Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъият дар беморхонаи вилоятии ВМКБ аз забони сокини маҳаллӣ


Шаҳри Хоруғ, пойтахти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ)
Шаҳри Хоруғ, пойтахти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ)

Нашрияи электронии Pamir Daily News рӯзи 18-уми май нақли як сокини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ)-ро дар бораи вазъи бемористони марказии ин вилоят мунташир намуд. Дар гузашта Радиои Озодӣ дар бораи вазъи бемористонҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар гузориш дода, аммо аз Хоруғ имконияти таҳияи чунин матлаб мавҷуд набуд, биноан бо ризоияти олиҳимматонаи нашрия, ин номаро бознашр мекунад.

Вазъият дар беморхонаи вилоятии ВМКБ

Шумори сироятёфтагон дар Хоруғ рӯз то рӯз меафзояд. Сокиноне ҳастанд, ки дар хона худро табобат мекунанд, барои аксари ҷавонон ин беморӣ ба таври беасар ҷараён мегирад, барои кӯдакон бе нишона, аммо насли нисбатан калонсол ва одамоне, ки мушкилоти саломатӣ, ба монанди бемориҳои фишорбаландӣ, қанд, дил ва фарбеҳӣ доранд, бемориро ба сахтӣ мебардоранд. Аз ин рӯ, онҳо ба муолиҷа дар бистари бемористон ниёз доранд. Беморхонаи вилоятии шаҳри Хоруғ имрӯз чӣ ҳол дорад ва он барои беморон қулай аст?

Ҳайати умумӣ

Шумораи умумии кормандони беморхона 231 нафар аст. Аз онҳо бевосита дар минтақаи беморони COVID-19 тахминан 19-70 нафар, дар шӯъбаи фаврӣ 22 нафар, дар шӯъбаи умумии терапевтӣ 10 нафар, дар утоқи қабул 19 нафар, дар зоишгоҳ (гуруҳи COVID) 15 нафар, Дар шӯъбаи "Ёрии таъҷилӣ" 20 нафар, дар кардиология ба таври умум 10 нафар кор мекунанд.

Онҳое, ки дар "Минтақаи Сурх" нестанд, аммо ба он дахл мекунанд, дар шӯъбаи чашм 10 кас, шӯъбаи бемориҳои саратонӣ 12 нафар, кормандони таваллудхона 8 нафар, кормандони ошхона ба сурати умум 15 нафар, инчунин кормандони одии беморхона 10 нафар ва кормандони полис дар даромадгоҳи 10 нафар мебошанд.

Кори бебаҳои кормандони тиб

Духтурони беморхона аз лаҳзаи овардани аввалин беморони коронавирус ба мубориза барои наҷоти онҳо пардохтанд. Онҳо дар як рӯз ба таври худфарсоӣ то 12 соат кор мекунанд. Инро хешовандони беморон ва худи онҳо қайд мекунанд. Пизишкон аз ҳеч чиз шикоят намекунанд. Бо вуҷуди маоши ночиз ва шароити бади беморхона, кормандони тиббии он ботамоми нерӯ кор мекунанд. Онҳо бо танаффуси дуҳафтаина кор мекунанд. Ҳукумат барои он кормандони тиббие, ки навбати худро иҷро карданд давраи истироҳат дар Гармчашмаро ташкил кард, то қувваашонро барқарор кунанд.

Мудирият нест

Дар беморхона ҳамоҳангӣ нест, шикоят мекунанд беморон. Ба назар чунин мерасад, ки ҳама барои худаш кор мекунанд. Дар беморхона ягон шароити одӣ мавҷуд нест ва ин ҳам барои беморон ва ҳам барои кормандони тиб мушкилот эҷод мекунад. Дар ин ҷо гармоба ё душ лозим аст, ҳаммом бояд кор кунад, ягон дезинфексия нест. Мудири хоҷагӣ ҳамморо аз худ кардааст ва ҳоло мардум дар он ҷо пул дода, шустушӯ мекунанд. Мудири хуб ва сардухтур кайҳо метавонистанд, дар ин ҷо одитарин шгароитро ба вуҷуд оранд. Барони намуна, як бинои бутуни дегхона холист. Дар он ҷо мешавад гӯшаи истироҳати кормандонро сохт. Мешавад дар ҳаммом як буғхона сохт. Барои кормандон бояд фароғат ташкил кард, барои истироҳати кутоҳ, як пиёлаи чойи гиёҳӣ, мусиқӣ. Бегоҳиҳо, вақте ки посбонон навбатдорӣ мекунанд, табибон метавонанд дам гиранд.

Аз ошхона ҳоҷати гап нест. Дар тамоми бемористон як тобадон (плита) ҳаст, ошпазхона одитарин шароитро надорад. Барои ҳамин соҳибкорони шаҳр барои ошхонаи беморхона оташдонҳо, бухориҳои барқӣ ва чизҳои зиёде барои ошхона хариданд.

Парасторони осебпазир

Кормандони ёрирасони беморхона бисёр азоб мекашанд, зеро онҳо бо кори аз ҳама сиёҳ машғуланд. Онҳо маҷбуранд, ки либосҳои олудашудаи кормандони тиббиро бо дастони худ шӯянд. Шукр, ки соҳибкорон барояшон мошинҳои ҷомашӯӣ хариданд. Санитаркаҳо бисёр кор мекунанд, пули ночизе мегиранд. Онҳо либоси муҳофизатӣ надоштанд, аксар вақт дастпӯшҳояшон медарид. Онҳо ба дастгирии махсус ниёз доранд. Агар пештар беморон як қисми хӯрокро, ки хешовандонашон меоварданд, ба онҳо медоданд ва онҳо ин ғизоро барои фарзандонашон мебурданд, ҳоло ин тавр нест. Хӯрокеро, ки ба минтақаи сироят дохил мешавад, баровардан мумкин нест.

Заррина Наврӯз, сокини шаҳри Хоруғ.
Хонандаи сайти Помир Daily

XS
SM
MD
LG