Вазорати нақлиёти Тоҷикистон иҷозаи ҳаракати наздики сад мошини борбар аз марзи Чин ба Душанберо дод. Ин мошинҳои борбар рӯзи 2-уми май барои интиқоли аз меъёр зиёди бор ҳангоми убури марзи Чин бо Тоҷикистон, боздошт шуда буданд.
Масъулони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон гуфтанд, ки мошинҳои боркаш аз ҳаҷми пешбинишудабештар бор интиқол додаанд, ки хилоф ба меъёрҳои роҳҳои Тоҷикистон аст. Ба гуфтаи Вазорат, дар роҳҳои Тоҷикистон ҳаракати мошинҳо бо 40 тонна бор иҷозат аст, "вале дар аксар маврид ронандаҳо ин меъёрро нақз мекунанд".
Гардиши савдо миёни Тоҷикистону Чин солона ба ҳисоби миёна 800 миллион долларро ташкил медиҳад. Чин яке аз шарикони калидӣ дар иқтисоди Тоҷикистон дониста мешавад.
Ронандаҳои тоҷик, ки беш аз як ҳафта дар минтақаи Тохтамиши Мурғоб банд буданд, рӯзи 10-уми май ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки бегоҳи рӯзи гузашта ба онҳо иҷозаи ҳаракат доданд. Рашид Қурбонов, як тан аз ин ронандаҳо дар сӯҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, пас аз нашри хабари банд монданашон дар Радиои Озодӣ, Вазорати нақлиёт онҳоро иҷозаи ҳаракат аз ин минтақаи хатарнокро дод.
"Гуфтанд, ки барои аз меъёр зиёд бор овардан ҷазо мегиред, вале ҳоло аз ин минтақаи хатарнок ба ҷойи амнтар ҳаракат кунед. Ҳоло маълум нест, ки моро боз дар куҷо медоранд, вале бо ҳамон миқдори борҳо ҳаракат дорем" -гуфт, ин ронанда.
Вазорати нақлиёт рӯзи 8-уми май гуфта буд, ки ин мошинҳо аз 50 то 55 тонна вазн доранд ва дар сурати боин вазн ҳаракат карданашон ба роҳу пулҳо осеб мерасонанд. “Аксар мошинҳои боркаш аз 50 то 80 тонна бор ворид мекунанд, ки боис ба вайрон шудани роҳҳо мегардад. Бахусус, пулҳо корношоям мешаванд, ки бардоштани аз 30 то 40 тонна борро доранду бас. Ҷанҷоли вазорат бо ширкатҳои боркашонӣ доим сариин масъала ҳаст",- афзуд як ҳамсӯҳбати мо аз ин Вазорат.
Ронандаҳои мошини боркаш гуфта буданд, ки қаблан дар ин минтақа ба чунин як мушкиле дучор нашуда буданд. Онҳо шикоят карданд, ки дар ин минтақаи сарди баландкӯҳ, ки нафаскашӣ душвор аст, маблағу захираи хӯрокашон тамом шудааст ва аз гуруснагӣ ранҷ мебаранд.
Ронандаҳои дармонда дар ин масир мегӯянд, 4 ҳазор сомонӣ маош мегиранд ва моҳе як бор аз Чин баТоҷикистон бор интиқол медиҳанд. Тасмими чанд тонна бор интиқол додани онҳоро аксаран ширкатҳои нақлиётӣ мегиранд.
Намояндаҳои ширкатҳои нақлиётӣ ин мавзуъро шарҳ надоданд. Вале ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ дар Вазорати нақлиёт гуфтанд, бар асоси иттилое, ки дастрас шудааст, аз Чин то марзи Тоҷикистон молу маҳсулотро бо се мошин меоранд, вале пеш аз ворид шудан ба кишвар онро ба як мошин бор мекунанд: “Дар Чин иҷоза намедиҳанд, вале ширкатҳои боркашонӣ ба дунболи манфиати худхаробшавии роҳҳоро сарфи назар карда, бо як мошин ва ҳаҷми зиёд ворид мешаванд.”
Роҳе, ки ҳоло мошинҳои боркаш дармонда буданд, ягона роҳи воридоти молу маҳсулот аз Чин ба Тоҷикистон аст. Аз марзи Чин то Душанбе беш аз ҳазор километр роҳ аст, ки аксари қитъаҳои он душворгузар аст.
Гардиши савдо миёни Тоҷикистону Чин солона ба ҳисоби миёна 800 миллион долларро ташкил медиҳад. Чин яке аз шарикони калидии Тоҷикистон дониста мешавад.