

ТОҶИКОН ЧӢ ТАВР ТО CУРИЯ РАСИДАНД?

Ба ҳудуди ин хилофати худхонда бар асоси иттилои расмӣ беш аз ду ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон сафар кардаанд. Аксари онҳо аз тариқи Русия то Туркия ва баъдан ба Сурия ворид шудаанд. Ба гуфтаи коршиносон, бештари шаҳрвандоне ба доми таблиғгарони ин созмон афтоданд, ки саводи дурусти динӣ надоштанд, вале ё аз маҳдудиятҳои динӣ дар Тоҷикистон ва нақзи ҳуқуқи мазҳабиашон норозӣ буданд.

ДОИШ, ки аз ҷониби аксари кишварҳои дунё гуруҳи террористӣ эълон шудааст, сар аз соли 2016 қаламравҳои зери назораташро аз даст дод ва аввали соли 2019 аз шикасти комили он хабар доданд.

Ба дунболи озод кардани қаламравҳои Сурия ва Ироқ аз дасти ДОИШ садҳо зану кӯдаки тоҷик асир афтоданд. Ҳукумати Тоҷикистон ду сол пеш беш аз 80 кӯдакро аз Ироқ ба ватан овард. Додгоҳи Ироқ беш аз 40 зани тоҷикро бо гуноҳи ҳамкорӣ бо ДОИШ ба муҳлатҳои тӯлонӣ ба зиндон маҳкум кард. Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки талош доранд, бақияи занону кӯдакони дармонда дар урдӯгоҳҳои Сурияро низ баргардонанд.

XS
SM
MD
LG