Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сухангӯи СҶТ: Ҳадафи мо кумак ба Тоҷикистон аст, на фишор


Рамзи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ

Аз сафари ҳайати коршиносони Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ (СҶТ) ба Тоҷикистон чаҳор рӯз гузашт. Ин ҳайат, ки аз шоми 1-уми май дар Душанбе қарор дорад, бо вазъи беҳдоштии кишвар дар шароити пандемияи коронавирус аз наздик ошно мешавад. Галина Перфилева, раҳбари намояндагии СҶТ дар Тоҷикистон, 4-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, қарор аст, ҳайати коршиносон дар поёни арзёбиҳои худ нишасти матбуотӣ барпо кунанд.

Люба Негру, сухангӯи дафтари Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар Копенҳаген, шоми 4-уми май ба чанд суоли Радиои Озодӣ посух дод.

Радиои Озодӣ: Дар поёни рӯзи сеюми сафари ҳайати коршиносон муҳимтарин арзёбии онҳо аз вазъи Тоҷикистон чӣ аст?

Люба Негру: Ҳайат шоми ҷумъа, 1-уми май, ба Душанбе расид ва субҳи баъдӣ кори худро оғоз кард. Коршиносон вазъи Тоҷикистонро бодиққат мавриди санҷиш қарор додаанд ва ҳар як иттилои расидаро мӯшикофона арзёбӣ мекунанд. Тими мо барои арзёбии хатарҳо ва дарки вазъият дар кишвар бо мақомоти тандурустӣ ҳамкориро шурӯъ кардааст, то дар таҳияи механизмҳои муассири вокуниш мусоидат бикунад.

Радиои Озодӣ: Оё онҳо бо вазъи беморхонаҳо ва шароит дар он ҷо ошно шуданд?

Люба Негру: На, ҳанӯз ба ҳеч беморхона нарафтаанд. Аввал бо ҷамъоварии иттилоъ дар бораи сирояти беморӣ дар Тоҷикистон машғуланд, то иқдомҳои баъдии ҳайат, аз ҷумла маконҳои боздид маълум шавад.

Радиои Озодӣ: Оморе, ки то ҳол аз ҷониби ҳукумат нашр шудааст, то куҷо воқеӣ ҳаст?

Люба Негру: Мо ба мақомоти тандурустӣ, ки дар бораи ҳодисаҳои тасдиқшуда иттилоъ медиҳанд, такя мекунем. Бо шариконамон дар кишвар бовар дорем, вале ба ҳама иттилои пешниҳодшуда бодиққат муносибат мекунем.

Радиои Озодӣ: То куҷо мутахассисони СҶТ талош мекунанд ҳукуматро водор намоянд, ки тадбирҳое ба монанди маҳдудкунии иҷтимоӣ ва карантинро барои коргарону донишҷӯён ҷорӣ кунанд?

Люба Негру: Рисолати Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ пешбинӣ намекунад, ки ҳукуматро ба ҷорӣ кардани тадбирҳо, ба ҳар шакле набошад, водор намоем. СҶТ бар пояи мувофиқа кор мекунад, на зӯр ё маҷбур кардан. Созмон котиботи 194 кишвари узвро муттаҳид мекунад. Бар асоси муқаррароти байналмилалии беҳдоштӣ, мо аз қудрати муайян бархӯрдор ҳастем, ки ба мо аз ҷониби кишвари узв барои мушаххас кардани хуруҷи беморӣ ва нашри иттилоъ дар бораи он иҷоза медиҳад. Қудрате, ки мо дорем, аз роҳҳои илмиву бодалел намоиши амалкарди кишварҳои дигар ва намунаву таҷрибаҳои хубро имкон медиҳад. Фаротар аз он СҶТ қудрати водоркунӣ ва ё фишор болои кишварро надорад.

Радиои Озодӣ: Ҳоло муҳимтарин эҳтиёҷот кадом аст?

Люба Негру: Ин ҳамон чизест, ки ҳайат пеш аз ҳар чизи дигар мавриди омӯзиш қарор додааст. Ин арзёбӣ таҳқиқи хабарҳо, сӯҳбат бо мақомоти ҳама сатҳҳо, мутахассисони маҳаллии тиб, кормандони тиббии ҳама гуна маҳаллу гурӯҳҳо ва ҳам таҳлили ин ҳама иттилоъро дар бар мегирад. Ин кори муҳим аст ва бояд хеле мӯшикофона барпо шавад. Қазовати пешакӣ иштибоҳ хоҳад буд. Мо ҳатман дар бораи натиҷаҳои ин арзёбиҳо хабардор мекунем, вале ҳоло фурсати муносиб нест.

Радиои Озодӣ: Як саволи калидӣ марбут ба ёрии башардӯстона ба Тоҷикистон аст: оё СҶТ дар муқобила бо COVID-19 кумаки наве пешниҳод мекунад ва он чӣ гуна тақсим карда мешавад?

Люба Негру: Тоҷикистон бо СҶТ тавассути дафтари он дар Душанбе ва дар ҳамкорӣ бо СММ ва шарикони дигар ҳамкорӣ барпо кардааст. Ҳукумати Тоҷикистон СҶТ-ро ба чандин бахши марбут ба омодагиву вокуниш ба COVID-19 шомил кардааст. Инчунин ба коркарди Нақшаи омодагӣ ва вокуниши кишвар. Ҳукумат пайваста аз СҶТ иттилоъ дархост мекунад ва ёрии фаннӣ оид ба раҳнамоиву омӯзишро дарёфт мекунад.

Вижагиҳои зарфиятҳои озмоишгоҳӣ:

СҶТ дар чаҳорчӯби омодагӣ ба пандемияи зуком (грипп) бо Тоҷикистон дар заминаи назорат аз сироят ва вокуниш ба он ҳамкории тӯлонимуддат барпо кардааст. Тоҷикистон ба назорати минтақавиву ҷаҳонӣ аз болои зукоми мавсимӣ аз роҳи тақсими омор бо СҶТ ҳамкорӣ мекунад. Ин маълумот баъдан барои иттилоъ дар заминаи ваксинаи зидди гриппи мавсимӣ мусоидат мекунад. Азбаски COVID-19 дар натиҷаи вируси нави роҳҳои нафас пайдо шуд, зарфияти барои мубориза бо зуком ташкилшуда дар муқобила бо хуруҷи вирус ба кор меравад.

Тоҷикистон дар Барномаи СҶТ оид ба арзёбиҳои берунаи сифат (WHO External Quality Assessment Project) ҳам иштирок мекунад, ки барои зуком (грипп) пешбинӣ шудааст. (Айни ҳамин метод барои мушаххас кардани вируси ангезандаи COVID-19 бар асоси нишонаҳои вазъи роҳҳои нафас дар шахси гумонбари беморшуда ба кор бурда мешавад).

СҶТ дастурамали тарзи гирифтани нишонаҳо ва анҷоми PCR (Вокуниши Занҷираии Полимероз – методи биологияи молекулярӣ барои калон нишон додани ҷузъҳои кислотаи нуклеин – ДНК дар маводи биологӣ)-ро дар ихтиёри Тоҷикистон гузошт. Ин мавод дар озмоишгоҳҳои СҶТ барои COVID-19 сохта шудааст. Тоҷикистон реагенту бастаҳоеро дарёфт кард, ки дар озмоишгоҳҳои СҶТ дар Олмону Федератсияи Русия (Вектор) сохта шудаанд. Инчунин СҶТ як мутахассиси худро фиристод, ки дар озмоишгоҳи маҳаллии COVID-19 дар Душанбе омӯзиш дод.

Тоҷикистон ва бисёр кишварҳои дигар намунаҳои тестҳои эҳтимоли олудагӣ ба COVID-19-ро барои тасдиқ ба озмоишгоҳҳои СҶТ дод. То кунун озмоишгоҳи СҶТ тасдиқ кард,ки ҳама намунаҳои аз Тоҷикистон додашуда, манфӣ мебошанд.

Вижагиҳои омодагии беморхонаҳо:

Рӯзи 6-уми апрел Тоҷикистон баробар бо Арманистон, Гурҷистон, Қррғизистон, Черногория, Молдова ва Узбекистон ба феҳристи кишварҳое шомил шуд, ки аз ҷониби дафтари аврупоии СҶТ ҳамчун кумак ба маъмурияти беморхонаҳо дар вокуниши сареъ ҳангоми хуруҷи COVID-19 таҳия шудааст.

Радиои Озодӣ: То куҷо ёриҳои Шумо то ба муассисаҳои тиббӣ мерасанд? Бархе беморон мегӯянд, бояд то охирин танга пули муолиҷаро аз кисаи худ пардохт кунанд ва ҳатто ғизоро ҳам бояд хешовандон таъмин биоранд.

Люба Негру: Ҳадафи ҳайат омӯзиши гузоришҳо ва мусоидат дар муқобилаи беҳтар бо пайдоишу паҳншавии COVID-19 аст. Мақсади мо мулоқот бо мақомот ва коршиносони соҳаи беҳдошти ҷамъиятӣ ва дидан аз вазъи муассисаҳои тиббӣ ба хотири сӯҳбат бо кормандони тиб, беморон ва дигарон ба хотири ҳамкорӣ аст. Мо бояд вазъ ва хатарҳоро омӯхта, механизми вокуниш барои мубориза бо хуруҷи вирусро кор карда бароем.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (14)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG