Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ватан Абдураҳмонов: Хуб аст, ки одамон дар бораи коронавирус маълумоти кофӣ доранд. ВИДЕО


Ватан Абдураҳмонов, ҳуқуқдони тоҷик
Ватан Абдураҳмонов, ҳуқуқдони тоҷик
  • Масъулияти мақомоту мардум барои пешгирӣ аз бемории ҳамагири Ковид-19 чист?
  • Оё вазъи фавқулода ва "карантин" ҳаққи одамонро маҳдуд мекунад?
  • Кӣ бояд ба пизишкон ёрӣ кунад?
  • Кумакҳои давлат дар шароити коронавирус танҳо ба шаҳрвандони дохили кишвар рабт дорад ва ё онҳоеро низ дар бар мегирад, ки дар хориҷ ҳастанд?
  • Бо онҳое, ки вуҷуди коронавирусро пинҳон медоранд, чӣ хоҳад шуд?

Ба ин ва чанд суоли дигари Радиои Озодӣ дар бораи то куҷо мутобиқ будани қонунҳои кишвар барои пешгирӣ аз коронавирус ва муқобила бо пайомадҳои он вакили мудофеъ ва додраси собиқ Ватан Абдураҳмонов посух дод.

Ватан Абдураҳмонов: Ин беморӣ бисёр кишварҳоро фаро гирифтааст ва мо ҳам бояд чораҳои заруриро биандешем. Дар боби дувуми Конститутсия омадааст, ки давлат уҳдадор аст ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро ҳимоя кунад. Дар ҳамин боб гуфта мешавад, ки дар вақти эълони ҳолати фавқулода бояд ба қонун тағйиру иловаҳо ворид гардад. Шахсоне, ки барои мисол медонанд, беморанд ва дидаву дониста дигаронро сироят мекунанд, бояд ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шаванд.

Радиои Озодӣ: Тағйироте, ки дар қонун илова мешаванд, бояд муваққатӣ бошанд ва замонате ҳаст, ки ин ислоҳҳо доимӣ намегарданд?

Ватан Абдураҳмонов: Аз тарафи дигар доимӣ ҳам шаванд, ҳеч гап нест, вале қонунро ислоҳ кардан мумкин аст. Чунин қонун танҳо дар давраи хуруҷи Ковид-19 амал мекунад.

Радиои Озодӣ: Қонунгузории мавҷуда кадом ҳолатҳои ҳуқуқвайронкунӣ ё қонуншиканиҳоро дар ин маврид дар назар гирифтааст?

Ватан Абдураҳмонов: Ҳоло дар Кодекси ҷиноӣ дар бораи бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла СПИД гуфта шудааст, вале коронавирус бемории нав аст ва дар кишвар ҳам ҳолати фавқулода эълон нашудааст. Бинобар ин, махсус дар ин бора дар қонун чизе гуфта нашудааст. Агар дар кишвар ҳолати фавқулода эълон шавад, барои поймол нашудани ҳуқуқи баъзе аз одамон, мумкин аст, дар қонун тағйирот ворид кунанд. Ҳоло мо дида истодаем, ки давлат барои пешгирӣ марзҳоро баста ва онҳоеро, ки аз хориҷ омаданд, ба карантин фаро гирифт. Албатта, ба карантин маҷбурӣ фиристода истодаем ва ин ҳам як навъ вайрон кардани ҳуқуқи инсон аст, вале хуб аст, ки шахсони зери карантин вазъро мефаҳманд. Ҳодисаҳое ҳам ҳаст, ки мегӯянд, бархеҳо аз карантин гурехта ба хона мераванд, дар ин сурат чора дида намешавад, чун дар қонун барои ҷавобгарӣ кашидани онҳо чизи мушаххасе нест.

Ҳуқуқдони тоҷик: Онҳое, ки коронавирусро пинҳон медоранд, ҷавобгар мешаванд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:07:31 0:00

Радиои Озодӣ: Расонидани кумаки тиббӣ дар ин мавридҳоро қонун чӣ гуна муайян кардааст?

Ватан Абдураҳмонов: Ҳатман ёрии моддӣ ва тиббӣ бояд расонида шавад. Агар таҷрибаи дигар давлатҳоро бубинем, масалан Ҷопон, дар чунин вақтҳо ба ҳар як шаҳрванд маблағи муайян медиҳанд. Дар Русия ва дигар давлатҳо ҳам чунин аст. Фикр мекунам, ин ки мегӯем дар Тоҷикистон коронавирус нест, мумкин аст, мо хато карда истодаем. Дар ин вақт бояд давлат чора бинад, пеш аз ҳама ба шахсони камбизоат кумак расонад.

Радиои Озодӣ: Эҳтимол ҳаст, ки мақомот вуҷуди коронавирусро пинҳон кунанд ва агар чунин бошад, қонунгузорӣ чӣ чораҳоро пешбинӣ мекунад?

Ватан Абдураҳмонов: Агар пинҳон кунанд, бояд шахсони мансабдор ҳатман ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Ҳанӯз ин маълум нест, ки оё пинҳон карда истодаанд ё на, аммо ба фарқ аз дигар давлатҳо дар кишвари мо одамон озод гаштугузор доранд. Одамон дар ин бора аллакай маълумоти кофӣ доранд. ​

Радиои Озодӣ: Дар ҳамин ҳолатҳо масъулияти шаҳрвандон ва мақомот чӣ гуна таъин шудааст?

Ватан Абдураҳмонов: Масъулияти шаҳрвандон аз он иборат аст, ки худро эҳтиёт кунанд ва дар сурати эълон шудани ҳолати фавқулода ба қоидаҳо риоя кунанд, вагарна бояд муҷозот шаванд. Шахсони мансабдор ва масъул бояд тамоми чораҳои заруриро андешанд, то мардумро эҳтиёт кунанд.

Радиои Озодӣ: Гуфта мешавад, давлат бояд ҳам ба табибон ва бемористонҳо кумак кунад. Аз рӯйи шуниди мо ҳатто либосҳое, ки барои пешгирӣ аз коронавирус аст, ба пизишкони тоҷик дар ивази маблағ дода мешаванд. Дар ин бора чӣ назар доред?

Ватан Абдураҳмонов: Ҳар як давлат фонди эҳтиётӣ дорад. Тоҷикистон ҳам дорад. Маблағҳои ин фонд бояд дар чунин ҳолатҳо истифода бурда шавад. Дар ин вазъият мо бояд пеш аз ҳама духтуронро таъмин кунем ва ба ҳар чизе, ки барои табобати беморон ниёз доранд, бояд фароҳам оварем. Боз як бор аз Конститутсия мисол меорам, ки саломатии инсонҳо аз ҳама муҳим аст. Сиҳатии одамон дар дасти духтурон аст. Агар табибон бо лавозимоти зарурӣ таъмин набошанд, онҳо барои шаҳрвандон хатарнок мешаванд. Ҳаққи корашонро ҳам зиёд кардан зарур аст. Масалан, лоиҳае барои мубориза дар муқобили Ковид-19 пул медиҳад, ин пул мақсаднок аст ва ягон шахс ҳақ надорад онро бо ҳадафи дигаре истифода барад. Бонк ё ниҳоде, ки пулро дод, бояд назорат кунанд ва ҳисобот талаб намояд. Тарҳе, ки аз ҷониби ҳукуматҳо барои гирифтани кумак пешниҳод мешавад, мумкин аст камбудҳо дошта бошад, бинобар ин он бояд хуб санҷида шавад.

Радиои Озодӣ: Вазифаҳои давлат барои ҳимояти шаҳрвандон чӣ гуна муайян шудаанд?

Ватан Абдураҳмонов: Давлат бояд тамоми чораҳоро биандешад. Кафолат додаанд, ки шаҳрвандонро аз ҳама чиз, аз ҷумла бемориҳо ҳимоят мекунанд. Давлат уҳдадор аст шаҳрвандонро нигоҳубин кунад. На фақат шаҳрвандоне, ки дар дохиланд, балки онҳое ҳам, ки дар хориҷи кишваранд бояд таҳти ҳимояи давлат бошанд. Ҳоло бубинед дар Маскав, ки парвозҳо қатъ шудааст, муҳоҷирон чӣ ҳол доранд. Хайрият тоҷироне будаанд, ки кумак мерасонанд. Давлат ёрӣ накард. Онҳоро аз фурудгоҳ дар сардӣ берун карданд. Бояд сафорат онҳоро ҷамъ кунад, дастгирӣ кунад, ба раҳбарияти ҳукумат бирасонад, ки муҳоҷирон дар чунин вазъ қарор доранд. Ман чунин сафирро кайҳо мерондам, агар чорае надида бошад, ӯ дигар чӣ даркор аст. Бояд кор кунанд, муносибатҳои байнидавлатиро хуб ва шаҳрвандонро нигоҳ кунанд. Қариб якуним миллион шаҳрванди мо дар он ҷо аст.

Радиои Озодӣ: Гумон мекунед, ки дар ҷараёни ин ҳолат табъиз ё дискриминатсия аз рӯйи нишонаҳои синнусолӣ, ҷинсӣ, қавмӣ ё дигаре ба миён омада метавонад?

Ватан Абдураҳмонов: Дар ҳақиқат барои одамони калонсол мушкилтар мешавад. Эҳтимол мегӯянд, синну солу вақташ омадааст, вале дар қонун, дар Кодекси ҷиноӣ омадааст, ки агар ёрии тиббӣ расонида нашавад, бояд парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шавад. Эҳтимол чунин ҳолат ҳам шавад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG