Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши раҳбарони кишварҳои дунё ба пирӯзии Байден. Русия хомӯш аст


Мулоқоти Владимир Путин бо Ҷо Байден дар соли 2011 дар Русия
Мулоқоти Владимир Путин бо Ҷо Байден дар соли 2011 дар Русия

Дар ҳоле, ки муттаҳидони Амрико фавран аз пирӯзии Ҷо Байден ба ҳайси президенти ояндаи Амрико истиқбол карданд ва Олмон онро “як фасли тоза ва ҷолиб” дар робитаҳои кишварҳои фароатлантикӣ арзёбӣ кард, мақомоти Русия ҳанӯз хомушанд ва ҳеҷ вокунише ба пирӯзии номзади демократҳо накардаанд.

Муносибати сарди Кремл ба номзади 77-солаи пирӯз дар интихоботи ИМА ғайриинтизор нест.

Байден, ки рӯзи 7-уми ноябр барандаи сабқати президентӣ эълон шуд, интизор меравад, ки нисбат ба Кремл дар мавриди вазъи ҳуқуқи башар ва сиёсати хориҷӣ дар қиёс ба Доналд Трамп мавқеи шадидтар дошта бошад.

Президенти тозаинтихоб борҳо сиёсати Владимир Путин, президенти Русияро барои “иқдомҳои бад”, аз ҷумла дахолат ба сиёсати кишварҳои ҳамсоя ва дахолат дар интихоботи кишварҳои хориҷӣ танқид карда, ин кишварро ахиран “рақиб” унвон кард.

Байден дар як мусоҳиба бо нашрияи “New Yorker” дар соли 2014 гуфта буд, ки ӯ бо Путин зимни мулоқоти се сол пеш, вақте, ки ӯ талоши ИМА барои кӯмак ба Украинаро дар мубориза бо ҷудоихоҳони пуштибони Русия дар шарқи ин кишвар назорат мекард, бо лаҳни тунд сӯҳбат кардааст. Ӯ ба Путин гуфтааст, “фикр намекунам, ки шумо рӯҳ дошта бошед”.

Дар натиҷа Русия аз кишварҳои узви “Ҳаштгонаи бузург” барои дахолати низомӣ ба Украина ва ишғоли Қрим хориҷ шуд.

Аз тарафи дигар, Трамп даъвати Путин ба нишасти қудратҳои ҷаҳониро ба миён гузошта буд ва хеле кам Кремлро барои амалкардҳояш интиқод мекард.

Сабабҳои дигаре низ вуҷуд дорад, ки Кремл барои табрики Байден шитоб намекунад.

Президенти мунтахаб гуфтааст, ки мехоҳад муносибат бо кишварҳои фароатлантикиро беҳбуд бахшад, аз ҷумла созмони низомии НАТО-ро тақвият диҳад ва эътилофи низомии таҳти раҳбарии ИМА-ро барои ҷилавгирӣ аз таҷовузи Русия мутамарказ кунад.

Мухолифони Трамп мегӯянд, ки ӯ бо танқид аз НАТО ва кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла Олмон ва Фаронса муносибатҳоро хароб кардааст.

Баъзе мақомдорони собиқи Кохи Сафед дар давраи Трамп гуфтанд, тарс доранд, ки агар бори дуюм ӯ президенти ИМА шавад, эҳтимол Амрикоро аз узвияти НАТО, чун тӯҳфае ба Кремл, берун кунад.

Раҳбарони кишварҳои аврупоӣ пас аз эълони натиҷаҳои интихобот, ба истилоҳ, нафаси сабук кашиданд.

Ангела Меркел, садри аъзами Олмон гуфт, ки “ба ҳамкориҳои оянда бо президент Байден умедвор аст. Дӯстии фароатлантикии моро чизе дигар намекунад, агар мо барои ҳали мушкили замони худ канор оем”.

Меркел, ки нахустин садри аъзами зан дар Олмон аст, гуфт, ки аз интихоби Камола Ҳаррис, ҳамчун аввалин зан ба ҳайси ноиби президент дар Амрико истиқбол мекунад.

Питер Бейер, масъули ҳукумати Олмон барои равобит бо Амрико ва Канада ба хабаргузории Ройтерз гуфтааст, ки “мо як президенте дар ИМА хоҳем дошт, ки барои ҳамкорӣ бо Аврупо манфиатдор аст ва моро дар муқобили ҳам дидан намехоҳад”. Инро бисёриҳо ҳамчун ишорае ба сиёсатҳои ҷудоиандози Трамп қабул карданд.

Ҷенс Столтенберг, раҳбари эътилофи низомии НАТО низ дар Твиттераш навишт, ки “Ҷо Байденро ҳамчун ҷонибдори қавии Эътилоф мешиносам ва бесаброна интизори ҳамкории зич бо ӯ ҳастем. НАТО-и қавӣ барои Амрикои Шимолӣ ва Аврупо хуб аст”.

Раҳбарони Иттиҳоди Аврупо Чарлз Мишел ва Урсула фон дер Лейен аз интихоби Байден истиқбол карданд ва хостори равобити қавии фароатлантикӣ шуданд.

Эммануэл Макрон, дар Твиттер навишт, ки “амрикоиҳо президенти худро интихоб карданд”.

Ӯ Ҷо Байден ва Камола Ҳаррис, ноиби ӯро табрик кардааст ва даъват намудааст, ки “барои бартараф кардани мушкилоти зиёд якҷо кор кунем!”.

Борис Ҷонсон, сарвазири Бритониё, ки бисёриҳо ӯро дӯсти Трамп медонистанд, Байден ва Ҳаррисро бо “пирӯзии таърихӣ” табрик кардааст.

Ӯ гуфтааст, ки ИМА шарики муҳими Бритониё ҳаст ва “мо дар мавриди тағйирёбии иқлим, амният ва тиҷорат ҳамкории зич хоҳем кард”.

Дар Эрон Исҳоқ Ҷаҳонгирӣ, муовини аввали президент гуфт, ки ба тағйири сиёсатҳои ИМА пас аз пирӯзии Байден умед мебандад.

Муносибатҳои Эрону ИМА пас аз он сардтар гардид, ки Трамп Амрикоро аз созиши ҳастаии Эрон бо қудратҳои ҷаҳонӣ берун кард. Трамп таҳримҳои иқтисодиро дар давраи пандемия болои Эрон бештар намуд, ки ин таъсири ҷиддӣ ба иқтисоди ин кишвар расонд.

Байден гуфтааст, ки мушкил бо Эронро аз роҳи дипломатӣ ҳал карданист ва имкони бозгашти дубора бо созиши ҳастаӣ вучҷуд дорад. Дар замони созиши ҳастаии қудратҳои ҷаҳон бо Эрон дар соли 2015 ӯ муовини президент Барак Обама буд.

Байден инчунин аз раҳбари кунунӣ ва собиқи Ураина табрикот гирифт.

Ӯ дар солҳои 2009 то 2017, замони ноиби президенти Амрико буданаш шаш маротиба ба Украина сафар кардааст. Байден аз тарафдорони кӯмак ба Украина дар муқобили Русия ҳаст.

ИМА дар давраи кори ӯ ба Украина беш аз 1,5 миллиард доллар кӯмаки низомӣ ва миллиардҳо доллар кӯмаки молиявӣ кардааст.

Владимир Зеленский, президенти Украина дар Твиттер навишт, ки кишвараш ба “ояндаи шарикии стратегӣ бо ИМА хушбин аст”.

Муносибатҳои ИМА бо Ураина дар замони Трамп хароб шуда буд. Трамп аз Владимир Зеленский хоста буд, ки тиҷоратҳои писари Ҷо Байден дар Ураинаро тафтиш кунад. Ин сӯҳбат ошкор шуд ва боиси даъват ба импичменти Трамп шуда буд.

Вакилони Маҷлиси Намояндагони Амрико ба импичменти Тармп раъй дода буданд, вале сенати ИМА, ки аксари аъзояш ҷумҳурихоҳ аст, ӯро бегуноҳ донистанд.

Петр Порошенко, президенти собиқи Украина низ аз Ҷо Байден тавсиф кардааст.

Дар Тоҷикистон ҳанӯз ҳеҷ мақоми расмӣ ба пирӯзии Ҷо Байден вокуниш накардааст.

Бархе корбарони тоҷики шабакаҳои иҷтимоӣ аз пирӯзии Ҷо Байден изҳори хушҳолӣ кардаанд, вале бархеи дигар гуфтаанд, бо пирӯзии ӯ вазъи муҳоҷирони кории тоҷик бадтар хоҳад шуд.

Корбароне, ки аз пирӯзии ӯ хушҳол нестанд, навиштаанд, ӯ таҳримҳои болои Русияро бештар мекунад ва ин ба кисаи муҳоҷирони тоҷик зарба хоҳад зад.

Бархеи дигар гуфтаанд, Трамп муҳоҷиронро хуш надошт ва бо рафтани ӯ аз қудрат роҳи муҳоҷират ба Амрико бозтар хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG